05 Ноябрь 2024
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
“Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз эълон намудани соҳибистиқлолии худ роҳи наверо пеш гирифт, ки асоси онро эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ташкил медиҳад. Истиқлоли давлатӣ дигаргуниҳои куллиро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷаъмиятӣ ба миён овард. Махсусан, яке аз дастовардҳои нодири замони соҳибистиқлолӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки асоси ба амал баровардани ислоҳоти низоми қонунгузорӣ ва идоракунии давлатӣ гардид. Маҳз ин марҳиларо марҳилаи нави рушди низоми ҳуқуқии кишвар номидан мумкин аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи XXI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1994 иброз намуда буданд, ки санаи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориашон бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд.
Нақши Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ дар амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши ниҳоят бузург дорад. Ин аст, ки як боби бузурги Конститутсия – боби дуюми он ба ҳуқуқ, озодӣ вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, ҳамчунин ҳимояи онро тавассути санадҳои ҳуқуқи ба таври зайл муайян намудааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд», қисми 1-и моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар баробари ин, маҳз яке аз омилҳои асосие, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон шомил мегардад, ба таври васеъ муқаррар намудан ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар он мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин кафолати таъмини баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар намудааст. Яке аз ҳуқуқҳо ва кафолати давлатии шаҳрвандон тибқи Конститутсия, ин баробарҳуқуқии онҳо ба хидмати давлатӣ ва дастарсии баробари он мебошад. Мувофиқан, дар моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд».
Бояд хотирнишон намуд, ки баъд аз мустақил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ муайян намудани баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ бори аввал ба шумор мерафт ва умуман падидаи хизмати давлатӣ падидаи нав маҳсуб меёфт. Таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, ки Конститутсия пешбинӣ намудааст, яке аз ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон маҳсуб ёфта, аз соҳибихтиёрии халқ дарак медиҳад.
Идомаи мантиқии муқаррароти моддаи 27 Конститутсия дар Қонуни ҶТ “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз соли 1998 ва баъдан кафолати ҳуқуқи баробарии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ танзими пурраи худро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз 5 марти соли 2007 ифода ёфт. Дар Қонуни мазкур яке аз принсипҳои кафолатдодашудаи давлат ин принсипи ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ мебошад, ки ифодаи худро дар моддаи 7 Қонун дарёфтааст.
Муқаррароти моддаи Қонуни мазкур ҳуқуқи баробарии шаҳрвандонро ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ мувофиқи лаёқату тайёрии касбии онҳо ва бидуни ҳеҷ гуна маҳдудият, аз ҷумла миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Дар баробари ин, дастрасӣ ба хизмати давлатӣ маънои фароҳам овардани шароитро барои пайдо кардани имконият аз ҷониби аҳолӣ барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ мебошад. Ин асосан уҳдадории давлат ҷиҳати ҷалби аҳолӣ аз ҳама гуна қишри он ба хизмати давлатӣ мебошад. Муқаррароти мазкур ҳамзамон ифодакунандаи масъулияти давлат дар назди халқ, ки ҳамчун нишонаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад, маҳсуб меёбад.
Бо ҳамин назардошт, хулоса кардан мумкин аст, нақш ва мавқеи Конститутсия дар кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, махсусан ҳуқуқи онҳо ба хизмати давлатӣ бориз буда, танзими ҳуқуқии он тибқи қонунгузории соҳавӣ низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Конститутсия сарчашмаи муҳимтарини ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, кафолати марказии таъмин ва ҳифзи онҳо маҳсуб меёбад.
Наимҷон НАБОТОВ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон