mt3.org

(суњбати ихтисосї бо муовини якуми вазири рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон Солењзода А.А. дар робита бо карантин ва пайомадҳои он)

Подробнее

Мо як гурӯҳ бонувони Тоҷикистон вобаста ба амалҳои нангини рӯзҳои охир бар зидди мардум анҷомдодаи шумо садо баланд мекунем.

Подробнее

Мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар ин рӯзҳои мушкил, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро офати коронавирус фаро гирифтааст ва Тоҷикистон низ чун як ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеаи умумибашарӣ зиёну таҳдидҳои онро эҳсос мекунад, талошу дастгириҳои Ҳукумати кишварамонро барои пешгирии ин хатар ба хубӣ эҳсос мекунем.

Подробнее

Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз инсонҳо боз ҳам дӯстӣ, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишарҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд. Дар баробари ҳукуматҳо, инчунин, одамони сарватманд, варзишгарони машҳур, ситораҳои маъруфи санъат ва дигар нафарони муваффақ маблағҳои худро дареғ надошта, ба кишварҳои камбизоат ва оилаҳои нодор харҷ менамоянд. Новобаста аз сиёсатҳо, эътиқодот, муносиботи динию мазҳабӣ ва ҳизбӣ ҳамаи онҳо муттаҳид гардида, мекӯшанд, ки ҳаёти инсониро аз ин вартаи нобудӣ раҳо намоянд. Ҳатто нафарони берун аз марзи меҳан ва дур аз гурӯҳи аксарияти миллии худ буда низ, ба хотири кумак ба давлату миллаташон ёрии моддию маънаии хешро дареғ намедоранд. Маҳз дар ҳамин шабу рӯзҳо Ҳукумати Ӯзбекистонро аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ кардани соҳибкори узбектабори Русия Алишер Усмонов ба маблағи 20 миллион доллари ИМА далели равшани ин гуфтаҳост. 
Аммо нохудогоҳону худбохтагон ва аҷнабигароёну миллатситезоне, ки ҳамагӣ ба дунболи Кабирии хиёнаткор рафтаанд, ба ҷуз аз партофтани санги маломат ба сӯйи миллату меҳан коре надоранд. Дар ҳамин рӯзҳо, ки ҳама дар фикри ҷони худу ҳифзи саломатии наздикону пайвандон аст, ин тоифа ҳанӯз ҳам ба ҳарзагӯйиву дурӯғпароканӣ машғуланд. Илова бар ин, ба ҷои тассало додани мардум ва орому осуда нигоҳ доштани фазои иттилоотии кившар, дар байни омма тарсу ҳарос, воҳимаю таҳлука паҳн мекунанд.
Ба ҷойи он, ки хурсанд бошанду болидарӯҳ шаванд, ки қадами наҳси ин вабои аср ба Тоҷикистон нарасидааст, баръакс, мехоҳанд, миллати тоҷик ҳар чӣ зудтар гирифтори бемории COVID-19 шавад. Яъне, ҳадафи асосӣ ва ягонаи онҳо бадхоҳию бадниятӣ дар баробари мардум, оромию осудагии халқ ва тинҷию амнии Тоҷикистон мебошад.
Агар чунин намебуд, ҳадди ақал дар ҳамин рӯзҳои сахту мушкил каме ором мегирифтанд ва даҳонашонро аз дурӯғу туҳмат нигоҳ медоштанд. Дар рӯзи мусибат боз ҳам паҳн кардани кинаву адоват ва хусумату бадбинӣ чеҳри аслии Кабирӣ ва ҳамсафони ӯро нишон дод.
Кабирии хиёнаткор агар худатро ғамхори мардум меҳисобӣ, пас чаро дар ин давраи мушкил туҳмату дурӯғро паҳн менамоӣ ва дар ҷомеа тухми адоват кишт мекунӣ? Агар заррае нанги миллӣ, номуси ватандорӣ ва ифтихори тоҷикӣ медоштӣ, ҳеч гоҳ ба чунин пастигарӣ даст намезадӣ.
Хуб медонем, ки солҳои навадум аз номи Худову расул мардумро фиреб карда, ба гумроҳа бурдед ва дар кишвар ҷанги дохилиро роҳандозӣ намудед.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд