mt3.org

 

Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва сомонаҳое ҳастанд,ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тунравона амалӣ созанд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯровӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо, аз  қабили «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи  динии «Салафия», ҷамъияти «Ансоруллоҳ», «Кумитаи – 24» ва ғайра пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеъа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Қишрҳои амну олам, ба хусус давлатҳои мусулмонии Шарқ яке пайи дигаре ба коми ҷангу ноамнӣ гирифтор мегарданд.

Дар чунин шароити мушкил ва нобасомон, ки қудратҳои  бузургугруснаи ҷаҳонӣ туъмаҳои наву тоза мехоҳанд, моро зарур аст, ки давлати соҳибистиқлоли худ ва муллати қуҳанбунёдамонро ба ҳар роҳу восита эмин нигоҳ дорем.

Боиси нигоронӣ аст, ки ифротгарони динӣ ин як навъ кӯшишиаз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногун ҷабҳаест, ки зӯран ғазб намудани ҳокимият, барангехтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф, халалдор кардани сулҳу суббот ва якпарчагии давлатҳо мебошад.

Саркардагони фирории ҳизби терористӣ ва собиқ ТТЭ ҲНИТ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар кишварҳои бегона паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан, бо таълифи хабару мақолаҳои ғаразангез тариқи сомонаҳои ифротии интернетӣ кӯшиш доранд, давлату миллати тоҷикро сиёҳу бадном намоянд. Онҳо тариқи ахбору суханони дуррӯғпардоз худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат водор намуда, вазъи ҷомеаи ҷаҳоиро вайрон месозанд.

Бе ягон шакку шубҳа гуфтаҳои Хоҷа Ҳофиз ба рафтору кирдори онҳо рост меояд, ки гуфтааст:

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилфат мераванд, в-он кори дигар мекунанд.

ТТЭ ҲНИТ дар тамоми фаъолияти хеш ба ҷуз зиёни маънавиву иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ ҳеҷ кору амали некеро барои миллат ва давлати тоҷик анҷом надодааст. Боз даво менамояд, ки гӯё дар фаъолияти таблиғии худ муваффақ ҳастанд. Ҳол он ки онҳо худ бозичаи дасти хоҷагони бемағзу бешуури аврупо мебошанд.

Роҳбарону масъулони ин ҳизб бо пулу сармояи бегона фаъолият мекунанд, ки пас дар он иродаи озод вуҷуд дошта метавонад, онҳо танҳо супориши калонеро амалӣ менамоянд, ки сармоягузории асосии онҳоянд. Суоле ба миён меояд, ки ташкилот ва шахсиятҳое, ки худ озод нестанд, чӣ гуна метавонанд ба миллат ё давлате озодӣ бахшанд?

Бояд қайд намоям, ки дар замири ин гуна ашхос меҳру муҳаббат ба Ватан-модар ҷой надорад, онҳо хиёнаткоранд набояд ба онҳо бовар кард, шахсе ки ба Ватан хиёнат мекунад, ба модари худ хиёнат мекунанд, чунки Ватан-модар ҳамрадифанд. Онҳо бояд мисли Фирдавсӣ ва Айнӣ ба миллат ва Ватан Модари хеш хидмат бинамоянд, меҳри онро дар дилу ҷон бипарваранд:

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад, кофар аст.

Маънии ҳуббулватан фармудаи Пайғамбар аст.

Аъзои гурӯҳи «Созанда»

мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Зафаробод                          Д. Ниёзқулова

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд