mt3.org

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дини мубини Ислом аз оғоз то охираш тарғибгару ташфиқгари тамоми хисоли ҳамидаи инсонӣ, амсоли инсондӯстӣ, некӣ ва накӯкорӣ,раҳму шавқат,инсофу адолат,дӯстдории Ватан-модар буда, ҳамаи хислатҳои разилаи инсониро монанди, бадиву бадахлоқӣ, беинсофиву бераҳмӣ, хиёнат ба ватану миллатро зери тозиёнаи танқидӣ чорчӯбаи худ қарор додааст.

Мутаассифона шахсиятҳои аҳримансифате ҳастанд,ки ин дини мубораки инсондӯстиро бо мақсади пиёда намудани ағрози сиёсии номатлуби хеш истифода карда, онро чун «воситаи бегуноҳнишондиҳанда» истифода менамоянд.

Лозим ба зикр аст, ки пас аз соҳибихтиёр гардидани ватани азизамон Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ амал мекарданд. Яке аз аҳзоби сиёсии амалкунанда дар Тоҷикистон ҲНИТ ба ҳисоб мерафт,ки роҳбари хойину нохалафи он Муҳиддин Кабирӣ буд.

Тоҷикистон чун як давлати ҷавони нав исттиқлолият бадастоварда,  ба инобат гирифтани манфиатҳои фарҳангиву динӣ ва миллӣ ба ин ҳизбе, ки «Дар асл аз он танҳо хиёнату разолат, ҷаҳолату касофат сар зад» илқогару тараннумгари ҷабҳаҳои хубу гуманистии дини мубини ислом бояд ба ҳисоб мерафт иҷозаи фаъолият карданро дод.

Бадбахтона нафарони масъули ин «ҳизби манфиатовар» рисолати воқеии хешро фаромӯш карда, дар охир чеҳраи манфуру шайтониашонро  нишон доданд ва дар Тоҷикистон ҲНИТ чун ҳизби террористӣ муайян гардиду  хушбахтона  бо ҳукми Суди Олии мамлакат аз санаи 29-10-2015 барҳам дода шуд.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва созмонҳои бадбахтиовари террористӣ амсоли ҲНИТ мавҷуд ҳастанду хатари ҷиддии ҷаҳонӣ доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба хатарҳои чунин зуҳуроти номатлуби ҷаҳоне, ки айни бархурди фарҳангҳост таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба  мақомотҳои қудратии мамлакат супоришҳои зарурӣ додаанд.

Мо ҷавонон , ки воқеан ояндасозон ва меросбарони асили ин миллати боасолат ҳастем, бояд чун пайравони ҳақиқии Пешвои миллат дар роҳи решакан намудани чунин зуҳуроти хилофи хушбахтии ҷомеа ватанпарастона мубориза барем ва нагузорем то нохалафоне чун ворисони Кабирии хоин ба якпорчагии Тоҷикистони азиз халале ворид созанд.

Хусравҷон Раҷабов, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ-и №12-и н.Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд