mt3.org

 

Ҳамдиёрони азиз !!!

Дар саросари ҷаҳон бемории сироятии коронавирус (COVID-19) паҳн гардид, ки имрӯз мардуми сайёра бо мақсади пешгирии он дастаҷамъона мубориза бурда, ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар гузашта низ ба якзумра офатҳои замона дучор гардида, бо таҳаммулпазирӣ ва кордонии хеш онҳоро паси сар намудааст. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат фармудаанд: «Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар щамхору меҳрубон бошем. Дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин дастгири якдигар гардида, дар он ҳолат метавонем ҳар гуна бемориҳои сироятиро бартараф намоем».

Аз ин лиҳоз аз ҳар яки Шумо сокинони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, тариқи дастфишурӣ салом накардан, шустани пайвастаи дастҳо бо собун, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, дар ҳолати пурсабрию хотирҷамъӣ ба тарсу ҳарос ва таҳлука наафтода, худ ва пайвандонро аз бемориҳои сироятӣ хосатан аз бемории коронавирус (COVID-19) ҳифз намоед.

Зеро бузурге фармудааст:

Воҳима худаш нисфи касали аст, хотирҷамъӣ нисфи саломатӣ, сабр бошад саршавии шифо аст.


Дар ҳолати зарурӣ метавонед ба телефонҳои боварии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод занг занед: (83452) 5-22-44, (83452) 5-25-24

Ҳамеша тансиҳату хотирҷамъ дар хона бимонед, то ин бемори ба Шумову наздиконатон зараре нарасонад.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд