mt3.org

Боиси нигаронии таоми мардуми рӯи дунё гардидааст проблемаи глобалии Терроризм ва экстромизм, ки аз ибтидои асри XXI сар зад. Ҷаҳон зидди ин равияи тундгаро мубориза мебарад, аммо терроистон дар зери ҳар унвону мазҳабу дину кеш амалиёти хунини худро давом дода истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш чунин гуфта буд: «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри  Х1 табдил ёфтааст». 22.12. 2017.

Хабарнигорони хориҷа муайян намуданд, ки аксари террористон дар асоси дини Ислом ваҳшиёна мубориза мебаранд. Мардумро, махсусан ҷавононро бо ваъдаи «дидори Парвардигор» ва «Фирдавси барин» ба гурӯҳҳои худ шомил намуда истодаанд.  Амалиётҳои террористӣ мувофиқи Индекси глобалии терроризм ин нишондодро муайян сохт:

- 72 135 амалиятҳои террористӣ аз соли 2001 то 2017 дар 92 давлатҳо

- 169572 қурбониёни амалҳои террористӣ

-       4 минтақаи асосии амалиётҳои террористӣ :

- Ироқ 15864

- Покистон 9708

- Афғонистон 7641

- Ҳиндустон  6023

Баъзе аз тоҷикистониёни имрӯзи мо ҳам, мутаассифона шомили ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо гардида истодаанд. Дар натиҷаи амалҳои террорӣ миллионҳо бегуноҳон қурбони ин ноадолатӣ гаштанд. Дар натиҷа, он нафарони ифротӣ номи “Хоини Ватан”-ро гирифтанд, ки оқибат пайвандони онҳо дар байни мардум сархаму шармсор гардиданд. Имрӯз моро зарур аст, ки ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки гуноҳи воқеӣ ин хуни ноҳақ рехтан асту оромии хонаи касеро вайрон намудан аст.

Игамова Ирода, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории н. Зафаробод, аъзои гурӯҳи «Созанда»

Санаи 1-уми июни соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори хонаи фарханги "Зафар" Рўзи байналмилалии хифзи кудакон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур аз муассисахои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кудакон иштирок намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур табрикоти раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба самъи иштирокчиён расонида шуд.

Подробнее

Умр барои инсон ҳадяи нотакрори илоҳист, ки арзиши онро ба ягон ганҷинаи олам муқоиса карда намешавад. Ин неъмати бебозгашт ба он хотир дода мешавад, ки дар ин муддати кутоҳ аз зебоиҳои олам баҳра бардорем, олами зиндагии худро бо зебоиҳо оро дихем, ба қадри ҳар як наздикони худ бирасему бо тафохур аз Ватани озоду маҳбуб зиндагонӣ намоем. Бо чашмони худ гувоҳем, ки Тоҷикистони маҳбуб дар замони Истиқлолият ба чӣ дастовардҳои беназир ноил гардиду сарвари он чӣ ҷонбозиҳоро аз сар гузаронид, то Ватан обод бошаду халқаш дилшод. Халқи тоҷик аз азал мардуми бо нангу баор ва дорои тамаддуни воло будааст. Аммо имрӯз чӣ шуд, ки он арзишҳои меънавии худро аз даст дода истодаем?! Тамоми бузургони ниёконамон таълимоти диниву дунявиро дар ҳадди воло аз худ карда буданду дар ин шоҳроҳ ба макони амн расида. Албатта буданд дар ҳар давру замон шахсиятҳои манқурти ҷомеа, ки оромии мардумро халалдор менамуданд, аммо на ба он ҳадде, ки имрӯз «фарзанди Ватан» зидди модар-ватани худ теғ кашида истодааст. Аз ҳисоби надоштани маълумоти кофӣ имрӯз фирефтаву бозичаи ифротгароёни хориҷа гаштаанд. Аламовар он аст, ки дини поки Исломро  ниқоб намуда, зери Ҳизби наҳзати Ислом амалҳои ифротӣ намуда истодаанд. Гӯё бо ин амали худ Ҷаннати охиратро ба даст меоварда бошанд. Кӣ кас бо вайрони кардани Ҷаннат (Тоҷикистони азиз) ҷаннати дигареро обод ва ё ба даст оварда бошад. Ҳол он ки чандин асрҳо пеш Ҳаким Умар Хайём гуфта буд:

Май бихӯр, мусҳаф бисӯз, оташ андар Каъба зан,

Сокини бутхона бошу мардумозорӣ накун.

Оё он ифротгароён андешае надоранд, ки бо ин амали мардумозоронаи худ чандин модаронро бефарзанд, бародарро бе бародар, фарзандро бе падар, чандин хонаи ободро валангор менамоянду боз ризояти Худоро ба даст меоранд. Ҳаргиз на!

Аъзои гурӯҳи «Созанда», омӯзгори Коллеҷи омӯзгории н. Зафаробод  Игамова Ирода

Бо шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кишвари зебоманзари моро зиёда аз 170 мамолики дунё мешиносанд. Ин шаҳодати он аст, ки аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлол гаштан, ба рӯйи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон  шахси фарзонафар, оне, ки имрӯз дар дилу дидаи мардуми тоҷик ҷой гирифтааст ва Тоҷикистону тоҷикони дунёро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст, Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳақиқат дар рӯзҳои сангине, ки ба мардуми тоҷику тоҷикистониён омада буд, Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми нерӯи хеш тавонист, ки мардуми фиребхӯрдаро бо ҳам пайвандад.

Таърих гувоҳ аст. Бале буданд, онҳое, ки хешро ҳамчун ба ном «Созандагони Ватан» дар он рӯзҳои сахт вонамуд месохтанд. Аз ҷумла, ҲНИТ бо роҳи дурӯғу дурӯғофарини худ ба дили мардуми авом ворид шуда, мехостанд, ки Тоҷикистони азизро порча –порча намоянд. Ва дар рӯзҳои аввал низ ба ин матлаби хеш мерасиданд.

Аммо мардуми аз ресмони ало тарсида, макру найранги аъзоёни ҲНИТ-ро оҳиста-оҳиста дарк мекардагӣ шуданд.

Аъзоёни садорати     ҲНИТ, ки он дар Тоҷикистону дунё ҳамчун ҳизби террористӣ эълон шуда ва дар қаламрави  кишвар ҳаракати он манъ карда шуда, бо ҳар роҳу восита мехостанд, ки ҷавононро шомили ҳаракати хеш намуда, онҳоро ба ҷиҳод омода намоянд. Онҳое, ки дониши пасти сиёсатӣ доштаанд ва ҳамеша аз пайи тамаъ буданд, ба гурӯҳҳои хеш шомил намуданд. ҲНИТ ва тарафдорони он бори дигар дар воқеаҳои сентябри соли 2016, ки мехостанд табаддулоти давлатӣ намоянд, хоин ва ватанфурӯшии хешро бори дигар исбот намуданд.

Акнун мардум бори дигар фаҳмиданд, ки онҳо кистанд ва кӣ онҳоро сарпарастӣ менамояд.

Имрӯз мардуми азиятдидаи Тоҷикистони азиз намехоҳанд, ки дубора рӯзҳои вазнини хеш, ки солҳои 90-уми қарни гузашта дида буданд, боз ба сари худу авлоди онҳо ояд. Тамоми мардуми зафарманди Тоҷикистон барои равнақу ривоҷ додани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пайи он хуни ҳазорҳо нафар падарону модарони мо рехтааст, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд бурд.

Мо як давлат дорем, ки он ҳам Тоҷикистони азиз мебошад.

Бинобар он ба тамоми мардуми шарифи тоҷику тоҷикистониён муроҷиат карда мегӯем, ки мо, аҳли муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 –и деҳаи Орзӯи ноҳияи Зафаробод барои ободии Ватани азизамон аз тамоми сарчашмаҳо истифода бурда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ хизмати хешро дарещ нахоҳем дошт ва ҷавононро огаҳ месозем, ки фирефтаи гуфтаҳои иғвогарон нагарданд.

Сангинов Д., омӯзгори МТМУ №17

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар