mt3.org

Хабарҳо

 

«Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷидди буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст» Эмомали Раҳмон.

Яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аст, ки аз нимаи дуюми асри XX оғоз карда мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт.Тадбирҳои муҳими омӯзиши  ин  проблема водор месозад, ки  ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва  чораҳои  пешгирикунандаи  терроризм  ва экстремизм муайян карда  шавад. 
Яке аз самтҳои асосии тадбирҳо ин пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон мебошад, зеро ба ҳисоби миёна 80 % иштирокчиёни гурўҳҳои самти ифротгароидоштаро шахсони синнашон то  30  сола ташкил медиҳад.
•    Экстремизм аз вожаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.
     Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои яксамта ва тундравӣ аст.
    Ин зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос ёбад.
Сабабҳои пайдоиши экстремизм. 
-сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ,идеологӣ;
-хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
-пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
-ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
-коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
-дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
Симои экстремист-ифротгаро
•    Имрўз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд.
•    Аз ифротгароии динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам аст.
Мақсадҳои асосии ифротгароён
    ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти   конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии давлат;
    зарар расонидан ба амнияти давлат;
    ғасб ё тасарруфи салоҳияти ваколатҳои ҳокимият;
    ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи  ғайриқонунӣ;
    амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;
    ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зўроварӣ ё даъват ба зўроварӣ алоқаманд аст;
Ҷиҳатҳои хоси экстремист
•    надоштани саводи комили динӣ ва таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ
•    зоҳирӣ фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ;
•    эътирофи танҳо фаҳмиши худ;
•    ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад;
•    маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон.
•    ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад;
•    нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегўяд ва мубориза мебарад;
•    дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро зуд ба унвонҳои «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил» ва «кофир» маҳкум менамояд;
Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ
«Ҳизби таҳрири исломӣ» ва «ДИИШ» ба таври расмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамоянд.
-Баъзе кудратҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ кардаанд.
-Ин кудратҳо мақсадашон ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст даровардани ҳокимияти сиёсии онҳо ва соҳибӣ  кардани сарватҳои табии онҳо мебошад.
-Ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ буда, ба истиқлолияти кишварҳои мусулмонӣ таҳдид мекунад.
Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ки таҳти №69 аз 8 декабри соли 2003 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, аз нигоҳи мазмун хатари ифротгароиро кушода дода, давлат ва ҷомеаро барои мубориза бо ин падида омода менамояд. Вазифаи ташкили ҳамаи қувваҳои ҷомеа ва давлат бобати муқовимат бо фаъолияти ифротгарои талаб менамояд, ки субъекти дар ин муқовимат махсусгардонидашуда таъсис дода шавад.
Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи ҷомеа низ зарур аст.Барои он, ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд мо ҷавонон  эҳсоси ватандўстӣ, донишандўзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар дил дошта бошем. 

Омӯзгори МТМУ№1-и ноҳияи Зафаробод

Зулфиқорзода Заррина

 

Бунёдкориву накӯкорӣ ҳунари на ҳар як мард мебошад. Аз ватандорӣ то беватан гаштан, аз ободкорӣ то харобкорӣ як қадам роҳ аст. Ҳастанд афроде, ки вайронкориву ҷанг, одамкушиву хиёнатро нисбати халқу ватанашон ҳам қарзу ҳам фарзи худ меҳисобанд. Зеро сулху осоиштаги ва саводнокии мардум зидди манфиаташон мебошад. Онхо бо қавле «обро лой карда мохи медоранд».
Аз қабили чунин ашхоси носипосу бадтинат аъзоёни ҲНИТ мебошанд, ки яке аз ҳаракатҳои экстремистию терористӣ ба ҳисоб мераванд. Ба ақидаи онҳо «Дин дар сиёсат ва сиёсат дар дин аст».  Ин ҳаракатҳои ифротгароёна ҳанӯз солҳои 70-ум арзи вуҷуд карда наметавонистанд.
Охирҳои солҳои 80-ум ва аввалҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҳаракати мардумии «Ростохез» ва баъдар ҲНИТ ташкил ёфт. Онҳо дар парлумон тарафдорони худро барои амалигардонии мақсадҳои худ ворид кардани буданд, лекин тирашон ба ҳадаф нарасид. Аз ин рӯ барои амалӣ гардонидани амалҳои нопоки худ мардумро зери шторҳои бардурӯғи «Демократия» зидди сохти конститутсионӣ даъват намуданд, ки вазъи сиёсии кишварро муташанниҷ гардонанд.
Аммо дар он амалҳои нопок мақсадҳои сиёҳи худро амалӣ карда натавонистанд. Гирдиҳамоӣ, харобкорӣ, даъват ба «ҷиҳод» ҳадафи асосии онҳо буд. ҲНИТ метавонист мисли дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар парлумон бошад, аммо роҳи муносибати сиёсӣ ва фарҳангиро бо ҳукумат баст, аз доираи ваколатҳои худ берун рафт ва даст ба куштору ғоратгариҳо зад. Онҳо барои ба даст овардани ҳукумат аз ташкилотҳои экстремистии хориҷӣ истифода бурданд. Дар натиҷаи ин ҷангҳои бародаркуш 150 ҳазор одам кушта шуд. Ин гадоёни беватан имрӯз берун аз марзи кишвар бошад, ҳам то ҳол мехоҳанд, ки ба ҳаёти осоиштаи Тоҷикистон рахна андозанд. Мисоли ин моҳи сентябри соли 2015 бо дастгирӣ ва маблағгузории ҲНИТ Назарзода кӯшиши табаддулоти сиёсӣ намуд.
Пешвои Миллат терроризм ва экстремизмро  «Вабои аср» номида буданд.
Амалҳои разилу нопоки Кабирӣ ва Тарафдорони ӯ зидди гуфтаҳои Қуръон буда, дини ислом куштани бародари муъминро маҳкум месозад. Ҳаракати террористӣ умуман хоси дини ислом набуд ва нест. Калимаи «терор» фаронсавӣ буда, маънояш «тарс», «даҳшат» ё «воситаи тарс» мебошад, ки асри XVIII  дар Фронса пайдо шуда, асри XIX дар Россия ҳам амалӣ шуда буд. Экстремизм (ифродгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба амнияту, сулҳу озодӣ ва сохти конститутсионӣ зарар мерасонад.
Ислом муҳточи ҳизб ё ҳаракатҳои сиёсӣ нест, зеро қудрату тавоноии ин дин, баландтар аз мавқеи давлатҳои абарқудрат мебошад.
Мо набояд, ки фирефтаи суханҳои аҳмаконаи тарафдорони Кабирӣ бошем, чунки онҳо гуфтахои Қуръонро нодуруст ва ба фоидаи амалҳои нопоки худ шарҳ медиҳанд. Мо амалҳои нек ва гуфтаҳои дини исломро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд гирем. Ғамхорӣ ба ятимони кулл, бепарасторон ва оилаҳои камбизоату бенаво амалҳои начиби Пешвои миллатамон мебошанд. Ба кадри ҳаёти ободу осоишта расем то, ки мисли Кабири беватану нонгадо ва нигарони саховати хоҷагони хориҷа нагардем.

Омӯзгори МТМУ№10-и ноҳияи Зафаробод
Ҳоҷимуродов Суҳроб

Мубориза бар зидди терроризм ва ифродгароӣ, тамоман решакан кардани он фақат вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва амният набуда, балки вазифаи ҳар як шахси инсондӯст ҳисобида мешавад.
Ифродгароён дар байни халқ, хусусан ҷавонон,ҳар гуна иғвою тарғиботҳо ва амалҳои тундравонаро паҳн менамоянд ва ҳаракат мекунанд, ки бештар ҷавононро ба ин амали хафнок ҷалб намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти гурӯҳҳои «Салафия» (8.01.2009), «Ҳизб-ут-таҳрир» (19.04.2011), ҲНИТ (29.09.2015) бисёр ҳам муҳим ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон аз минбарҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ сухан ронда қайд карданд: «Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад, балки ӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ мерасонад».

Вобаста ба ин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ вазифаи аввалиндариҷаи ҳар як шахс ва хусусан омӯзгорон мебошад.    Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мунтазам ба хонандагон, насли наврас фаҳмонидани мафҳуми терроризм ва ифродгароӣ вазифаи ҳар як педагог ба ҳисоб меравад. Ба ин саволҳо ҷавоб додан ҷоист: Мақсади террористон аз чии борат аст? роҳбаронашон киҳо ҳастанд?, аз кадом манбаъ маблағгузорӣ карда мешаванд? бо кадом мақсад дар байни мардум тарсу ҳаросро пайдо мекунанд?    Мо бояд бо факту далелҳои аниқ бо воситаи дастгоҳҳои видеоӣ харобаҳои давлатҳои Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон ва дигар давлатҳоро нишон доданро муҳим мешуморем.
Оиди ин масъала дар ҳар як муассисаҳои таълимӣ ташкил кардан ва гузаронидани чорабиниҳои зеринро зарур мешуморам:
-дар ҳамаи синфҳои болоӣ дар мавзӯҳои «Муқовимат бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез» «Оқибати кори террористон» ва ғайраҳо соатҳои тарбиявӣ гузаронидан;
-гузаронидани шабҳои саволу ҷавоб;
-гузаронидани иншо бо хонандагони синфҳои 9,10,11 оиди терроризм, ифродгароӣ, хавфи маводҳои мухаддир ва ғайра;
-ташкил кардани семинару конфронсҳо дар байни хонандагони синфҳои 8,9,10,11;
-ташкил кардани озмунҳои «Китобхонаи беҳтарин»;
-ташкил кардан ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ;
-ҷоннок гардонидани фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ.
Боварӣ дорам, ки чорабиниҳои дар боло зикр гардида амалӣ гардад, хонандагон ба ин гунна амалҳои номатлуб даст намезананд.

омузгори МТМУ№7 -и нохияи Зафаробод  Сангинов Х.

Рӯзи 3-юми майи соли равон мулоқоти раиси нохияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо донишчуене, ки аз нохия дар шахри Душанбе тахсил мекунанд бо иштироки хайати сохторхои марбутаи МИХД-и ноҳия ва ТЧ ,Созандагони Ватан, - КИ ХХДТ дар сатхи баланд ва хотирмон баргузор гардид. Раиси нохия бо донишчуён сухбати самими ва ошкоро ташкил намуда аз сатху сифати таълим ва зиндагонии донишҷуен пурсон ва шинос шуданд. Ба донишҷуён кумаки яквактаи моддӣ ва зиефати расми ташкил карда шуд.

Дар донишгоҳу донишкадаҳои олии  шаҳри Душанбе айни замон 182  нафар донишҷӯён аз ноҳияи Зафаробод барои гирифтани  маълумоти олӣ ва касбу кори гуногун таҳсил менамоянд.
Давоми 5 соли охир дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ аз ноҳия зиёда аз 90 нафар тибқи Квотаи президенти таҳсили илм доранд, ки 30 нафарашон ба мактабҳои олии пойтахти мамлакат  рост меояд.  
Ҳоло 46 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар мактабҳои олии Федератсияи Руссия ва дигар давлатҳои хориҷи кишвар таҳсили илм доранд, ки аз  онҳо 2 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд.
Зимни мулоқот раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба донишҷӯён муроҷиат намуданд, ки  ноҳия ба шумо барин ҷавонони соҳибмаълумоту соҳибкасб ниёз дорад. Дари тамоми муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, корхонаҳои саноатӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, соҳаҳои кишоварзию иҷтимоӣ, фарҳангу тандурустӣ барои кору фаъолият намудан ба рӯи шумо кушода аст. Танҳо шуморо лозим аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардед.

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд