mt3.org

 

ТАБРИКОТИ

Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни бузурги давлатдории миллӣ дар сатҳи баланд, бо шаҳомати хосса ва ифтихору сарфарозӣ таҷлил мегардад. Ин сана дар ҷумҳурӣ ба ҷашни анъанавии сиёсию ҳуқуқӣ мубаддал гардида, зимни он дар сартосари кишвар чорабиниҳои муҳими сиёсву фарҳангӣ гузаронда мешаванд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар ин рӯзи фараҳбахш арзу эҳтиром ва ихлосмандию сипосгузории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоянд. Зеро, Пешвои миллат на танҳо дар байни сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин, роҳбарони давлатҳо ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун маҳбубият ва эҳтироми сазоворро пайдо карда, мавқеъ ва манзалати хосро соҳиб гардидаанд.

Пазируфтани ташаббусҳои Пешвои тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз нуфузи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Мо фараҳманд аз он ҳастем, ки имрӯз ҳамчун миллати давлатдор дар фазои соҳибистиқлолӣ ва амну суботи кишвар ҷашнҳои таърихиву миллии худро таҷлил мекунем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо тадбирҳои хирадмандона, матонату ҷасорати фавқулода ва зиракии сиёсии худ кишварро аз панҷаи боди фано раҳо кунанд ва ғурбатзадаҳоро ба ватан баргадонанд. Хуршеди сулҳу ваҳдат бо ибтикори ин фарзонафарзанди миллат дар осмони Тоҷикистони азиз нурафшонӣ намуд.

Эҳтиром, гиромӣ доштан ва дар сатҳи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ таҷлил намудани ин ҷашн аз хизматҳои мондагору ҷовидонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон асос мегирад.

Гиромӣ доштани ин рӯз танҳо як ҷашн нест. Он, агар аз як тараф арҷгузорӣ ба хидматҳои беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар, нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ, иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи корҳои созандаи Сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани ин барномаҳост.

Таҷриба собит намудааст, ки дар шароити имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон нақши роҳбари сиёсӣ барои миллат ва кишварҳо аҳамияти фавқулода дорад. Эътимод ба Роҳбар миллатҳоро бо боварӣ ба сӯи ояндаи дурахшон ва шоиста мебарад, ҷавононро барои таҳсилу фаъолият дилгарм мекунад ва ин гуна руҳияи умумӣ суботи иҷтимоиро таъмин месозад.

Вазъи сиёсии ҷаҳон имрӯз ноором аст. Дар чандин давлатҳои ҷаҳон сулҳу субот, амну оромӣ аз байн рафта, халқу миллатҳо дар парешониву парокандагӣ қарор доранд. Онҳо паи сохтани давлати ягона ва ё эмин доштани пояи давлаташон ҷаҳд карда, ба пешвое, ё сарваре ва ё роҳбаре эҳтиёҷ доранд. Шукргузории бепоёни мо, миллати тоҷик ва халқҳои Тоҷикистон аст, ки Пешвои ягонаи миллӣ, Сарвари мардумӣ ва Раҳбари хирадмандро бароямон тақдир насиб гардонидааст!

Мо ба кору пайкор ва фаъолияти меҳнатӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсии Пешвои муззами миллатамон арҷ ва эҳтиром гузошта, барои ҳифзи ҳаёт, ном ва мақоми Президентамон ҳамеша талош меварзем! Мо ҳамеша пайравони садоқатманди Пешвоямон буда, сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Роҳбари давлатро дар амал татбиқ менамоем.

Бо ҳамин мақсад ҳамаи сокинони ноҳия барои амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини ноҳияи Зафаробод кору фаъолият менамоянд.   Корҳои ободониву созандагиро дар ноҳия вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватани маҳбубамон ва пешрафти давлат, боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони ноҳия саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Дар фарҷом ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Шумоён ва тамоми мардуми ноҳия саломатӣ, бахту иқболи баланд ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

Мо бо садоқатмандӣ ва боварӣ иброз менамоем, ки сокинони ноҳияи Зафаробод аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати навини тоҷикон бо Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд!

Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи тамоми аҳолии гуногунқишру гуногунмиллати Зафаробод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри ҷовидона орзу намуда, барояшон саломатӣ ва хушбахтиҳои бепоёни рӯзгорро таманно менамоем!

Ободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

 

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд