mt3.org

Хабарҳо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба мақоми олии қонунгузор дар қатори инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди рукни низоми давлатдорӣ ва баъзе мушкилоти асосии муосир, камбудиву норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ сухан ронда чанд маротиба аз таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдоварӣ намуда буданд.

Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ зимни шинохти фаъолияти ҲНИТ маълум гардида буд, ки бархе аз кишварбову ташкилотҳо ҳамчун пуштибону сарпарасти ин ҳизби фаъолияташ мамнуъ эътироф мешаванд.Ин бесабаб ҳам нест. То замоне, ки ҲНИТ фаъолияти расмӣ дошт, ҳамагуна воридаҳои моливу пулиро аз ин ташкилотҳо ё кишварҳои алоҳида зери пӯшиши кӯмаку грант дарёфт мекард.

Умуман, ҲНИТ гарчанд зери чунин ном фаъолият мебурд, аммо мақсади нопокро пешаи худ карда, мехост ба номи миллати тоҷик ва дини мубини Ислом иснод орад. Зикр кардан ба маврид аст, ки Сохтори минтақавии зидди терористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ҲНИТ –ро  ба феҳристи номубораки ташкилотҳои террористӣ ворид кардааст.

Ҷавонон, ки ояндасозони миллат ба ҳисоб мераванд, бояд чун шахсони рӯшанфикру равшанзамир аз чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ нафрат намуда, ҷиҳати решакан ва нобудсозии ин қувваҳои нопок ҳамеша омода бошанд.

Хулоса карда гуем, агар ҳар як фарди Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуби террористӣ саҳми арзанда гузорад, бо боварии комил гуфта метавонем, ки  ягон қувваи нопоку ғаразноки қазияи мазкур ба Тоҷикистони ҳамешаҷавони мо осебе расонида наметавонад.

Раҷабалӣ Раҳмонов, омӯзгори МТМУ-и №12-и нохияи  Зафаробод

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои сертиҷои ифродгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумонро зери хатар мегузорад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуротҳои номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Терроризм ва ифродгароӣ дар байни табақаи мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронаоварӣ меоварад. Ифродгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меоварад. Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст. Дар замони муоссир бидуни пешрафти илму техника рушди инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ масъалаҳои терроризм ва ифродгароӣ хатарафзо, ташвишовар боқӣ мемонад. Дар шароити имрӯзаи шарқи миёна,  миёни ҷумҳуриҳои пасошӯравию осиёи марказӣ ҷунбишҳои ифродгароёнаи ба ном исломӣ  яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақа маҳсуб мегардад. Ошноӣ ба ҷаҳонбинӣ ва бунёди мафкуравӣ инчунин усулҳои муборизаи ин гуруҳҳо зарурати омӯзиши ва мавриди таамул мебошанд. Зеро надонистани ҳадафҳои стратегии онҳо ҷомеъаро метавонад. Ба муаммои сарбаста рӯ ба рӯ карда, боиси хараҷу мараҷ ва нооромиву бесарусомониҳои зиёд шаванд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсияи мафкураи миллии таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ҳифзи манфиатҳои стратегияи Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Мақсади мо аз навиштани мақолаи мазкур низ дар ҳамин аст, ки то мазмун ва мундариҷаи ғояҳои ҳаракатнокӣ равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористӣ доштанро ба доираи васеъи хонандагон махсусан ҷавонон дастрас намуда, барои ҷомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона буда, пайравӣ ба он оқибатҳои сангини иҷтимоӣ ба бар меорад.

Мирова Г.Н.,-омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Зафаробод

Санаи 15 майи соли 2018 дар Қасри фарҳанги ноҳиявии «Зафар» дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашурзода бо раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ, сархатибони масҷидҳои ҷомеа ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, кормандони соҳаи кишоварзӣ, аминони маҳаллаҳо, донишҷӯёни литсею коллеҷҳо  ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуд.

Раиси ноҳия оид ба муҳтавои асосии «Суханронии Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони ҷомеи кишвар»  баромад намуд.

Баъди суханронии раиси ноҳия сардори шуъбаи дар Зафаробод будаи кумитаи амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Ф.Ш. оид ба мубориза ба зидди ҳаракатҳои террористӣ-кстремистӣ, муовини директори Маркази  пешгирӣ ва мубориза бар муқобили вируси норасоии масъунияти одам Содиқов О.Қ. оид ба ҳифзи солимии ҷомеа  ибрози ақида намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин чанд тан аз  зиёиён, ходимони дин, соҳибкорон аз  аз ҷумла  сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳия Нуриддин Насриддинов, соҳибкорон -Кенҷаева Шаҳло, Нормаматов Абдусмад, ҷонишини сарвари литсейи шаҳраки Меҳнатобод - Тошев А., собиқадори соҳаи маориф  Оча Зиёева, раиси хоҷагии деҳқонии «Угук» - Бегов Мирзо ва дигарон баромад карда, нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, дастгирии ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, иҷрои ҳатмии қонуну қарорҳои давлатӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ карданд.

Зимни баромади худ соҳибкорони ватандӯсти ноҳия асосан ташаббус пеш гирифтанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳо, мактабҳо, марказҳои тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ, фаъолона иштирок мекунанд.

Дар охир  раиси ноҳия бо итминон иброз дошт, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю кӯшиш хоҳад кард.

 

 

Санаи 15-уми майи соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори меҳмонхонаи «Ситора»-и ноҳия Рўзи байналмилалии оила таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оилаҳои ҷавон ва ҳунарманд иштирок намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур табрикоти раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба  самъи иштирокчиён расонида шуд.Инчунин аз тарафи раиси ноҳия ба ичтирокчиёни чорабинии мазкур тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Баромади  раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ

бахшида  ба «Рўзи байналмилалии оила»

15 майи соли 2018

Ҳозирини муҳтарам!

Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо дарназардошти Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид  аз 20 сентябри соли 1993, рўзи 15 май дар  тамоми ҷаҳон ҳамчун «Рўзи байналмилалии оила» эълон гардида, аз соли 1994  ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо  ва дар симои  Шумо кулли сокинони ноҳияро бо Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракати рузгор, меҳру муҳаббати саршор ва ба кишвари азизамон тинҷию осоиштагӣ, осмони софу беғуборро таманно менамоям.

Бояд зикр намоям, ки  оила сутун ва асоси ҷомеа буда, онро бояд  ҳаматарафа мустаҳкам ташкил  кард. Чунки оила ин сарчашмаи ҳаёти инсонист ва муқаддастарин  ганҷина аст. Оилае, ки  дар он якдигарфаҳмӣ, иззату ҳурмати тарафайн, дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати  ҳамдигар ҷой дорад,  он оила пойдор ва солим ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати  мақоми  волои оила чунин фармудаанд: «Оила  асоси давлат ва ояндаи  миллат буда, ҷомеаи солим дар сари оилаи солим қарор дорад». Пойдевори оилаи солим бояд  аз меҳру муҳаббат, садоқат, мурувват, адолату покдоманӣ ва эҳтироми  тарафайн бунёд ёфта бошад, зеро оилаи устувору солим нерўи пешбарандаи  ҷомеаи имрўза ба ҳисоб меравад.

Оилаи солим аз сарварони он: зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, андеша, эҳтироми якдигар ва тарбияи фарзандони  руҳан ва ҷисман  солимро бо ҳиссиёти баланди  хештаншиносию ватандўстӣ, меҳнатдўстию ростқавлӣ ва поквиҷдонии волоро  талаб менамояд.

Модар  аввалин мураббии башарият буда, тарбияи инсоният аз домони поки ў оғоз мегардад. Чунки фарзанд-ин фишурдаи ҷавҳари башарият, маҳсули  ақлу идрок ва нерўи   инсонист. Модоме, ки чунин аст, ҳар як  шахси бомаърифати аъзои  оила бояд  хеле хуб дарк намояд, ки солимии руҳию равонӣ дар кори оиладорӣ ҳамчун ҷавҳари  ноёб буда, инсонро ба сўи дастоварду комёбиҳо, некрeзию  хушбахтиҳо мебарад. Солимии ақлу идрок ба тамоми  лаҳзаҳои ҳаёт, яъне оиладорӣ, муошират, кору фаъолият, тарбияи фарзандон таъсири ниҳоят муҳим ва босамар мерасонад.

Боиси хурсандӣ ва қаноатмандист, ки ба шарофати Истиқлолияти миллӣ ва расидан ба Ваҳдати комил дар қатори кулли ҳамватанон некуаҳволии мардум пайваста рeй ба беҳбудӣ ниҳода, бар асари он солимии оилаҳо боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.Муҳити софу беолоиш, корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ дар кишвар, тарбияи сифатан нави наслҳои ояндасоз, дастовардҳои чашмраси иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар ҷабҳаҳои зиндагӣ гувоҳи онанд, ки дар Тоҷикистони  азизи мо, аз ҷумла ноҳияи Зафаробод, сафи оилаҳои солиму пурэъҷоз пайваста меафзояд.

Дар баробари ин мехостам эътибори Шуморо ба чанде аз масъалаҳои доuи корҳои оиладорӣ ва тарбияи наслҳои ҷавон ҷалб намоям.   Тибқи маълумотҳои оморӣ дар чор моҳи соли 2018 мувофиқи ноҳия 176 адад маросими ақди никоҳ гузаронида шудааст. Лекин дар айни замон 21 адад ақди никоҳ, яъне 12 фоизи он  бо қарори Суди ноҳия ва 7 адад ақди никоҳ бо аризаи якҷояи занону шавҳароне, ки фарзанд надоранд, аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия бекор карда шудааст.  Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бархе аз ҷавонони мо ба зиндагии мустақилона ҳанeз омода нестанд ва ба тарбияи мову Шумо эҳтиёҷ доранд.

Бо дарназардошти ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа -никоҳи хешутаборӣ, ки дар мо тоҷикон қаблан як ҳодисаи маъмулӣ буд, тибқи дастуроти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат баёнгардида соли 2016 ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйироту  иловаҳо, аз ҷумла манъ будани никоҳ ва издивоҷи хешу таборон, ҳатмӣ намудани аҳдномаи никоҳ ва муоинаи тиббии пешазникоҳии навхонадорон ворид карда шуд. Бо вуҷуди он, ки оиди ин масъалаҳо аз тарафи масъулин дар маҳалҳо корҳои муайян бурда мешавад, баҳри амалӣ намудани тағйироту иловаҳои мазкур  роҳбарони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар ноҳия, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони тибб, омeзгорон, собиқадорони барeманди ноҳия ва аминони маҳаллаҳоро зарур аст, ки бобати солимӣ ва мустаҳкамии оилаҳо,  тадбирҳои амалӣ андешанд.

Муҳтарам ҳозирин!

Санаи 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбади пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот гузарониданд. Дар ин мулоқоти таърихӣ дар баробари дигар масъалаҳои мубрами рўз Пешвои миллат инчунин ҷиҳати ташкили оилаҳои солим, таълиму тарбияи фарзандон, никоҳи хешутаборӣ, танзими расму оинҳои миллӣ махсус таъкид намуданд.

Дар охир ҳамаи Шумо намояндагони оилаҳои беҳтаринро, ки дар ин чорабинӣ иштирок доред ва дар шахси Шумо кулли мардуми ноҳияро ба муносибати Рўзи байналмилалии оила самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар як оилаи ноҳия тани сиҳат, хотири ҷамъ, хушбахтӣ, дастурхони пурнозу неъмат ва барои ба дунё овардани фарзандони солим, тарбияю ба воя расонидани наслҳои ояндаи давлату миллат  барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед.

Рўзи байналмилалии оила муборак, ҳамдиёрони азиз!

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд