mt3.org

Ҷаҳони муосир  пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм,  ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Мутаасифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлубро аз қабили

радикализм ва экстремизм, синкретизм (яксон, махлут кардани назария, андеша ва ақидаҳои ба ҳам мухолиф), нигелизм (инкори маслаку мафкура, хулқу одоб, сохтори маъмӯли ҷомеа), тоталитаризм (яккаҳукмронӣ ва маҳрумият аз тамоми намуди озодиҳо), космополитим (рад кардани ҳуввияти миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллию  динӣ) - ро мушоҳида кардан мумкин аст.

Он чиз муссалам аст, ки дини мубини ислом ҳама гуна зуҳуроти экстремизм, терроризм, душманӣ, адоват, ҷанг ё задухӯрдҳоеро, ки нерӯҳои экстремистӣ ва террористӣ ба он даъват мекунанд, қатъиян маҳкум менамояд. Аммо дар тафаккури доираи муайяни муҳаққиқни кишварҳои Ғарб андешаи ботиле ҷой дорад, ки гӯё дини ислом сачашмаи ҳама гуна «ифротгароии динӣ», экстремизм ва терроризм аст. Президенти кишварамон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо, мақолаҳо ва Паёмҳои таърихии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беасос будани ин андешаҳоро қатъиян маҳкум намудаааст. – «Гузашта аз ин, ки имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб саде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Матаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифродгароӣ хоси табиати ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинда Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем, ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гутугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад».

Ҳақ ба ҷониби сарвари кишвар аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини ислом, дар баробари динҳо ва эътиқотҳои динии дигар дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо, ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст.

Бесабаб нест, ки ин муаммо дар маркази таваҳҳўҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рўзноманигорон, ҳомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҳодкор хулоса миёни тамоми мардуми солимфикр қарор гирифтааст.

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ  ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву фарогирӣ терроризм ба шаклҳои зерин тақсим мешавад; - байналхалвӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ, ва динӣ. Амалиёти террористӣ аз қисматҳои зерин иборат мебошад; -ғояҳо ва омилҳои сиёсӣ, фаъолияти зӯроварӣ, амали террористӣ. Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризми иҷтимоӣ – инқилобӣ, терроризми этникӣ – миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ – инқилобӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ ба назар мерасад.

Воаи «терроризм»  (аз калимаи лотинӣ «terror») маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҳинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ илова бар ин нобудсохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар обектҳо; сўиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҳамъиятӣ, намояндаи миллӣ. этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ; содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст равона карда шудааст.

Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиётҳои экстремистӣ ба амал  омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст.

Экстремизм-(аз калимаи лотинии «extremus» маънои аслиаш канораҷўӣ, ифротгароӣ,  тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳуротҳои номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар ҷаҳони муосир ва замони пурихтилоф ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд мақсаду маром, ѓояву андеша афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амали созанд.

Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа аз ҳумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо аз қабили «Ҳизб-ут-таҳрир», равияи динии «Салафия», ҳамъияти «Ансуруллоҳ», «Гуруҳи- 24» ва ғайра пайдо шуданд, ки мақсади онҳо заиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва киштани тухми низову нифоқ дар ҷомеъа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амал экстремизм аст ва дар аксар маврид он ба ихтилофу ҳудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ дар ҷомеъа ва баъзан ба оқибатҳои фоҷиаангез  меорад. Мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд гурӯҳҳо ё ташкилотҳои экстремистӣ ва ғайриқонуни амалкунанда дар қаламрави кишвар маън карда шудааст. Дар таърихи 30 марти 2006 ташкилотҳои зерин; - «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тайиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамъияти Таблиғ», ташкилоти динӣ – миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод» ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дониста шудааст.

11 марти соли 2008 «Ҳизб-ут-таҳрир» ҳамчун ташкилоти экстремисти эътироф карда шудааст. 8 январи соли 2009 равияи динии «Салафия», 3 майи соли 2012 ҳамъияти «Ансуруллоҳ» ва декабри соли 2014 «Гуруҳи - 24» ҳамчун ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва ѓайриқонунӣ шуморида шудаанд.

Бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо дар қаламравӣ Тоҳикистон, ҳамчун гурўҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва ѓайриқонунӣ маън карда шудааст.

Экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир бо ҳам таъвам ва пайваст мебошанд.

Вожаи «терроризм»  (аз калимаи лотинӣ «terror») маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст.

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ илова бар ин нобудсохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар обектҳо; сўиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ; содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст равона карда шудааст.

Аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимои ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгири ва бартараф намудани ин равияҳои номатлуб Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифродгароӣ ) ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.  Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ  дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар эидди экстеримзм (ифротгароӣ) таҳкид шудааст, ки) ташкил кардан, ба қайд гирифтан ва фаъолият намудани ташкилотҳои экстремистӣ ва ё ташкилотҳое, ки барои амалӣ шудани экстремизм мусоидат мекунанд; б)фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла паҳн кардани маводҳои экстремистӣ; в) ба Ҷумҳури Тоҷикистон омадан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ё ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд; г) додани ҳуҷҷат барои истиқомат кардан ба шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд; д) ба шаҳрвандии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд; е) гузаронидани митингҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва ё дигар баромадҳои оммавӣ, ки хилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, маън аст.

Пушида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳур содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд. Мисоли равшани ин чанд рӯз муқаддам ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷум кардани дастаи мусаллаҳи терористӣ бо сараврии собиқ ҷонишини вазири  мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал – майёр Ҳоҷи Ҳалим Назаров мебошад.

Ин амали номардонаи хоинони ватан аз ҷониби тамоми шаҳрвандони кишвар маҳкум кардашуд. Мардуми шарифи шаҳри Ваҳдат сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварамонро ҷонибдорӣ намуда,  дар масъалаи дастгир ва ба сохторҳои дахлдор супоридани аъзоёни гурӯҳи террористӣ саҳми худро гузоштанд. Хушбахтона,  мақсади хоинонаи ин гурӯҳи террористӣ,  ки мехост ҳаёти осоиштаи кишвари моро халалдор намуда ваъзи дохилии кишварро муташаниҷ гардонанд амалӣ нашуд.  Сайдои Насафӣ ба ин маъно хуб фармудааст.

Он кас, ки ба душмани халқ равон аст, чу бахр

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Имрўз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Мо хуб дарк мекунем, ки  дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҳ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин тамоми кишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгарои дастаҷамона ва беамон мубориза баранд.

Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҳ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд.  Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҳониба мусоидат намоем.

Аваззода Сахбо Аваз,  директори МТМУ №3

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд