mt3.org

 

Оғози фаъолияти бозорҳо ва нуқтаҳои савдо дар ноҳияи Зафаробод

То имрўз дар ноҳияи Зафаробод тадбирҳои зарурӣ бо мақсади амалигардонии супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми чораҳо андешида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) Амри раиси ноҳия аз 3.04.2020, таҳти №11 ба тавсиб расида, ҳайати ситод ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ карда шуда, ба аъзои Ситод ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастрас карда шуд.

Тибқи нақша чорабиниҳо ҳамарӯза машварати кории Ситоди ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси Ситоди ноҳиявӣ, раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ баргузор гардида, фаъолияти рӯзонаи Ситоди ноҳиявӣ баррасӣ карда мешавад.

Тибқи маълумотҳои соҳаи тандурустӣ ва Ситоди ноҳиявӣ имрӯз дар қаламрави ноҳия бемории сироятӣ кам гардида, аз тарафи аъзои Ситоди ноҳиявӣ бозорҳои «Бадахшон», «Дустӣ» ва нуқтаҳои савдо дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолият оғоз намуданд. Пеш аз оғози савдо аз тарафи аъзоёни Ситоди ноҳиявӣ муовини раиси ноҳия Заррина Абдуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Боймуродов Фирдавс, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Ризоев Сангинмурод, мудири бахши иқтисод ва савдо Розиқов Фаррух ба соҳибкорони бозорҳои «Бадахшон» ва «Дустӣ» корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии пахншавии бемории сироятии коронавирус (COVIL-19) гузаронида шуд.

Муллоев Н.-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд