mt3.org

Хабарҳо

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҳисоби ҷавонони фаъолони ҷомеа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо мақсади тарғиб ва ташвиқи ғояҳои баланди ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тараннуми Истиқлолияти давлатию Ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб ва хатарзои ҷомеа аз ҷумла терроризим ва ифротгароӣ, омилҳои бегонапарастӣ, мусоидат ба рушди устувори ҷомеа, ҳамчунин бо мақсади тадбиқи дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12 майи соли ҷорӣ баён карда буданд, гуруҳи махсуси тарғиботиву ташвиқотӣ таъсис дода шуд.

Ба гуруҳи мазкур бо пешниҳоди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Сарфароз Фаттоҳзода гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии «СОЗАНДА» номгузори гардида, ҳайати гуруҳ бо мувофиқаи Сардори шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Сафаров Фируз Шарифович аз ҷониби Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ тасдиқ карда шуд.

Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ҷаласаи аввалини гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии «СОЗАНДА» бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Дар ҷаласаи имрӯза Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифов Туйғун Тоҳирович ва Сардори шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Сафаров Фируз Шарифович иштирок ва суханрони намуданд.

Дар баромади худ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод аъзоёни гурӯҳро вазифадор намуд, ки бо таҳияи нақша чорабиниҳои мушаххас дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту корхонаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин вохӯрию мулоқот ташкил намуда, моҳияти масъалаҳои зикргардидаро ба ҷомеа расонанд. Инчунин  ҳамкориро бо васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи пешниҳоди вокуниш, изҳорот ва мақолаҳои тарғиботӣ ба роҳ монанд.

Сардори шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Сафав Фируз Шарифович дар баромади худ аз пайвастшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористи дошта нигарони карда, аъзоёни гуруҳро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ ҳидоят намуд. Бо ҳар як аъзои гуруҳ, ки 23 нафарро ташкил медиҳанд мулоқот намуда, назди онҳо вазифагузориҳои мушаххас гузошта шуд. Инчунин бо мақсади муайян намудани шахсияти аъзоёни гурӯҳ ҷамъ овардани маълумотнома ва варақаҳои шахсии онҳоро дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия пешниҳод намуд.

Тибқи протоколи ҷаласаи аввалин ҳар моҳ як маротиба ҷамъомади ҳисоботии гурӯҳи «СОЗАНДА» гузаронида мешавад.Назорати умумии фаъолияти гуруҳи «Созанда» ба зиммаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифов Т ва корманди шуъбаи дар ноҳияи Зафаробод будаи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Қаюмов Ш. вогузор карда шуд.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод                   Дониёров Парвиз

ИЗҲОРОТИ  аҳли уламои дини ноҳияи Зафаробод

Шукри Худованди мутаъол, ки имруз ватани  азиз ва биҳиштосоям Точикистон, бо рохбарии Пешвои муаззам, соҳиби хиради худодод Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, рӯз то рӯз ва кадам ба кадам дар катори мамлакатхои пешрафтаи чаҳон чой гирифта истодааст, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дарак медихад.

Аммо ин дастовардхо душманони миллатро ором нагузошта истодааст. Шукронаи сулҳу ваҳдатро ба ҷой наоварда боз дар назди Сафорати Эрон гирдиҳамоии одамони динфурӯшу мазҳабфурӯшро ба монандаи аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ташкил намуда, мехоҳанд мазҳабҳои ба мо бегонаро дар байни мардуми мо ҷорӣ намуда аз хоҷагони хориҷиашон дастмузд гиранд. Сокинони имрӯзаи кишвар ба монанди сокинони солҳои 90-уми асри гузашта нестанд, ки ба ҳар гуна даъвату дасиса ҳамроҳ шаванд. Як маротиба ҳамроҳ шуда лаззаташро чашиданд. Ҳоло бошад танҳо ашхоси беномус ва бевиҷдон ин гуна гирдиҳамоиҳо ташкил намуда ҳаёту номуси модару хоҳар ва зану фарзандашро дар хатар мегузорад.. Мо аз ин гуна ашхос ҳазар мекунем. Собиқ раиси ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ агар орӯ номуси тоҷикона медошт нисбати модар-ватан, миллат ин қадар хиёнат намекард ва дар хориҷи кишвар паноҳ намеҷуст ва имрӯз бо ҳар баҳона тинҷиву осоиштагии  кишвари биҳиштосои моро халалдор намекард.

Имруз Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон ва фаъолияти барчастаи у роҳ ба суи оядаи нек дорад. Суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи мамлакат, ки санаи 12.05.2018 сол баргузор гардид, аз ҷониби кулли сокинони кишвар ҷонибдори ёфт.  Имруз мардуми Тоҷикистон шукрона аз соҳибистиклолии Ватан намуда фаризахои дини мубини исломро дар ҳамаи масҷидҳое, ки дарашон ба руи онхо боз аст ба ҷо меоранд. Аммо роҳе, ки душманони миллат аз ҷумла ташкилоти экстремисти террориристии ҲНИТ интихоб кардааст рохе мебошад, ки мардумро ба торикихо ва зулмат мебарад. Зеро, ки сиёсате, ки онхо таблиғ мекунанд сиёсати зуроварист, ифротгароист, ки дини мубини ислом онро маҳкум мекунад. Шайтон бо чашми инсон ва тафаккури у хакикатро чун зулмот ва зулмотро чун ҳақикат ҷилва медихад. Аммо Худованд мутобиқ ба он ояти гуҳарбораш «Эхдинасиротал мустаким, сироталлазина анамта алайҳим ғайрилмағзуби алайҳим валазолин» мувофиқ ба нияташ ва ҳаракаташ аз роҳи бад аз зулмот мегардонидааст.

Шукрона ба даргоҳи худои якка мекунем, ки чунин як фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззамро ба мо ҳадя кард ва моро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуд.

Худоё шукрона ба даргоҳат, ки аз зулмот ба суи равшани маро ҳидоят кардӣ ва бародарони маро низ хидоят бикун, мамлакати биҳиштосоямро боз зеботар гардон ба Пешвои муаззами миллат баракоти умр обруву эътибори чаҳониро арзонӣ бигардон.

Аҳли уламои ноҳияи Зафаробод

 

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии нохияи Зафаробод чорабинии фарҳанги баргузор гардид.  Лахзахои чорабинии мазкур дар расм:

 

“Террорист ватан, миллат, ва дину мазҳаб надорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаҳони имрӯза ба мавҷи хушунатбори гурӯҳҳои ифротиву хусусияти террористидошта мувоҷеҳ гашта, солҳои охир доир ба афзоиш ва густариши терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлубу хатарафзо, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд дар васоити ахбори омма хабару нигоришоти зиёде ба назар мерасанд, ки ин нукта давлату ҷомеаи соҳибтамаддуни моро низ бетараф гузошта наметавонад.

Ҳадаф аз баёни ин матлаб, пеш аз ҳама, аз хатари глобалии терроризм ба масоили сиёсати умумиҷаҳонӣ дониста мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатару таҳдиди терроризми байналмилалӣ бетараф буда наметавонад. Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки имрӯз соири кишварҳои оламро фаро гирифтааст, зуҳури падидаҳои номатлуби замон, амсоли терроризм, экстремизм ва сепаратизм вазъиятро дар равобити байналмилалӣ ноором сохта, пайваста ба амнияти кишварҳо таҳдид менамояд. Нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, аз вазоифи аввалиндараҷаи Ҳукумату роҳбарияти мамлакат маҳсуб ёфта, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор менамояд, ки дар ин масъала бетараф набошанд.

Терроризм аз вожаи лотинии “terror” сарчашма гирифта маънои тарс, ваҳм ва бимро дорад, ки асосан ашхос ва гурӯҳҳои даст ба амалҳои террористӣ зананда, мақсад ва мароми нопоки хешро бо роҳу равишҳои хусусияти зуроварӣ ва тарсу даҳшатафканидошта, пиёда месозанд.

Экстремизм бошад аз калимаи фаронсавии “extremizme” ва истилоҳи лотинии  “extremus” реша гирифта, маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, афкор ва амали тундравона мебошад ва экстремист шахсест, ки дар фаъолияти ҳаётии хеш тарафдории амалҳои якравона ва тундравиро маром қарор дода, онро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти худ – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш мавриди истифода қарор медиҳад.

Экстремизм дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм-ифротгароӣ” ба таври зайл баён карда шудааст, ки ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Ташкилоти экстремистӣ ин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ё дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки нисбати он тибқи асосҳои пешниҳоднамудаи қонуни дар боло зикршуда оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолияти вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонун даромадааст, мебошад.

Терроризм ва экстремизм вожаҳои нав набуда, дар тӯли таърихи инсоният арзи ҳастӣ намуда, фаъолияти онҳо дар аксари ҳол бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шуда буд ва дар акси ҳол, дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуд, ки асосан бо воситаи зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлат - ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯровариро нисбати аҳолии осоишта ба амал мебарорад.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манотиқи курраи замин, алалхусус, мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешавад ва ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми аъмоли ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бавижа дини мубини Ислом алоқамандие надоранд.

Дарки ҳамин мафоҳими дар боло зикршуда аст, ки Роҳбари муаззами кишварамон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин, Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид мекунанд.

Дар таблиғи ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷомеаи осоишта, алалхусус, ҷавонон таблиғ ва интишор менамоянд. Дар айни ҳол гурӯҳҳои террористии ба ном “Давлати исломӣ”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида”, “Боко-Ҳарам”, “Толибон” ва монанди инҳо барои анҷомдиҳии ғаразҳоии сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ фаъолият доранд.

Ин ҳолатҳо асосан дар Шарқи Наздик, Осиё, Русия, Африқои Шимолӣ, баъзе манотиқи Аврупо ва Афғонистони ҳамсоякишвари мо ба назар мерасанд, ки ин баёнгари ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир мубаддал гаштани ин зуҳуроти номатлуб мебошад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20-уми январи соли 2016 ин падидаро ҳамчун вабои аср ва на кам аз хатари яроқи ядроӣ тазаккур дода, таъкид менамоянд, ки: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба аманияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Терроризм ва экстремизми муосир дар даҳсолаҳои охир бо прогресси илмӣ ҳамқадам ва дорои яроқу аслиҳаҳои гуногуннамуди қатли ом гашта, ҳатто дар ихтиёр васоити ахбори омма ва тарзҳои интиқоли иттиллот, инчунин механизми муосири таблиғотиро низ ба даст овардидааст.

Терроризм ва экстремизми муосир симои ба худ сиёсӣ гирифта, дар навбати аввал, бо ваъдаҳои пучи инқилоби иҷтимоӣ ва озодиҳои миллӣ, таблиғотӣ ва шиорпардозӣ намуда, ҳатто ба тасарруфи ҳудуди сарҳадоти давлатҳо азм намуда, гӯшаҳои гуногуни сайёраи дунёро фаро гирифта, тадриҷан паҳн гашта истодааст.

Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд,  низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин,  соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат наметавонад пояҳои давлатдории хешро мустаҳкам гардонад, балки ин амал боиси шикаст, хорӣ ва залилии он гардида метавонад.

Дар ин росто, боз ҳам аз суханони қотеъ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мубориза бо терроризм ва экстримизм фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд ва истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад - гӯён таъкид месозанд, хело бомаврид буда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, ки мубориза бо терроризм ва экстремизмро маҳаки кори хеш қарор додаанд, заминаи муҳим ва ҳушдори бамаврид маҳсуб меёбад.

Аваззода Саҳбо Аваз - сарвари МТМУ №3

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд