mt3.org

Хабарҳо

 

Давлате, ки дар он мусиқии бегона баланд аст, хавфи вайронӣ дар он аст. (Бисмарк)

Амният ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ рисолати бузурги фардони бедор, худогоҳу зирак ва дӯстдори ҳар қатра об ва ҳар зарра хоки муқаддаси ин марзи биҳиштист. Ҷаҳонишавӣ бо суръати кайҳонӣ ба ҳамаи рукнҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, васоити иттилоотию хизматрасонӣ ворид гардида, таъсиргузор аст. Аз ҳама ҷанбаи муассиртарин ворид гаштан ба ҳолати рӯҳонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фаъолияти низоми асаби инсон аст, ки ниҳоят хатарзост. Таърихи инсониятро гар аз дидгоҳи таҳлили равоншиносӣ ба таҳқиқ бигирем, муайян мешавад, ки таъсири омилҳои иттилоотию равонӣ, таблиғу тарғиботӣ ба тағйир додани натанҳо ин ё он реҷими сиёсӣ таъсиргузор буданд, балки сабабгори бисёр ошӯбу куштор, аз байн рафтани давлатҳо, сар задани ҷангҳои ҷаҳонӣ, қатлиоми ҳалқу миллатҳо, ихтилофоти байни динҳо, тақсимшавии дин ба шохаву мазҳабҳои ба ҳам рақиб ва дигар вайронкориҳои сартосарӣ гардидаанд, ки гурӯҳҳои хурди манфуре аз он баҳра бардоштаанд. Ҷаҳон ҳамеша аз ин гуна тоифаи ифритӣ холӣ набудаву холӣ намемонад, зеро тухми бад бештар бисабзад дар ҷаҳон. Ин заҳри мазаррат, ки бо сеҳри аҳриманӣ ба мағзхӯрдан аст, ҳакими озодагавҳар Фирдавсӣ «Заҳҳоки морон» ном ниҳодаву сипас Леонардо-Да- Винчӣ дар даврони эҳёи Аврупо «Ҷодуи сиёҳ» гуфта, ки имрӯз бо дастгоҳи иттилоотии тасвиру садо бозичаи дасти абарқудратҳои ҷаҳонӣ гардида ба мағзшуӣ ва пошидани тухми нифоқу низоъ машғул аст. Арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ, забонӣ, адабӣ, эътиқодӣ бо нишонаҳои ҳайсияту ҳуввияти миллӣ чун таноби меросии зеҳният, қиёфа, ҷисм, рӯҳу равон аз насл ба насл гузашта генофонди миллатро ташкил медиҳад ва ҳифзу аз хатар эмин нигоҳ доштани он қарзи виҷдонии ҳар фарди бедори ҷомеа аст.  Ҳифзи генофонди миллат масъалаи рақами як бояд бошад дар назди тамоми зинаҳои сохтори ҳокимияти давлатӣ, оғоз аз соҳаи маорифу тандурустӣ то амнияту ҳифзи сарҳадот. Зеро чуноне зикр сохтем қувваҳои манфиатҷӯй, қудратталаб, моҷароангез ва ифротӣ дар ҷустани холигоҳи сиёсие дар афкор, дониш, рушд, тартибот ва ваҳдати миллӣ буда, дар фурсати муносиб қадами номубораки худро ба ин марзи биҳиштӣ гузоштанианд. Бедории афкор, зиракии сиёсӣ, меҳр ба хоку оби Ватан арзишҳои муқаддастаринанд, ки зарур аст, то дар дилу дида, гӯшу забони наслҳо аз домони модар, боғча, мактаб то донишгоҳ, пасон дар муассисаву ташкилот, корхонаву коргоҳҳо парвариш бидиҳем. Имрӯз Тоҷикистони азиз дарвозаҳои хешро ба рӯи тамоми мамолики олам боз сохтаву омодаи ҳамкорист, ки такони ҷиддиест дар рушди тамоми рукнҳои низоми давлат. Пас зарурияти таърихиву амри виҷдонист, ки ҳар як узви ҷомеа барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ташаккулу сайқал додан, инчунин муаррифии онҳо ватандоронаву миллатдӯстона амал намояд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ва ҳар як гузоришу вохӯриҳо, махсусан дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018с. дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд, зиракии сиёсӣ, ҳифзи ҳуввияти миллат, дӯст доштани ин марзи биҳиштӣ, амр ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа аст. Имрӯз вуруди молу амволи истеъмоливу маишӣ либосвориву пойафзол, ороишоту атриёт, дорую маводи табобатӣ ва дигар ашёи рӯзгордорӣ аз хориҷи дуру наздик бозору мағозаҳо, дӯкону растаҳоро лаболаб пур намудаасту ҳар як тоҷире бар манфиати ҷайби хеш амал сохта бар зарари он дар солим мондани фардои генофонди миллат заррае фикр намекунад. Дарвозаҳо боз асту барои рушди соҳибкорӣ маратория эълон шудаву имкониятҳо васеъ аст, танҳо ғурури миллӣ, ояндабинӣ, хушбинӣ ба фардои миллат ва давлати тоҷик зарур асту тамом. Нисбати вуруди маводи доруворие, ки бесифат будаву заҳранд чандин матолиби дарднок пешниҳод гардида, вале натиҷаи мушаххасе дар ин самт нест. Агар ба ин минвол вуруди доруворӣ ва маводи табобатӣ чун сел идома ёбад баъди як даҳсолаи дигар як насли солим боқӣ намемонад, зеро ташхис шуда, ки он заҳрхимикатҳо позаҳре надошта таркиби генетикии ҳайсияти инсонро вайрон месозанд. Масъалаи дигар тамоми маводи истеъмолию либосворӣ, бозичаҳо, уребчаҳои кӯдакон ва дигар ашёҳои маишию рӯзгордорӣ, ки аз омехтаҳои таркиби генетикиашон дигаргун карда шуда, синтетикӣ, пластикию, полимерӣ сохташудаву пешниҳод мегарданд, ки ниҳоят хатарзо мебошанд. Усулҳои нигоҳдорӣ дар халтаҳои полиэтиленӣ дар муддати дурудароз дар савдову муомилоти ҳаррӯза истифода намудан низ зарари зиёд дорад, натанҳо ба одам, балки зарари он ба хок сарчашмаҳои обӣ, ҳаво, ҳарорати атмосферӣ бағоят муассир аст. Баҳри фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва ҳимояву беҳдошти ҳаёти инсон зарурияти замонист, то бо воситаи дастгоҳҳои иттилоотию тарғиботӣ ҷомеаро воқифу бедор созем. Зеро баъди фурсате дер хоҳад шуд. Ин масъала дар мамолики пешрафта назири Япония сад сол муқаддам ҳал гардида барои нигоҳдошти солимии генофонди миллат тадбирҷӯӣ шуда буд. Имрӯз яке аз давлатҳои қашшоқи Осиё, Непал ин иқдомро пайгирӣ намуда барои нигоҳдошти мувозинати табии ҳаёт дар сатҳи давлатӣ ин масъаларо баррасӣ намуда истифодаи бесамари маводи полиэтиленӣ дар маводи хӯроквориро манъ намудааст, ки қадами бузургест дар солим мондани миллати он. Аҳолии наздик ба 9-миллионаи Тоҷикистон, осебпазиртар аст нисбати миллатҳое, ки 100, ё 200 миллион, ё ки бештар аз 1-миллиард аҳолӣ доранд. Пас муқаддастаррин қарзи меросбарии мо ин беосеб расонидани ҳайсият, ҳуввият ва солимии рӯҳу равон, ҷисму қиёфа, зеҳният ва заковати бедори ориёӣ бар наслҳои ояндаи миллат аст. Масъалаи дигар пешгирӣ аз вабои аср ВНМБО (ВИЧ Спид) аст, ки дар раванди ворид шудани шаҳрвандони хориҷии мубталои ин беморӣ ва сафи бесобиқаи муҳоҷирони меҳнатӣ бар миён омадаву хавфи сироятёбии афроди зиёдеро дар пай дорад. Давлатҳои ҳамсояи мо мубталоёни беш аз 1,5 то 2 миллион нафара доранд, ки офати он барои миллати мо камтар аз бомбаи ҳастаӣ нест, зеро воридшавии беназорати шаҳрвандони хориҷӣ хатари мудҳиштарин дар ин раванд аст. Зеро ба ҳамагон равшан асту дар таҷрибаи давлатҳои пешрафта муайян шудааст, дар ҳамаи равандҳои ба ҳам омадани давлатҳо пештару бештар қувваҳо зиёнкор ва олами ҷиноӣ фаъолтар мегарданду паси манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ амал менамоянд. Масъалаи қочоқи молу амвол, хариду фуруши маводи мухаддир, тиҷорати одаму узвҳои он, фоҳишагарӣ, таблиғу густариши ғояҳои ифротӣ, экстремистӣ динӣ, мазҳабӣ, ирқию наҷодӣ ва садҳо доғҳои бозори сиёҳ барои давлат ва фардои ҳуввияти миллат хатарест ваҳим ва саддест барои рушд. Ҳифзи фазои иттилоотӣ муҳимтарин қарзи виҷдонии аъзоёни ҷомеа аст, зеро он чӣ бар гӯш ояд бар мағз ҷой бигирад ва сипас бар зеҳну равон, гуфтору кирдор корагар шуда пиндор, эътиқод, урфу одатҳоро тағйир бидиҳад. Ин таҷрибаи омӯхташудаест, ки ҳамаи паёмбарон, сиёсатмадорон, мубаллиғони дину ойин, инқилобгарону ислоҳотҷӯён зи он босамар истифода намудаанд. Имрӯз хатар зиёд аст, зеро ҷанги иттилоотӣ бо воситаи технологияи навини иттилоотӣ назири дастгоҳҳои моҳвораӣ дар интернет, тамоми ВАО ва дигар минбарҳои иттилоотӣ ба мағзҳо ворид гардида сабаби чандин паёмадҳои нохушу хатарзо шудааст. Муҳтавои аксари маводи иттолооти воридотӣ ғаразнок ва пайи ҳадафҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ, ирқию наҷодӣ буда, пошандаи тухми низои қавмӣ, динӣ, мазҳабӣ, норозигӣ ба сиёсати давр, сиёҳкунии роҳбарони сиёсӣ, ифродгароӣ ва аз ҳам пошандаи ваҳдат, ҳамбастагӣ, сулҳу оромӣ дар миллату давлатҳост. Масъулини ширкатҳои мобилӣ, васлсозандагони алоқаи моҳвораӣ, ВАО ва ташкилоту корхонаҳо, бозору дигар маконҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд нисбати пешниҳод, паҳн, таблиғи иттилооти ғаразноки бегона дақиқназару санҷидакор бошанд, то ҳофизаи таърихии миллат таҳриф, идеологияи миллӣ қурбони ғаризаҳои динӣ, одобу русуми аҷдодӣ ба хурофот, забону адабиёти беш аз ҳазорсола ба лаҳҷаю мадҳу шаҷараҷӯӣ табдил наёбад. Таблиғу паҳн сохтани диску видионавори силсилафилмҳои хориҷии муҳтавои даҳшатафканӣ, қатлу куштор, разолату бераҳмӣ, фаҳшу зуроварӣ, бадбинии динию наҷодӣ дошта, мусиқии ғайр бо савту суруди мазмуну мундариҷаи паст дар кӯчаю нақлиёти ҷамъиятӣ, растаю дуконҳои дискфурӯшии бозору хиёбонҳо зарбаҳои сангинтаринанд ба ҳуввияти миллӣ ва фардои наслҳои миллат.  Пас дар ин вартаи ҳаёту мамот, ки ҷаҳонишавист барои нигоҳдошти асолати миллӣ, ҳифзи генофонди миллат, такомули тамоми рукнҳои ҳаёти ҷомеа, рақобатпазири бозори ҷаҳонӣ гаштани молу масолеҳи кишоварзию саноатӣ, аз давлати истеъмолгар ба давлати истеҳсолгар табдил додани он, ташаккули дарки масъулият, ҳисси ифтихор, ғурури миллӣ, рушд додани тафаккури зеҳнӣ, зиракии сиёсӣ инчунин ҳамқадами замону пешгому ихтирокор будани наслҳоро тарбия, таъмин ва барои бақои генофонди миллати ориёӣ талоши ҳамаҷониба шарту зарур аст.

Аминҷон Зарифӣ. Сардори шӯъбаи таълими Коллеҷи политехникии н. Зафаробод. Аълочии Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Боиси нигаронии таоми мардуми рӯи дунё гардидааст проблемаи глобалии Терроризм ва экстромизм, ки аз ибтидои асри XXI сар зад. Ҷаҳон зидди ин равияи тундгаро мубориза мебарад, аммо терроистон дар зери ҳар унвону мазҳабу дину кеш амалиёти хунини худро давом дода истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш чунин гуфта буд: «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри  Х1 табдил ёфтааст». 22.12. 2017.

Хабарнигорони хориҷа муайян намуданд, ки аксари террористон дар асоси дини Ислом ваҳшиёна мубориза мебаранд. Мардумро, махсусан ҷавононро бо ваъдаи «дидори Парвардигор» ва «Фирдавси барин» ба гурӯҳҳои худ шомил намуда истодаанд.  Амалиётҳои террористӣ мувофиқи Индекси глобалии терроризм ин нишондодро муайян сохт:

- 72 135 амалиятҳои террористӣ аз соли 2001 то 2017 дар 92 давлатҳо

- 169572 қурбониёни амалҳои террористӣ

-       4 минтақаи асосии амалиётҳои террористӣ :

- Ироқ 15864

- Покистон 9708

- Афғонистон 7641

- Ҳиндустон  6023

Баъзе аз тоҷикистониёни имрӯзи мо ҳам, мутаассифона шомили ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо гардида истодаанд. Дар натиҷаи амалҳои террорӣ миллионҳо бегуноҳон қурбони ин ноадолатӣ гаштанд. Дар натиҷа, он нафарони ифротӣ номи “Хоини Ватан”-ро гирифтанд, ки оқибат пайвандони онҳо дар байни мардум сархаму шармсор гардиданд. Имрӯз моро зарур аст, ки ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки гуноҳи воқеӣ ин хуни ноҳақ рехтан асту оромии хонаи касеро вайрон намудан аст.

Игамова Ирода, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории н. Зафаробод, аъзои гурӯҳи «Созанда»

Санаи 1-уми июни соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори хонаи фарханги "Зафар" Рўзи байналмилалии хифзи кудакон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур аз муассисахои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кудакон иштирок намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур табрикоти раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба самъи иштирокчиён расонида шуд.

Подробнее

Умр барои инсон ҳадяи нотакрори илоҳист, ки арзиши онро ба ягон ганҷинаи олам муқоиса карда намешавад. Ин неъмати бебозгашт ба он хотир дода мешавад, ки дар ин муддати кутоҳ аз зебоиҳои олам баҳра бардорем, олами зиндагии худро бо зебоиҳо оро дихем, ба қадри ҳар як наздикони худ бирасему бо тафохур аз Ватани озоду маҳбуб зиндагонӣ намоем. Бо чашмони худ гувоҳем, ки Тоҷикистони маҳбуб дар замони Истиқлолият ба чӣ дастовардҳои беназир ноил гардиду сарвари он чӣ ҷонбозиҳоро аз сар гузаронид, то Ватан обод бошаду халқаш дилшод. Халқи тоҷик аз азал мардуми бо нангу баор ва дорои тамаддуни воло будааст. Аммо имрӯз чӣ шуд, ки он арзишҳои меънавии худро аз даст дода истодаем?! Тамоми бузургони ниёконамон таълимоти диниву дунявиро дар ҳадди воло аз худ карда буданду дар ин шоҳроҳ ба макони амн расида. Албатта буданд дар ҳар давру замон шахсиятҳои манқурти ҷомеа, ки оромии мардумро халалдор менамуданд, аммо на ба он ҳадде, ки имрӯз «фарзанди Ватан» зидди модар-ватани худ теғ кашида истодааст. Аз ҳисоби надоштани маълумоти кофӣ имрӯз фирефтаву бозичаи ифротгароёни хориҷа гаштаанд. Аламовар он аст, ки дини поки Исломро  ниқоб намуда, зери Ҳизби наҳзати Ислом амалҳои ифротӣ намуда истодаанд. Гӯё бо ин амали худ Ҷаннати охиратро ба даст меоварда бошанд. Кӣ кас бо вайрони кардани Ҷаннат (Тоҷикистони азиз) ҷаннати дигареро обод ва ё ба даст оварда бошад. Ҳол он ки чандин асрҳо пеш Ҳаким Умар Хайём гуфта буд:

Май бихӯр, мусҳаф бисӯз, оташ андар Каъба зан,

Сокини бутхона бошу мардумозорӣ накун.

Оё он ифротгароён андешае надоранд, ки бо ин амали мардумозоронаи худ чандин модаронро бефарзанд, бародарро бе бародар, фарзандро бе падар, чандин хонаи ободро валангор менамоянду боз ризояти Худоро ба даст меоранд. Ҳаргиз на!

Аъзои гурӯҳи «Созанда», омӯзгори Коллеҷи омӯзгории н. Зафаробод  Игамова Ирода

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд