mt3.org

Хабарҳо

 Субьи имрўз раиси ноьияи Зафаробод муьтарам Ашурзода Ражаб Рузи ва намояндаи маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии вилояти Сущд Абдураьмонзода Икром ба муассисаи таьсилоти миёнаи умумии №13-и ноьия ташриф оварданд.

Раиси ноьия муьтарам Ашурзода Ражаб Рузи суханрони намуда ом=згорону хонандагони муассисаро бахшида ба Р=зи Дониш муборакбод намуданд. Инчунин раиси ноьия дар суханронии худ таъкид намуданд, ки  соли жорц аз 922 нафар хатмкардагони муассисаьои таълимии ноьия  573 нафар тариыи ММТ-и назди Президенти Жумьурии Тожикистон ба муассисаьои олии кишвар ыабуд шуданд, ки 62,1% хатмкунандагонро ташкил медиьад. Аммо ин нишоньиданда моро ыонеъ карда наметавонад. Устодону ом=згорони муассисаьои таълимиро мебояд, ки нисбати тарбияи насли наврас аьамияти жидди дода, дар ин раванд баробари волидайн сахтгиру серталаб бошанд.         

Сипас намояндаи маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии вилояти Сущд, Абдураьмонзода Икром табрикоти Раиси вилояти Сущд, муьтарам Ражаббой Аьмадзодаро бахшида ба  Р=зи Дониш ба ьозирин ыироат намуд.

Инчунин мудири шуъбаи мориф Ниёзыулова Дилафр=з баромад намуда ьозиринро  ба муносибати Р=зи Дониш табрик намуд. Сипас ьама ба синфхонаьо ворид гардида дарси Сульро тариыи телевизион тамошо карданд.

 

 

 

 

 

          Рўзи  30 сентябри соли 2018 тибқи ҷадвали Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истиқболи Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» баргузор гардид.

Дар маҳфили «Адибони ваҳдатсаро»  мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омўзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия ва шоирону адибони ноҳия иштирок намуданд.

Инчунин дар маҳфили  «Адибони ваҳдатсаро» аъзои Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ -  Мақсудов Мирзоаъзам, Урунбой Усмон - нависанда, Гулнора Усмонӣ - шоира, Шарофат Турдиалӣ - шоира, Аҳлирасул Муҳаммад - шоир иштирок намуда,  оид ба дастовардҳои Истиқлолят сухан ва шеърҳои худро қироа намуданд.

Адибон ва шоирони ноҳия аз он ҷумла Иброҳим Калонзода, Муҳиддинов Нуриддин, Рустамов Зуҳриддин ва Мадинаи Исмат   низ дар маҳфили мазкур фаъолона иштирок намуда, шеъру қасидаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд.

 Маҳфили  «Адибони ваҳдатсаро» дар ноҳия бо як рўҳияи идона ва хотирмон ба анҷом расид.

Ҳамчун як тан зиёи тоҷик амалҳои ноҷавонмардонаи чанд тан хоинони миллат дар ноҳияи Данғараросахт маҳкум менамоям. Мусаллам аст, ки дар паси онҳо бадкирдорону хоинони миллат бо дастнишондиҳандаҳои хориҷии хеш меистанд. Маҳз ғаразҳои беандозаи намояндагони ҲНИТ, ки мамнуъ буда, ҳизби террористу ифротгаро эълон шудааст ва ё ДИИШ, ки аз мақсадҳои   нопоки хеш даст накашидааст боиси сар задани ин ҳодисаҳои ноҷавонмардонаи чанд тан хоинони миллати тоҷик гардид.

Бо ин амалҳо онҳо хостанд ба одатҳову хислатҳои барҷастаи меҳмоннавозию анъанаи неки халқи мо раҳна андозанд. Шукр аҳли ҷаҳон ин кирдори онҳоро маҳкум намуда, доир ба меҳмоннавозии тоҷикон бо самимият ҳарф мезананд. Сайёҳони зиёд аз сар задани ин ҳодиса таассуф хурда изҳор намуданд, ки ин ҳамлаи ноҷавонмардона наметавонад пеши роҳи сайёҳони хориҷиро ба  Тоҷикистон гирад.

 

Халқу миллати тоҷик ин амали ноҷавонмардонаи хоинони миллатро ҳеҷ гоҳ намебахшад.

Шоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.

Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, атраксионҳо ва  дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд.

Корҳои навсозӣ дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир дар ҳудуди иншооти мазкур ниҳоли дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуданд ва девору роҳравҳо сафолакпӯшу соҳили кӯлу атрофи боғ пурра навсозӣ гардиданд.

Ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ бошад  267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд.

Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд.

Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғ ро зебою назаррабо гардонидаанд.

Як фавораи бузурги бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фавораи хурди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бо рӯшноии чароғҳои ранга муҳити атрофро  ҷаззоб месозанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудаас

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки ин Ватанро танҳо метавон бо садоқату вафодорӣ ва хизмати содиқона пойдору пешрафта гардонд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе даҳҳо чунин иншооти истироҳатию фароғатӣ бунёд ва навсозӣ карда, дар онҳо барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.

Мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе бо зебоии хосашон диққатҷалбкунанда буда, ба макони сайру гашт ва истироҳати доимии сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.

Фавораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо ва дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ ба боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳусни нотакрор бахшидаанд.

Барои истироҳати сокинону меҳмонон дар ин боғ 70 адад курсиҳои гуногун, гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шуда, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот ҳудуди иншооти мазкурро диққатҷалбкунанда намудаанд.

Дар боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию сайёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ дастрас карда шудааст, ки аз ин шароити  фароҳамовардашуда  табъи сокинону меҳмонон, бахусус кӯдакону наврасон болида мешавад.

Шомгоҳон боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бо чароғҳои ранга, фавораҳои дилфиреб ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ басо зебою назаррабо мегардад.

Вусъати бесобиқаи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе кулан тағийр ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизматрасонии босифат ба роҳ монда шавад.

Дар кӯтоҳтарин муҳлат кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо дар шаҳри Душанбе комилан навсозӣ шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» минбаъд бо шароити мусоиди истироҳату фароғат дар хизмати сокинону меҳмонон қарор гирифта, ба ҷойи дӯстдоштании онҳо табдил хоҳад ёфт.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд