mt3.org

Бо шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кишвари зебоманзари моро зиёда аз 170 мамолики дунё мешиносанд. Ин шаҳодати он аст, ки аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлол гаштан, ба рӯйи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон  шахси фарзонафар, оне, ки имрӯз дар дилу дидаи мардуми тоҷик ҷой гирифтааст ва Тоҷикистону тоҷикони дунёро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст, Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳақиқат дар рӯзҳои сангине, ки ба мардуми тоҷику тоҷикистониён омада буд, Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми нерӯи хеш тавонист, ки мардуми фиребхӯрдаро бо ҳам пайвандад.

Таърих гувоҳ аст. Бале буданд, онҳое, ки хешро ҳамчун ба ном «Созандагони Ватан» дар он рӯзҳои сахт вонамуд месохтанд. Аз ҷумла, ҲНИТ бо роҳи дурӯғу дурӯғофарини худ ба дили мардуми авом ворид шуда, мехостанд, ки Тоҷикистони азизро порча –порча намоянд. Ва дар рӯзҳои аввал низ ба ин матлаби хеш мерасиданд.

Аммо мардуми аз ресмони ало тарсида, макру найранги аъзоёни ҲНИТ-ро оҳиста-оҳиста дарк мекардагӣ шуданд.

Аъзоёни садорати     ҲНИТ, ки он дар Тоҷикистону дунё ҳамчун ҳизби террористӣ эълон шуда ва дар қаламрави  кишвар ҳаракати он манъ карда шуда, бо ҳар роҳу восита мехостанд, ки ҷавононро шомили ҳаракати хеш намуда, онҳоро ба ҷиҳод омода намоянд. Онҳое, ки дониши пасти сиёсатӣ доштаанд ва ҳамеша аз пайи тамаъ буданд, ба гурӯҳҳои хеш шомил намуданд. ҲНИТ ва тарафдорони он бори дигар дар воқеаҳои сентябри соли 2016, ки мехостанд табаддулоти давлатӣ намоянд, хоин ва ватанфурӯшии хешро бори дигар исбот намуданд.

Акнун мардум бори дигар фаҳмиданд, ки онҳо кистанд ва кӣ онҳоро сарпарастӣ менамояд.

Имрӯз мардуми азиятдидаи Тоҷикистони азиз намехоҳанд, ки дубора рӯзҳои вазнини хеш, ки солҳои 90-уми қарни гузашта дида буданд, боз ба сари худу авлоди онҳо ояд. Тамоми мардуми зафарманди Тоҷикистон барои равнақу ривоҷ додани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пайи он хуни ҳазорҳо нафар падарону модарони мо рехтааст, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд бурд.

Мо як давлат дорем, ки он ҳам Тоҷикистони азиз мебошад.

Бинобар он ба тамоми мардуми шарифи тоҷику тоҷикистониён муроҷиат карда мегӯем, ки мо, аҳли муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 –и деҳаи Орзӯи ноҳияи Зафаробод барои ободии Ватани азизамон аз тамоми сарчашмаҳо истифода бурда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ хизмати хешро дарещ нахоҳем дошт ва ҷавононро огаҳ месозем, ки фирефтаи гуфтаҳои иғвогарон нагарданд.

Сангинов Д., омӯзгори МТМУ №17

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд