01 Февраль 2025
Паёми
табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Зафаробод
Муродзода Муқим Қаюм бахшида ба ҷашни Иди Сада
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони сарбаланди ноҳияи Зафаробод!
Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагон онро ҳамчун ситоиши пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯз дониста, бо шукӯҳу шаҳомати хоса, афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан, пешвоз мегирифтанд. Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, аз гузаштани сардиҳои зимистон дарак медиҳад. Мардум идро барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро гирифта, мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Фирдавсии бузург пайдоиши ҷашни Садаро ба давлати Ҳушанг – подшоҳи дуюми сулолаи пешдодӣ нисбат дода, Абӯрайҳон Берунӣ бошад онро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шуморидааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷашнҳои бостонии Наврӯз ва Меҳргон ба Иди Сада низ умри дубора бахшида, акнун Сада ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Сада дар замони мо, таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати дастурхони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Бо истиқболи ин рӯзи муборак ба корҳои кишоварзӣ вусъат бахшида, шудгор, ниҳолшинонӣ, ба тартиб даровардани боғот, омода намудани техника ва олотҳои меҳнат, тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва азназаргузаронии захираҳои тухмӣ фаро мерасад.
Кишти тирамоҳии ғалла анҷом ёфта, ба шудгори заминҳо барои кишти баҳорӣ вусъат дода мешавад. Чорводорон ба маъракаи тулгирӣ омодагӣ мебинанд. Намоишҳои ниҳолу гулу тухмии зироатҳо барпо карда шуда, сол то сол, аз Сада то Сада майдонҳои боғ васеъ гардида, шудгори замин ва тозакунии наҳру ҷӯю заҳкашҳо сифатан беҳтар ба роҳ монда мешавад. Дар мавсими омода намудани заминҳо, тухмӣ, техникаи кишоварзӣ ва олоти меҳнат фаро расидани Иди Сада басо рамзӣ буда, дар радифи иди Меҳргон, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлилаш далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҷашни Иди Сада чорабинии аввалини имсолаи ноҳия дар доираи ҷашнгириҳои 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои омодагӣ ба истиқболи шоистаи ин ҷашни мубораку муқаддас дар тамоми гӯшаву канори ноҳияамон идома дорад. Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Зафаробод сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Роҳбари давлатро ҷиҳати таъмини ҳадафҳои олии мардум, нақшаҳои бузурги бунёдкорӣ, иқтисодӣ, итимоӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамчунин дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Сарвари давлатро, ки дар ҷараёни ироаи Паёми Президенти кишвар ба мақоми олии қонунгузории мамлакат 28 декабри соли 2024 баён гардиданд, сармашқи ободкориҳои навини худ намуда, баҳри сазовор ҷашн гирифтан 35-солагии Истиқлоли давлат саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҳамаи Шумо - мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, орзуманди онам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошеду рӯзгоратон пурфайзу баракат.
Бигзор ҷашни миллӣ ва аҷдодиамон ҳамеша поянда, Ваҳдати миллии мо комил ва зиндагониямон доимо тинҷу осуда бошад.
Саломату сарбаланд ва хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!