mt3.org

          Рўзи  30 сентябри соли 2018 тибқи ҷадвали Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истиқболи Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» баргузор гардид.

Дар маҳфили «Адибони ваҳдатсаро»  мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омўзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия ва шоирону адибони ноҳия иштирок намуданд.

Инчунин дар маҳфили  «Адибони ваҳдатсаро» аъзои Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ -  Мақсудов Мирзоаъзам, Урунбой Усмон - нависанда, Гулнора Усмонӣ - шоира, Шарофат Турдиалӣ - шоира, Аҳлирасул Муҳаммад - шоир иштирок намуда,  оид ба дастовардҳои Истиқлолят сухан ва шеърҳои худро қироа намуданд.

Адибон ва шоирони ноҳия аз он ҷумла Иброҳим Калонзода, Муҳиддинов Нуриддин, Рустамов Зуҳриддин ва Мадинаи Исмат   низ дар маҳфили мазкур фаъолона иштирок намуда, шеъру қасидаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд.

 Маҳфили  «Адибони ваҳдатсаро» дар ноҳия бо як рўҳияи идона ва хотирмон ба анҷом расид.

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд