mt3.org

Ноҳияи Зафаробод дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардида, аз шимол бо ноҳияи Ховос, аз ҷануб бо ноҳияи Янгиобод, аз ғарб бо ноҳияи Зомини Ҷумҳурии ӯзбекистон, аз шарқ бо ноҳияҳои Спитамен ва Ғончии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати ноҳия 441 километри мураббаъ буда, мутаносибан 1,69 фоизи масоҳати вилояти Суғдро ишғол менамояд. Шумораи аҳолии ноҳия, ба санаи 1-уми январи соли 2018-ум 72318 нафарро ташкил додааст. Зичии миёнаи ҷойгиршавии аҳолӣ дар ноҳияи Зафаробод дар 1 километри мураббаъ 164 нафар мебошад.

Ноҳияи Зафаробод дар водии Фарғона ҷойгир буда, ба он бештар бодҳои аз ҷониби шимолу ғарб вазанда таъсир мерасонанд. Иқлими ноҳия хушк буда (ҳарорати максималӣ аз ӯ30 то ӯ40 дараҷа ва ҳарорати минималӣ дар фасли сармо  аз -10 то -15 дараҷа), зимистонаш се моҳ тўл мекашад. Боришот дар ҳудуди ноҳия кам буда, ин омил барои кишту кор мусоидат менамояд. Беҳтарин мавсими кишт тирамоҳу баҳор ба ҳисоб меравад. Иқлими ноҳия барои парвариши парранда ва чорводорӣ мувофиқ мебошад. Инчунин барои дар фасли сармо ташкил намудани гармхонаҳо, имконияту шароитҳо мавҷуд аст.

Масофа аз маркази ноҳия то маркази  вилоят 94 км ва то маркази ҷумҳурӣ 350 км мебошад.

Аҳолии ноҳияро асосан намояндагони тоҷикон ташкил намуда,  намояндагони дигар миллатҳо низ дар он сукунат доранд.

Ноҳия аз 5 ҷамоат иборат мебошад.

1. Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ.

2.Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод.

3. Ҷамоати шаҳраки Зафаробод.

4. Ҷамоати шаҳраки  Ҳ.Алиев.

5. Ҷамоати деҳоти  Равшан.

Ноҳияи Зафаробод бо маркази маъмуриаш шаҳраки Зафаробод, бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1965 таъсис дода шудааст. Қабл аз он, бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии ӯзбекистон аз 23 апрели соли 1959, як қисми биёбони Мирзочӯл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо майдони 50,5 ҳазор гектар дода шуд ва 1 июни ҳамон сол бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи қабули 50,5 ҳазор гектар (дар асл 44 ҳазор гектар) биёбони Мирзочӯл қарори дахлдор қабул гардид ва мавзеи мазкур ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд.

Давоми солҳои азхудкунии Мирзочўл (соҳои 1959-1991) бештар аз 478 ҳазор метри мураббаъ манзилгоҳҳо ва дигар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ва фарҳангию маишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Зиёда аз 36 ҳазор гектар заминҳо азхуд гардиданд, 8 шаҳракҳои замонавии дорои ҳамаи шароити зиндагӣ, 18 деҳаҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин, ки онҳоро 5 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муттаҳид месозанд, 580 километр хатҳои коллекторӣ-дренаҷӣ, 213 километр шабакаҳои обёрии байни хоҷагӣ, 673 километр шабакаҳои дохили хоҷагӣ, садҳо километр роҳҳои автомобилгард, зиёда аз 300 километр хатҳои барқ ва 205 километр хатҳои гази табиӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Ибтидои солҳои панҷоҳуми қарни гузашта, давлати абарқудрати Шӯравӣ ба мақсади таъмини корхонаҳои саноати сабуки мамлакат бо ашёи хоми пурқиммат-пахта барномаи доманадори азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Мирзочӯлро оғоз намуд. Қабл аз ҳама, ҳалли проблемаи бо оби полезӣ таъмин намудани ин дашти фарохдоман дар миён меистод. Олимону мутахассисони варзида, сохтмони обанборро дар рӯдхонаи дарёи Сир, аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Хуҷанду Конибодоми вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод, мувофиқ донистанд. Миёнаҳои солҳои панҷоҳуми қарни гузашта, обанбори Қайроққум бо масоҳати 513 километри мураббаъ ва бо ғунҷоиши захираи оби солонаи – 4,2  километри мукааб сохта, барои обёрӣ намудани 300 ҳазор гектар заминҳои поёноби Ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ба истифода дода шуд. Ба хотири азхудкунии даштҳои ташналаб, ҳазорҳо гектар заминҳои ҳосилхези ноҳияҳои зикргардида зери об монданд. Замини ҷудокардаи ҷумҳурии ҳамсоя ин талафотро каме ҳам бошад, ҷуброн намуд.

Имрӯз ҳангоми ба забон овардани номи Зафаробод, қабл аз ҳама дар тафаккури мардум як порчаи гулгулшукуфони кишвари Тоҷикистони азизамон, як саҳнаи ҷасоратҳо ва қаҳрамонии миллати тоҷик пайдо мегардад.

Дар мизони ақл намеғунҷад, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, бо дастони мӯъҷизакори Ҳазрати Инсон, дар маконе, ки ғайр аз хори мағелону буттаи явшон чизе дигар намерӯид, ин гуна ободкорию бунёдкориҳо имконпазир гашта аст.

Дар ҳақиқат наслҳои калонсол-азхудкунандагони Мирзочӯли тоҷик бар ивази меҳнати қаҳрамонона, ватандӯстона, олиҳимматона ва ранҷу заҳматҳои азим, ноҳияе бунёд кардаанд, ки имрӯз фахри тоҷикистониён аст.

Дар муддати 30 соли аввал, ки таҳкурсии ноҳияи нав асосан гузошта шуда буд, дар ҷумҳурӣ минтақае арзи ҳастӣ намуд, ки ҳамчун ноҳияи ояндадори пахтакорӣ, дорои техника ва технологияи пешқадами коркард ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва собиқ шӯравӣ овозадор гардид.

Тайи солҳои фатҳи Мирзочӯл дар дашти синабирён, пойгоҳҳои обкашии муқтадире ки дар як сония 48 метри кубӣ обро ба баландии 170 метр мекашанд, бунёд шуданд, ки дар ҷаҳони муосир ҳамто надоштанд. Дар як вақт, инчунин сохтмони каналҳои мӯҳташам бо арзи умумии беш аз 150 километр анҷом ёфтанд, азхудкунии заминҳои нопайдоканор, бунёди роҳҳо, хатҳои барқ, алоқа, сохтмони шаҳраку деҳаҳо бо манзилгоҳҳои замонавӣ, ташкил намудани хоҷагиҳои калони пахтакорӣ, фермаҳои чорводорӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, маишӣ, савдо ва ғайра бо суръат ва сифати баланд анҷом меёфтанд.

Имрӯз бо гузашти айём қаҳрамонӣ ва диловариҳои насли калонсоли фотеҳони Мирзочӯли тоҷикро, ки дар як ҷои холӣ, биёбони беоб, иқлими сӯзону бодҳои самум, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ноҳияи хушманзара, ободу файзбор ва ба номаш муносиби Зафарободро бунёд кардаанд, беихтиёр ёдовар шуда, ба қаҳрамониҳои бобоёну падарон аҳсан мехонем.

Ба санаи 1 январи соли 2018 дар ноҳия 5 ҷамоат, аз ҷумла 3 ҷамоати шаҳрак ва 2 ҷамоати деҳот фаъолият доранд.

Аз соли 1997 совхозу хоҷагиҳои давлатии ноҳия тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ» ба таҷдидшавӣ оғоз намуданд. Дар ноҳия ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ – хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ авҷ гирифт. Дар ҳар хоҷагии давлатии ба ислоҳот фарогирифташуда саҳми коргарону хизматчиён муайян карда шуданд. Ба хоҷагиҳои навташкил мувофиқи саҳми аъзоёнашон замин, техника, бошишгоҳҳо, иншоотҳои обрасон ва дигар воситаҳои асосӣ  одилона тақсим карда шуданд, ки ба фаъолияти босамари онҳо мусоидат намуд. Ҳар соли минбаъда афзалияти пурраи хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ нисбати хоҷагиҳои амалкунандаи давлатӣ дар истеҳсоли маҳсулот ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ амиқтар аён мегардид ва шумораи онҳо меафзуд.

Бояд қайд намуд, ки пеш аз аз таҷдид дар ноҳия 10 адад хоҷагиҳои давлатӣ фаъолият менамуданд, ки онҳо ба кишту кори зиёда аз 30 ҳазор гектар замин машғул буданд. Айни ҳол бошад, ин миқдор замин ба 3800 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим карда шудааст.

Ба 1 январи соли 2018 масоҳати умумии заминҳои кишоварзии ноҳия 35807 гектарро ташкил менамояд, ки аз он заминҳои корам 30701 га мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тайи ин солҳо даҳҳо хоҷагиҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мустаҳками ҷамоавию деҳқонӣ ташаккул ёфтанд, ки бо шаклу усулҳои нави меҳнат, ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳия ва вилоят ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ эътироф гардидаанд.

Дар маҷмӯъ амалӣ гардонидани ислоҳот ба минбаъд ташаккул ва рушд ёфтани соҳа, ба истифодаи самараноки замин мусоидат намуда, ба тарбияи кишоварзони насли нав, ки фаъолият ва тафаккурашон ҷавобгӯи иқтисодиёти бозоргонӣ мебошад, роҳ кушод.

Соҳибистиқлолии кишвар ба рушди саноати ноҳия асос гузошт. Солҳои қаблӣ, соҳаи саноат ба маънои томаш дар ноҳия вуҷуд надошт. Тӯли солҳои 2001-2017-ум, дар минтақаҳои гуногуни ноҳия 12 заводи пахтатозакунӣ, 6 заводи равғанбарорӣ, 1 фабрикаи нассоҷӣ ва 1 корхонаи истеҳсоли сангу қум сохта ба истифода дода шуданд, ки аз як тараф ба коркарди ашёи хоми истеҳсоли худӣ мусоидат намуда бошад, аз тарафи дигар барои ғанӣ гардонидани буҷети ноҳия кӯмак менамояд.

Давоми солҳои азхудкунӣ ва истиқлолияти давлатӣ, баҳри рушду нумӯи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Феълан дар 4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 22 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей ва 1 гимназия, 14366 нафар хонандагон ва дар 5 адад муассисаҳои томактабӣ, 880 нафар фарзандони мардуми ноҳия таълиму тарбия мегиранд.

Дар шаҳрак ва деҳот 9 адад қасрҳои фарҳангии замонавии ҳар яке дорои 400-600 ҷои нишаст, 14 адад китобхонаҳо бо фонди умумии зиёда аз 105 ҳазор нусха адабиёти гуногун ва 1 мактаби мусиқӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар ноҳия 38 адад муассисаҳои тандурустӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, 1 беморхонаи марказии дорои 315 кат,  2 беморхонаи минтақавии дорои 15 кат, 1 маркази рўҳшиносии дорои 15 кат,  1 маркази мубориза бар зидди бемории сил дорои 10 кат, 1  маркази саломатии ноҳия,  8 марказҳои саломатии деҳот, 10 хонаҳои саломатӣ, 1  шуъбаи ёрии таъҷилӣ, 6 дорухона, 10 нуқтаҳои фелдшерӣ ва 1 маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ.

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд