Хабарҳо
26 Июнь 2020
Дар Ҷамоати деҳоти Равшан аз тарафи гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кормандони муассисаи давлатии назорати санитарии эпидемиологии ноҳия, муассисаи давлатии маркази ноҳиявии дезинфексияи профилактики ноҳия ва омӯзгорони МТМУ №16 ва МТМУ №6 дар кӯча ва хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Ҳаёти нав ва Гулистон чорабинии безараргардонӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии пайдоиши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) гузаронида шуд.




Ҳамдиёрони азиз!
Дар «Бозори Бадахшон»-и Ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо иштироки кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба пешгирии пайдоиши бемории сироятии коронавирус (


Санаи 24-уми июни соли 2020 дар Қасри фарҳанги ноҳия озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи аз худ кардани осори адабиёти классикии тоҷик оғоз гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Тибқи нақша ҷадвали баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 24-уми июни соли 2020 оғоз гардида, санаи 27-уми июни соли 2020 ба итмом мерасад. 





