Хабарҳо
04 Май 2018
Рӯзи 3-юми майи соли равон мулоқоти раиси нохияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо донишчуене, ки аз нохия дар шахри Душанбе тахсил мекунанд бо иштироки хайати сохторхои марбутаи МИХД-и ноҳия ва ТЧ ,Созандагони Ватан, - КИ ХХДТ дар сатхи баланд ва хотирмон баргузор гардид. Раиси нохия бо донишчуён сухбати самими ва ошкоро ташкил намуда аз сатху сифати таълим ва зиндагонии донишҷуен пурсон ва шинос шуданд. Ба донишҷуён кумаки яквактаи моддӣ ва зиефати расми ташкил карда шуд.
Дар донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе айни замон 182 нафар донишҷӯён аз ноҳияи Зафаробод барои гирифтани маълумоти олӣ ва касбу кори гуногун таҳсил менамоянд.
Давоми 5 соли охир дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ аз ноҳия зиёда аз 90 нафар тибқи Квотаи президенти таҳсили илм доранд, ки 30 нафарашон ба мактабҳои олии пойтахти мамлакат рост меояд.
Ҳоло 46 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар мактабҳои олии Федератсияи Руссия ва дигар давлатҳои хориҷи кишвар таҳсили илм доранд, ки аз онҳо 2 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд.
Зимни мулоқот раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба донишҷӯён муроҷиат намуданд, ки ноҳия ба шумо барин ҷавонони соҳибмаълумоту соҳибкасб ниёз дорад. Дари тамоми муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, корхонаҳои саноатӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, соҳаҳои кишоварзию иҷтимоӣ, фарҳангу тандурустӣ барои кору фаъолият намудан ба рӯи шумо кушода аст. Танҳо шуморо лозим аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардед.
Другие статьи...
- Кушода шудани роҳи сарҳадии ноҳияи Зафарободи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Ховосободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
- Вохӯрии раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо соҳибкорони ноҳия
- Таҷлили 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод
- Ташкили ҳамоиши “Заҳмати дастони модар” ва аёдати сарбозон дар Зафаробод




Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, насби шиору овезаҳо вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ба роҳ монда шуда, дар байни муҳассилину донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар ноҳияи Зафаробод баҳри сазовор ва арзанда таҷлил намудани Рӯзи Модар тадбирҳои судманд ба роҳ монда шуд. Бобати арзанда таҷлил намудани ҷашн нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида, кумитаи тадорукот таъсис дода шуд. 


