mt3.org

Хабарҳо

Бо як назари сатҳи ба вазъи умумии фаъолияти гуруҳҳои ифротӣ ва пуштибони пайдо намудани онҳо аз чониби қудратҳои мухталиф метавон ба чунин хулоса расид, ки сарпарастони террору даҳшатафкани метавонанд дар натиҷаи ноором сохтани дилхоҳ кишвар ба манофеи зер бирасанд: заминаи мусоиди истеҳсолу коркарди маводи нашъаовар, пайдо намудани мизоҷ ба аслиҳаву яроқ ва дигар лавозимоти ҷанги, ба даст овардани боигарӣ ва захираҳои зеризаминии ин ё он мамолики бо терроризм дар ҳоли бархурд қарордошта, зиёд намудани қувваи корӣ аз ҳисоби муҳоҷирони иҷборӣ ва билохира ниёзманд гардонидани ин ё он кишвар ба дастгириву кумак.

Аммо такдири афротгароёну нафарони бо роххои фанду фиреб шомили чунин созмонхои тундгарошуда чи мешавад? Пасух ба хамагон якин аст. Такдири чангиёни гуруххои террористи билохира курбон шудан аст. Дар ин сурат террористонро метавон яроки зинда ё худ аслихаи чангии гуруххои манфиатхох ном бурд. Агар зери фаъолияти гуруххои эксремисти барои ташкилкунандагон ва сарпарастону хочагони он чунин манфиатхо ба даст ояд, пас тахмин меравад, ки мутаассифона чунин куввахо аз фаъолияти ноадолатонаи гуруххои террористи харгиз даст кашидани нестанд. Вале агар чунин идома ёбад, пас дар чанд соли оянда амнияи чахон зери хатар карор гирифта, зухуроти терроризм махвнашаванда боки хохад монд. Хамин аст, ки Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз чумла таъкид намуданд, ки; «Солхои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобали табдил ёфта, чахони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши чиноятхои хусусияти экстремисти ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилали, фаъолшавии унсурхои тундраву ифротгаро, чалби чавонон ба сафи созмонхои экстремистиву террористи ва иштироки онхо дар низоъхои мусаллахонаи давлатхои хоричи мусоидат менамояд. Хамаи мо шохидем, ки дар чахон чи вокеахо хаст. Дар мубориза алайхи терроризм ва эксремизм бояд аз сиёсати духура даст кашид. Бо ин вабои аср бози кардан лозим нест». Вокеан хам гумон меравад, имрузхо куввахову абаркудратоне, ки аз фаъолияти вахшиёнаи гуруххои террористи манфиат мебаранд, шояд хатар ва тахдиди ин вабои замонро содда ва кучак эхсос намуда, бо он дар холи бози карор гирифтаанд. Аммо сохибназарон бар онанд, ки тибки тачрибахо дар оянда таъсири аз хама зиёди паёмадхои экстремизму терроризм махз ба моликону сарпарстони онхо хохад расид.

Номвар Мухиддиновармутахассиси шуъбаи маорифи нохияи Зафаробод

 

Имрӯз бо дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Зафаробод аъзоёни гуруҳи ташвиқотӣ аз тарафи кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши ҷавонон ва варзиш, ҲХДТ дар ноҳия ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва кормандони Маркази тарзи хаёти солим  дар бозори «Бадахшон» ва кучаву мағозаҳои тиҷоратии Ҷамоати шаҳраки Зафаробод оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) варақаҳо тақсим намуда, корҳои ташвиқотӣ гузарониданд. Дар рафти корҳои иҷрошуда аз тарафи гуруҳи ташвиқотӣ ба мардум оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятӣ ва бо лиқоб дар кӯчаҳо гаштугузор кардан фаҳмонида дода шуд.

 

 

«Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар ғамхору меҳрубон бошем. Дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин дастгири якдигар гардида, дар он ҳолат метавонем ҳар гуна бемориҳои сироятиро бартараф намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯзҳо дар аксари кишварҳои олам бемории сироятии коронавирус COVID-19 доман паҳн намуда, мардуми сайёра аз ин беморӣ ба таҳлуқаву тарс анфотаанд. Бояд қайд, кард, ки дар гузашта инсоният ба якчанд офатҳову балоҳо дучор гардида, бо таҳаммулпазирӣ, кордонӣ, сарчамъиву якдилии худ паси сар намудааст. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки тибқи маълумотҳои табибон ин беморӣ низ аз оилаҳои бемориҳои сироятӣ аз қабили зуком, язваи сибир, зукоми паранда буда инсоният метавонад онро бо риояи тозагии шахсӣ ва риоя ба тавсияҳои дурусти пешгирӣ онро пасисар намояд.

Яъне имрӯз аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки пеш аз ҳама ба саломатии худ бетараф набуда кушиш намоем, ки бо иҷрои қоидаҳои тарзи ҳаёти солим табиби саломатии хуб гардем. Зеро бузурге фармудааст: «Ҳар як инсон табиби саломатии хуб буда метавонад саломатии худро пеш аз ҳама аз ҳар гуна бемориҳо ҳифз намояд».

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони манфиатпарасту хоинони миллат овозаву садоҳои бардуруғ паҳн гардидааст, ки гуё вабои аср бошаду тамоми инсониятро аз байн мебурда бошад. Бояд қайд намоям, ки ин тоифа инсонҳо худ ғумоли дигарон буда аз баҳри пулу молу сарвар, ки хаёти хешро бе бойгари тасаввур намекунанд ва инсонгариву накукориро фаромуш кардаанд чунин амалҳои зиштро сармашқи кори худ кардаанд.

Аз ин лиҳоз аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки бо ташаббускориву сарварӣ, муттаҳидиву сарҷамъӣ, ғамхоруиву меҳрубонӣ метавонем ба ин тоифа инсонҳо мубориза барем ва танҳо дар ин вақт метавонем ҳар гуна душвориву вазниниро паси сар намоем. Зеро асосгузори илми тиб, падари тибби ҷаҳонӣ А.И.Сино дар китоби бузурги илми тибби хуб қайд намудааст, ки:

«Воҳима худаш ними касали аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ, сабр бошад саршавии шифо аст».

Ҳамдиёрони азиз ман аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҳеҷ гоҳ ба тарсу ваҳм, воҳимаву таҳлуқа наафтода кушиш намоед, к ибо риояи тавсияҳои дода духтурон дар хона байни хонаводаи худ шуда хуш ва алҳи оилаатонро аз ин бемории сироятӣ ҳифз намоед. Зеро Шумо ба давлату Ҳукумати кишвар азизу меҳрубонед ва мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо Сарварии Пешвои муаззами миллат ин бемориро низ паси сар менамоем.

Боймуродов Фирдавс - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 

Оғози фаъолияти бозорҳо ва нуқтаҳои савдо дар ноҳияи Зафаробод

То имрўз дар ноҳияи Зафаробод тадбирҳои зарурӣ бо мақсади амалигардонии супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми чораҳо андешида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) Амри раиси ноҳия аз 3.04.2020, таҳти №11 ба тавсиб расида, ҳайати ситод ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ карда шуда, ба аъзои Ситод ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастрас карда шуд.

Тибқи нақша чорабиниҳо ҳамарӯза машварати кории Ситоди ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси Ситоди ноҳиявӣ, раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ баргузор гардида, фаъолияти рӯзонаи Ситоди ноҳиявӣ баррасӣ карда мешавад.

Тибқи маълумотҳои соҳаи тандурустӣ ва Ситоди ноҳиявӣ имрӯз дар қаламрави ноҳия бемории сироятӣ кам гардида, аз тарафи аъзои Ситоди ноҳиявӣ бозорҳои «Бадахшон», «Дустӣ» ва нуқтаҳои савдо дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолият оғоз намуданд. Пеш аз оғози савдо аз тарафи аъзоёни Ситоди ноҳиявӣ муовини раиси ноҳия Заррина Абдуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Боймуродов Фирдавс, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Ризоев Сангинмурод, мудири бахши иқтисод ва савдо Розиқов Фаррух ба соҳибкорони бозорҳои «Бадахшон» ва «Дустӣ» корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии пахншавии бемории сироятии коронавирус (COVIL-19) гузаронида шуд.

Муллоев Н.-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар