mt3.org

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҳисоби ҷавонони фаъолони ҷомеа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо мақсади тарғиб ва ташвиқи ғояҳои баланди ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тараннуми Истиқлолияти давлатию Ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб ва хатарзои ҷомеа аз ҷумла терроризим ва ифротгароӣ, омилҳои бегонапарастӣ, мусоидат ба рушди устувори ҷомеа, ҳамчунин бо мақсади тадбиқи дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12 майи соли ҷорӣ баён карда буданд, гуруҳи махсуси тарғиботиву ташвиқотӣ таъсис дода шуд.

Ба гуруҳи мазкур бо пешниҳоди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Сарфароз Фаттоҳзода гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии «СОЗАНДА» номгузори гардида, ҳайати гуруҳ бо мувофиқаи Сардори шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Сафаров Фируз Шарифович аз ҷониби Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ тасдиқ карда шуд.

Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ҷаласаи аввалини гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии «СОЗАНДА» бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Дар ҷаласаи имрӯза Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифов Туйғун Тоҳирович ва Сардори шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Сафаров Фируз Шарифович иштирок ва суханрони намуданд.

Дар баромади худ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод аъзоёни гурӯҳро вазифадор намуд, ки бо таҳияи нақша чорабиниҳои мушаххас дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту корхонаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин вохӯрию мулоқот ташкил намуда, моҳияти масъалаҳои зикргардидаро ба ҷомеа расонанд. Инчунин  ҳамкориро бо васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи пешниҳоди вокуниш, изҳорот ва мақолаҳои тарғиботӣ ба роҳ монанд.

Сардори шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Сафав Фируз Шарифович дар баромади худ аз пайвастшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористи дошта нигарони карда, аъзоёни гуруҳро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ ҳидоят намуд. Бо ҳар як аъзои гуруҳ, ки 23 нафарро ташкил медиҳанд мулоқот намуда, назди онҳо вазифагузориҳои мушаххас гузошта шуд. Инчунин бо мақсади муайян намудани шахсияти аъзоёни гурӯҳ ҷамъ овардани маълумотнома ва варақаҳои шахсии онҳоро дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия пешниҳод намуд.

Тибқи протоколи ҷаласаи аввалин ҳар моҳ як маротиба ҷамъомади ҳисоботии гурӯҳи «СОЗАНДА» гузаронида мешавад.Назорати умумии фаъолияти гуруҳи «Созанда» ба зиммаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифов Т ва корманди шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Қаюмов Ш. вогузор карда шуд.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод                   Дониёров Парвиз

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд