mt3.org

Хабарҳо

Санаи 15.06.2020 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод ҷаласаи кории Раиси ноҳияи Зафаробод бо фаъолони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ходимони дин, кормандони соҳаи тандурустӣ ва  аъзоёни ситоди пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гардид.  Ба раиси ноҳия сараввал роҳбарони сохтори тандурустии ноҳия Садиров Алиёр, Ҷумаев Шавқӣ ва  Назирзода Ёрибек  доир ба вазъи эпидемиявии ноҳия гузориш дода, таъкид намуданд, ки  хушбахтона айни замон дар беморхонаи марказии ноҳия бо бемории илтиҳоби шуш  ягон нафар бистарӣ нест. Сипас аз ҷониби Раиси ноҳия ба нафарони саховатманд, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо шахсони алоҳида, ки дар давраи аз санаи 30.04.2020 то  ин давра барои пешгирии бемории сироятӣ, дастгирии ниёзмандон, аёдати беморон, пуштибонӣ аз фаъолияти табибон ва муассисаҳои тандурустӣ кумаки бегаразонаи худро расониданд, миннатдорӣ баён карда шуд. Зиқр гардид, ки сокинони ноҳия дар воқеъ рисолати бузурги инсонгароёнаро ба ҷой оварда паҳлӯи ҳамдигар буданд. Ба мисли шоҳбайти Саъдӣ “Дигар узвҳоро намонад қарор”- дар амал татбиқ намуданд.

Сардухтури беморхонаи ноҳия Садиров А. баромад намуда, қайд намуд, ки гирифторони бемории сироятӣ тамоман табобат ёта, ба хонаҳои худ бар гаштанд ва имрӯз дар беморхонаи сироятии ноҳия ягон нафар бемор ба қайд гирифта нашудааст. Сардухтур ҳамзамон қайд намуд, ки  бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ноҳия ба беморхонаи марказӣ барои таъмини шароити хуб ба беморону табибон ва пайваста дастрас намудани доруворӣ ва хӯрока аз номи кормандони соҳаи тибби ноҳия  арзу сипос ва миннатдории беандоза намуд.

Менеҷери сохтори госпитали КАТС-и ноҳия Ҷумаев Ш. дар бораи вазъи кам шудани бемории сироятӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия малумот дода, қайд намуд, ки кормандони   КАТС-и ноҳия усули хона ба хонаро дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шуда, корҳо оид ба пешгирии пайдоиши бемориҳои сироятӣ дар ноҳия идома дорад.

Сардухтури МНДСЭ-и ноҳия Назирзода Ё. баромад намуда, оиди дар  ташкилоту муассисаҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ маълумот дод.  Инчунин қайд намуд, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо ниқоб гашту гузор намудани  сокинони ноҳия аҳамияти ҷиддӣ дода, дар даромадгоҳҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳия низ фаъолияти гузаргоҳҳои безараргардонӣ пурзур карда шавад.

Таъкид карда шуд, бо вуҷуди он ки вазъияти ба амаломада ҳар чанд бо маром ба  эътидол омада бошад, ҳам набояд сокинон хотирҷамъ бошанд ва ё беаҳамиятӣ зоҳир намоянд. Қоидаҳои беҳдошти санитариро қатъиян риоя намуда, дар ҷойҳои  ҷамъиятӣ нишондодро иҷро бояд кард.

З. Рустамов-раиси шурои собиқадорони ноҳия аз тадбирҳои муҳиму аввалиндараҷаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ва  фаъолияти босамари ситоди ноҳиявӣ  дар самти  фароҳам овардани шароит ҷиҳати табобат, пешгирӣ ва  бартараф намудани беморӣ ёдовар шуд.

Дар ҷаласаи мазкур инчунин ба масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ, тозаю озода намудани маҳалли зист, таъмири муассисаҳои таълимӣ, бурдани корҳои тарғиботӣ байни сокинон  таваҷҷӯҳ карда шуда аз ҷониби Раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода ба шахсони масъул дастурҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Пахта боигарии давлат буда, дар ноҳияи Зафаробод кишти зироати он сол то сол меафзояд.  Деҳқонон барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахта дар саҳро саргармии кор буда, бо нарм кардани заминҳо бо техникаҳои кишоварзӣ, аз алафҳои бегона тоза намудани ҷӯйборҳои пахта ва бо озуқа таъмин намудани зироат машғул мебошанд.


Санаи 11 июни соли 2020 кормандони масъули кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия байни сокинони маркази ноҳия Аксияи тарғиботи гузарониданд.
Дар рафти Аксия ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ ва муроҷиатномаҳо тақдим карда шуд.

Кӯмаки хайриявии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ба беморхонаи марказии ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Зафаробод.

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар