13 январи соли 2025 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи фаъолони вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумӽурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи
ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин ва танзими ҷашну маросим, сармеъморони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғоз иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2024 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба соли қаблӣ мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ дар вилоят таъмин гардид.
Сипас, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод. Қайд карда шуд, ки нишондиҳандаи кутоҳмуҳлати рушди минтақа дар соли 2024 ба 42,4 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 фоиз баробар гардида, ҳиссаи он дар нишондиҳандаи рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба 27,7 фоиз расонда шуд.
Дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30,3 млрд. сомонӣ расонида шуда, афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 120,1 фоиз таъмин гардид. Соли гузашта ба миқдори 424,5 ҳазор тонна орд, 5563,1 тонна равғани растанӣ, 7925,2 тонна маҳсулоти макаронӣ, 62,8 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 48,6 млн. қуттии шартии консерваҳои гуногун, 18,1 млн. декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли орд 142,4 фоиз, равғани растанӣ 101,3 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 108,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 104,9 фоиз, консерваҳо 133,9 фоиз ва нӯшокиҳо 125,3 фоизро ташкил дод. Инчунин 1,9 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ суръати афзоиш 127,6 фоиз таъмин гардид.
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 -ум 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Соли 2024 кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят кишти зироатҳо дар майдони 282,8 ҳазор гектар замин гузаронида шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи зиёда аз 22,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 686,8 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 206,2 ҳазор тонна, картошка 658,5 ҳазор тонна, полезӣ 236,0 ҳазор тонна, мевагиҳо 253,9 ҳазор тонна, аз он ҷумла зардолу 174,8 ҳазор тонна, ангур 62,7 ҳазор тонна, зироатҳои хӯроки чорво 545,7 ҳазор воҳиди хӯрока таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 105,8 фоиз, аз ҷумла пиёз 110,1 фоиз, картошка 109,7 фоиз, полезӣ 106,4 фоиз, мевагиҳо 114,1 фоиз, аз ҷумла зардолу 111,2 фоиз, ангур 122,2 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво 100,9 фоизро ташкил намуд.
Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 92,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 19,3 ҳазор тонна, моҳӣ 1013,3 тонна, шир 311,1 ҳазор тонна, тухм 768,9 млн. дона, асал 1603,4 тонна ва пашм 1698,7 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 108,2 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 100,0 фоиз, моҳӣ 101,2 фоиз, шир 106,0 фоиз, тухм 100,3 фоиз, асал 101,7 фоиз ва пашм 102,9 фоиз таъмин шудааст.
Дар соли 2024 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 208,2 гектар боғ ва 12 токзори нав бунёд карда шудааст, ки аз он 23 гектар боғи интенсивӣ мебошад. Ҳамзамон, барқароркунии боғ дар масоҳати 145,7 гектар ва токзор дар масоҳати 18,1 гектар гектар гузаронида шудааст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор 783 ҳазору 172 сар, аз ҷумла модагов 425 ҳазору 541 сар, гўсфанду буз 1 млн 905 ҳазору 772 сар, паранда 6 млн 65 ҳазору 228 сар, асп 9 ҳазору 234 сар ва занбӯри асал 80,7 ҳазор оиларо ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ саршумори чорвои калони шохдор 24 ҳазору 613 сар, аз ҷумла модагов 13 ҳазору 628 сар, гўсфанду буз 78 ҳазору 534 сар, паранда 1 млн 515 ҳазору 948 сар, асп 67 сар ва занбӯри асал 728 оила зиёд шудааст.
Дар соли 2024 бо сарфи 4,3 млн. сомонӣ ҳолати мелиоративии 5 ҳазору 868 гектар замин беҳтар карда шуд, ки 101,6 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад.
Дар соли 2024 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 2 млрду 9,8 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,9 баробар зиёд мебошад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблагӣ 2,9 млрд. сомонӣ аз худ карда шудааст.
Дар соли 2024 таъмиру тармими 2077 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км роҳ, таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ ба нақша гирифта шуда, дар маҷмӯъ, 2628,3 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 639,4 км таъмири асосӣ, 1098,4 км таъмири ҷорӣ ва 890,5 км шағалпӯш мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2024 ба 19,5 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 108,1 фоизро ташкил намуд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли сипаришуда ба 3 млрд. 305,5 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд. Ҳаҷми воридот 2 млрд. 270,6 млн. доллар ва содирот бошад 1 млрду 34,9 млн. долларро ташкил намуд.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 680,5 млн. доллари амрикоӣ сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки афзоиш 113,1 фоизро ташкиш мекунад.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2024 ба андозаи 104,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 4959,6 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 222,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2024 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 1290,7 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 109,8 фоизи нақша мебошад.
Дар соли 2024 ба буҷети маҳаллии вилоят 3430,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 252,4 млн. сомониро ташкил дод, ки баробари 107,9 фоизи нақша мебошад.
Соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият карда, 578 ҳазору 310 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 763 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 шумораи муассисаҳои таълимӣ 7 адад ва шумораи хонандагон 7714 нафар зиёд шудааст.
Дар вилоят 73 иншоот бо 10745 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар назди 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 331 синфхонаи иловагӣ бо 9365 ҷойи нишаст, 7 толори варзишӣ, 13 майдончаи варзишӣ ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.
Дар соли 2024 сохтмон ва таъмиру азнавсозии 77 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 4 маркази саломатии шаҳрӣ, 6 маркази саломатии ноҳиявӣ, 14 маркази саломатии деҳот, 23 бунгоҳи саломатӣ, 27 беморхона ва шуъбаҳои онҳо, 3 муассисаи махсусгардонидашуда дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ашт, Деваштич, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба анҷом расида шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминнокии муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 3109 таҷҳизот ба маблағи 50,6 млн. сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тиббӣ дастрас гардидааст.
Дар соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 58 иншооти варзишӣ, аз ин 41 майдончаи варзишӣ, 14 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорону саховатмандон мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳо аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумӽурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло барои афзун намудани дастовардҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёт, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, истифодаи оқилонаи заминҳо, бунёди гармхонаву сардхонаҳо, омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ, дар сатҳи баланд омодагӣ дидан ба интихоботи вакилони халқ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоят бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо муҳаббат ва садоқату боварӣ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ дар таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, боз ҳам ободу сарсабз гардидани диёри азизамон, пешгирии ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои номатлуб, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ саъю талоши комил менамоянд.