mt3.org

Хабарҳо

 

Ҳамдиёрони азиз !!!

Дар саросари ҷаҳон бемории сироятии коронавирус (COVID-19) паҳн гардид, ки имрӯз мардуми сайёра бо мақсади пешгирии он дастаҷамъона мубориза бурда, ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар гузашта низ ба якзумра офатҳои замона дучор гардида, бо таҳаммулпазирӣ ва кордонии хеш онҳоро паси сар намудааст. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат фармудаанд: «Мо аз душвориҳои муваққатӣ набояд ҳаросем, саломатии худ ва наздиконамонро эҳтиёт кунем, ташаббускору сарвар, муттаҳиду сарҷамъ, нисбат ба ҳамдигар щамхору меҳрубон бошем. Дар ҳама ҳолатҳои душвору вазнин дастгири якдигар гардида, дар он ҳолат метавонем ҳар гуна бемориҳои сироятиро бартараф намоем».

Аз ин лиҳоз аз ҳар яки Шумо сокинони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, тариқи дастфишурӣ салом накардан, шустани пайвастаи дастҳо бо собун, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, дар ҳолати пурсабрию хотирҷамъӣ ба тарсу ҳарос ва таҳлука наафтода, худ ва пайвандонро аз бемориҳои сироятӣ хосатан аз бемории коронавирус (COVID-19) ҳифз намоед.

Зеро бузурге фармудааст:

Воҳима худаш нисфи касали аст, хотирҷамъӣ нисфи саломатӣ, сабр бошад саршавии шифо аст.


Дар ҳолати зарурӣ метавонед ба телефонҳои боварии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод занг занед: (83452) 5-22-44, (83452) 5-25-24

Ҳамеша тансиҳату хотирҷамъ дар хона бимонед, то ин бемори ба Шумову наздиконатон зараре нарасонад.

 

 

Имрӯз ба тамоми мардуми кишвари азизамон мақсади асосии ватанфурӯш, зархарид, хоини миллат Кабирӣ ва паймонии миллии ӯ ошкор аст. Зеро аз баромадҳои ин бадбахт бараъло маълум мегардад, ки ӯ танҳо молу сарватро мехонад на ҳаёти осудаи мардумро. Дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш ин хоинони миллат мардумро ба гумроҳӣ ва барангехтани кинаю адоват ҳидоят намуда, мехоҳанд бо роҳи адохтани низоъи дар байни миллат сиёсати давлатию ҷамъиятӣ ва ҳаёти осудаи мардумро халалдор созанд. Аммо ин ватанфурӯшон яъне Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бояд бидонанд, ки имрӯз мардуми Тоҷикистони азиз хуб медонанд, ки маҳс дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат дар ин сарзамин сулҳу субот пойдор буда, сокинонаш дар фазои ободу осуда умр ба сар мебаранд ва ҳамеша сиёсати пешгирифта Сарвари давлатро пайрави намуда, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки нохалафе ба хоки ватан ыадами нопоки худро гузорад.

Бояд таъкид намуд, ки тибқи қонунгузории байналмиллалӣ ва миллӣ имрӯз ифротгароӣ яке аз ҷиноятҳои вазнинтарин ба ҳисоб рафта, он амнияти шаҳрвандон ва ҷамъиятро халалдор месозад. Хиёнат ба ватану миллати хеш гуноҳи нобахшидани буда, ҷазои хоини миллат танҳо марг мебошад.

Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштаанд ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудаанд. Дар тӯли ин солҳои тақдирсоз чӣ қадар заводу фабрикаҳо, корхонаву ташкилотҳои нав, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тиббӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХI барои мо шоҳроҳи таҳкими истиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумўи давлатдории миллӣ ва кишвари соҳибистиқлолро ба сўи ояндаи неку осуда, зиндагии хушбахтона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад кушод.

Кабирӣ ва пайравонаш ҳеҷ гоҳ сулҳу ваҳдати моро халалдор карда наметавонад. Зеро ҳар яке тарафдори сулҳу субот, якдигарфаҳӣ ва ободиву осоиштагии Ватани азизамон бо ном Тоҷикистон ҳастем ва намегузорем, ки касе ва чизе ваҳдати миллии моро халалдор созад. Мо баҳри ҳамаҷониба обутоб ёфтани хеш дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, худогоҳии миллӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, мубориза алайҳи шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ, таъмини волоияти қонун ва омўхтани илму дониш ва ҳунарҳои мардумӣ кўшиш ба харҷ медиҳем. Ҳаргиз намегузорем, ки душмани миллати тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасад. Бо қатъият изҳор менамоем, ки ҳеҷ гоҳ нақшаҳои нопоки Кабирӣ ва паймони миллии у амалӣ намешаванд ва нахоҳад шуд!

 

Муллоев Н.-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 

 

Ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) Амри раиси ноҳия аз 3.04.2020, таҳти №11 ба тавсиб расида, ҳайати ситод ва нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз 12 банд тасдиқ карда шуда ба аъзои ситод ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастрас карда шуд.

Тибқи нақша чорабиниҳо ҳамарўза машварати кории ситоди ноҳиявӣ таҳти сарварии раиси Ситоди ноҳиявӣ, раиси ноҳия баргузор гардида, фаъолияти рўзонаи Ситоди ноҳиявӣ барраси карда мешавад.

Шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия барои қабул ва муолиҷаи беморон омода карда шуда, тибқи нақша духтурону кормандони соҳаи тандурустии ноҳия вобаста карда шудаанд. Ҳамзамон дар шуъбаи мазкур тамоми лавозимоти даркорӣ аз қабили нақлиёти ёрии таъҷилӣ (3 адад), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (3 адад), таҷҳизотҳои аввалиндараҷаи тиббӣ, дорувориҳо, маводҳои безараргардониву муҳофизатӣ ва хуроквориҳо захира намуда, пайваста барои беморон истифода бурда мешаванд.

Бо мақсади пайваста таъмин намудани беморон бо маводҳои доруворӣ, хурока, маводҳои безараргардониву муҳофизатӣ ва барои гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди ноҳия то ба ин дам аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо гардида бо ин мақсад равона истифода шуданд.

Бояд қайд, намуд, ки саҳми шахсони саховатпешаву соҳибкорон низ ҷиҳати мусоидат оид ба пешгирии бемориии мазкур дар ноҳия назаррас мебошанд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар асоси нақша чорабиниҳо гурўҳҳои тарғиботии ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ ба деҳоту маҳаллаҳо вобаста шуда, силсила корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Зафарободро оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия расониданд

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият мебарад ва аз ҷониби кормандони маркази мазкур бо мақсади пешгирии бемориии сироятии короновирус зиёда аз 87 адад мулоқоту вохўриҳо ва 166 маротиба аксияҳои тақсимоти маводҳои иттилоотӣ дар назди бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳо ташкил карда шуд.

Имрўз дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ сокинони ноҳия хуб дарк намудаанд, ки пешгирии бемории сироятии коронавирус ин пеш аз ҳама дар дасти онҳо буда, итоати дуруст ба қоидаҳои тарзи ҳаёти солим метавонад онҳоро аз ин беморӣ ҳифз намояд. Имрўз дар назди бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мушоҳида карда мешавад, ки сокинон аз ниқобҳои ҳифзкунанда васеъ истифода мебаранд.

Дар ҳудуди ноҳия 3 корхонаи дўзандагӣ ба дўхтани ниқобҳо машғул буда, маҳсулоти омода намудаи хешро пешкаши сокинон намуда истодаанд.

Корҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар ҳудуди ноҳия идома дорад.

 

 

Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад, ки шояд нерӯҳои амниятии Эрон аснои таъқиби эътирозҳои ахири ин кишвар дар робита бо болоравии нархи бензин, то як ҳазор нафарро ба қатл расондаанд.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар