mt3.org

Хабарҳо

Бо шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кишвари зебоманзари моро зиёда аз 170 мамолики дунё мешиносанд. Ин шаҳодати он аст, ки аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлол гаштан, ба рӯйи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон  шахси фарзонафар, оне, ки имрӯз дар дилу дидаи мардуми тоҷик ҷой гирифтааст ва Тоҷикистону тоҷикони дунёро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст, Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳақиқат дар рӯзҳои сангине, ки ба мардуми тоҷику тоҷикистониён омада буд, Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми нерӯи хеш тавонист, ки мардуми фиребхӯрдаро бо ҳам пайвандад.

Таърих гувоҳ аст. Бале буданд, онҳое, ки хешро ҳамчун ба ном «Созандагони Ватан» дар он рӯзҳои сахт вонамуд месохтанд. Аз ҷумла, ҲНИТ бо роҳи дурӯғу дурӯғофарини худ ба дили мардуми авом ворид шуда, мехостанд, ки Тоҷикистони азизро порча –порча намоянд. Ва дар рӯзҳои аввал низ ба ин матлаби хеш мерасиданд.

Аммо мардуми аз ресмони ало тарсида, макру найранги аъзоёни ҲНИТ-ро оҳиста-оҳиста дарк мекардагӣ шуданд.

Аъзоёни садорати     ҲНИТ, ки он дар Тоҷикистону дунё ҳамчун ҳизби террористӣ эълон шуда ва дар қаламрави  кишвар ҳаракати он манъ карда шуда, бо ҳар роҳу восита мехостанд, ки ҷавононро шомили ҳаракати хеш намуда, онҳоро ба ҷиҳод омода намоянд. Онҳое, ки дониши пасти сиёсатӣ доштаанд ва ҳамеша аз пайи тамаъ буданд, ба гурӯҳҳои хеш шомил намуданд. ҲНИТ ва тарафдорони он бори дигар дар воқеаҳои сентябри соли 2016, ки мехостанд табаддулоти давлатӣ намоянд, хоин ва ватанфурӯшии хешро бори дигар исбот намуданд.

Акнун мардум бори дигар фаҳмиданд, ки онҳо кистанд ва кӣ онҳоро сарпарастӣ менамояд.

Имрӯз мардуми азиятдидаи Тоҷикистони азиз намехоҳанд, ки дубора рӯзҳои вазнини хеш, ки солҳои 90-уми қарни гузашта дида буданд, боз ба сари худу авлоди онҳо ояд. Тамоми мардуми зафарманди Тоҷикистон барои равнақу ривоҷ додани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пайи он хуни ҳазорҳо нафар падарону модарони мо рехтааст, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд бурд.

Мо як давлат дорем, ки он ҳам Тоҷикистони азиз мебошад.

Бинобар он ба тамоми мардуми шарифи тоҷику тоҷикистониён муроҷиат карда мегӯем, ки мо, аҳли муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 –и деҳаи Орзӯи ноҳияи Зафаробод барои ободии Ватани азизамон аз тамоми сарчашмаҳо истифода бурда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ хизмати хешро дарещ нахоҳем дошт ва ҷавононро огаҳ месозем, ки фирефтаи гуфтаҳои иғвогарон нагарданд.

Сангинов Д., омӯзгори МТМУ №17

 

Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва сомонаҳое ҳастанд,ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тунравона амалӣ созанд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯровӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо, аз  қабили «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи  динии «Салафия», ҷамъияти «Ансоруллоҳ», «Кумитаи – 24» ва ғайра пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеъа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Қишрҳои амну олам, ба хусус давлатҳои мусулмонии Шарқ яке пайи дигаре ба коми ҷангу ноамнӣ гирифтор мегарданд.

Дар чунин шароити мушкил ва нобасомон, ки қудратҳои  бузургугруснаи ҷаҳонӣ туъмаҳои наву тоза мехоҳанд, моро зарур аст, ки давлати соҳибистиқлоли худ ва муллати қуҳанбунёдамонро ба ҳар роҳу восита эмин нигоҳ дорем.

Боиси нигоронӣ аст, ки ифротгарони динӣ ин як навъ кӯшишиаз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногун ҷабҳаест, ки зӯран ғазб намудани ҳокимият, барангехтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф, халалдор кардани сулҳу суббот ва якпарчагии давлатҳо мебошад.

Саркардагони фирории ҳизби терористӣ ва собиқ ТТЭ ҲНИТ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар кишварҳои бегона паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, бо таълифи хабару мақолаҳои ғаразангез тариқи сомонаҳои ифротии интернетӣ кӯшиш доранд, давлату миллати тоҷикро сиёҳу бадном намоянд. Онҳо тариқи ахбору суханони дуррӯғпардоз худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат водор намуда, вазъи ҷомеаи ҷаҳоиро вайрон месозанд.

Бе ягон шакку шубҳа гуфтаҳои Хоҷа Ҳофиз ба рафтору кирдори онҳо рост меояд, ки гуфтааст:

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилфат мераванд, в-он кори дигар мекунанд.

ТТЭ ҲНИТ дар тамоми фаъолияти хеш ба ҷуз зиёни маънавиву иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ ҳеҷ кору амали некеро барои миллат ва давлати тоҷик анҷом надодааст. Боз даво менамояд, ки гӯё дар фаъолияти таблиғии худ муваффақ ҳастанд. Ҳол он ки онҳо худ бозичаи дасти хоҷагони бемағзу бешуури аврупо мебошанд.

Роҳбарону масъулони ин ҳизб бо пулу сармояи бегона фаъолият мекунанд, ки пас дар он иродаи озод вуҷуд дошта метавонад, онҳо танҳо супориши калонеро амалӣ менамоянд, ки сармоягузории асосии онҳоянд. Суоле ба миён меояд, ки ташкилот ва шахсиятҳое, ки худ озод нестанд, чӣ гуна метавонанд ба миллат ё давлате озодӣ бахшанд?

Бояд қайд намоям, ки дар замири ин гуна ашхос меҳру муҳаббат ба Ватан-модар ҷой надорад, онҳо хиёнаткоранд набояд ба онҳо бовар кард, шахсе ки ба Ватан хиёнат мекунад, ба модари худ хиёнат мекунанд, чунки Ватан-модар ҳамрадифанд. Онҳо бояд мисли Фирдавсӣ ва Айнӣ ба миллат ва Ватан Модари хеш хидмат бинамоянд, меҳри онро дар дилу ҷон бипарваранд:

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад, кофар аст.

Маънии ҳуббулватан фармудаи Пайғамбар аст.

Аъзои гурӯҳи «Созанда»

мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Зафаробод                          Д. Ниёзқулова

 

 

Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод бо иқдоми МИҲД- ноҳия тариқи ҳашар таъмир мегардад. Дар ташкили корҳои ободони сахми сокинони ноҳия, фаъолон, собикадорон, аъзоени ҲХДТ сохибкорон назаррас мебошад. Ин иқдом дар татбиқи дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар моҳи шарифи Рамазон равона гардида, дар ободонии маҳал мусоидат хоҳад кард

 

Мо ҷавонони ноҳияи Зафаробод аз ҳамоиши эътирозӣ, ки санаи 21 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бар зидди оташдиҳандагони ифротгароии Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиаш шуда гузашт, ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем. Ва он хиёнаткори Ватан, Кабирии беномус ва ҳаммасрафони ӯ пинҳон нашавад. Биёяд дар назди қонун ҷавоб диҳад. Зеро, ки падару бобоҳоямон ин диёрро то ба ҳолати имрӯза оварданашон заҳмату меҳнатҳои бисёр кардаанд. Ҷонашонро қурбон намуданд. Нобуд шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба нести рафтани миллати тоҷикро аз миён бурданд.

Вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мо ҷавононро водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку хушёр бошем, дар щафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату датовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст.

Имрӯз ҷавонон қувваи бузург, такягоҳи боэътимод, ояндаи миллати тамаддунсози тоҷиканд ва дар роҳи ободиву бунёдкори Кабирию ҳаммаслаконашро торумор мекунанд.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба ҳалқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану  рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз кардҷа тавонаднд ва бозичаи дасти доираҳои щаразноки сиёсӣ нашаванд.

Яъне мардум бояд ҳуввияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳоммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия интихобкардаи худ устуворона пеш раванд.

Аъзои гурӯҳи «Созанда» : Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд