mt3.org

Хабарҳо

Соли равон  бобати фароҳам овардани шароитҳои мусоид дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба сомон расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев, пас аз азнавсозӣ ба истифода додани бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан, азнавсозии Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод бо ҳуҷраи хатнасур, азнавсозии бинои таваллудхонаи деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан ва чароғонкунии кўчаҳои марказии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз иқдомоти бунёдкоронае мебошанд, ки ба ифтихори ҷашни фархунда мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҷашни 27-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо рўҳияи баланд ва хотирмон бо баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногун таҷлил карда шуд. Дар арафаи ҷашн аёдати  ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд ва бепарастор ба роҳ  монда ба онҳо  кўмакҳои моддӣ расонида шуд.

Санаи 7 сентябр ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо иштироки оммаи васеи сокинони ноҳия бо шукўҳ таҷлил карда шуд. Дар чорабинии идонаи ҷашнӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолзода Фарҳод Воҳид, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдураҳмонзода Икром иштирок намуда, табрикоти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоятро ба саҳми сокинони ноҳия расониданд. Инчунин гурўҳи меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии муовини якуми ҳокими ноҳияи Ховаси вилояти Сирдарё, Маҳмудов Ислом Исмоилович дар чорабинии идона иштирок намуда, суханрони намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рузи дар чорабинӣ суханрони намуда ҳозирин ва меҳмононро бо ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуданд. Аз ҷониби бахши фарҳангӣ ноҳия барномаи идонаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати имрўзаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифода намудани рўҳияи баланди идона, ҷашни 27-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намуданд.

     

 

 

 

Cубҳи 7-уми сентябр тахминан соатҳои 9 дар назди дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиору навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор партофтанд. Шумори ин нафарон эҳтимолан дар ҳудуди 100 нафар буд ва дар миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занони миёнасол буданд.

Подробнее

Имрўз раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода дар Маркази саломатии шаҳраки Меҳнатобод бо иштироки  муовини якум, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар рафти корҳои ободонӣ ва таъмири маркази саломатии шаҳраки Меҳнатобод боздид намуданд.  

 Дар ободонии Маркази саломатӣ мардуми шаҳраки Меҳнатобод саҳми босазои худро гузоштанд.

Раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия   супориш доданд, ки ҳамин иқдомро дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳти ноҳия ҷорӣ намоянд.    

Бурузу ҳузури таҳоҷуми иттилоотӣ ва мафкуравӣ аз тариқи сомонаю расонаҳои берунӣ ва муҳимтар аз ин, шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои муҳими таблиғоти наҳзатӣ дар чанд соли ахир маҳсуб ёфта, дастандаркорони матолиби хашини ТТЭ ҲНИ-ӣ тавҳин задан ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва натиҷатан, нобоварии мардумро ба режими мавҷудаи сиёсии кишвар афзуданро мароми сиёсӣ ва ақидатии худ медонанд. Аз тариқи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок раҳбарияти созмони террористию экстремистии ТТЭ ҲНИ миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ раҳбарияти ТТЭ ҲНИ мехоҳад ҷомеаро таҳти султаи равонӣ ва идеологӣ қарор бидиҳад ва мисли пештара дар муҳитҳои иҷтимоии тоҷикӣ таъсиргузор бошад. Ин аст, ки аз хориҷ ба таҳоҷуми иттилоотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди политтехнологияи калидӣ мебардорад.

Аксари кулли қаламбадастони фаъоли расонаҳои наҳзатӣ ба таври пайваста мушкилоти мавҷударо ба ҳадди ифрот расонда, оташи нафрату бадбиниро нисбат ба режими ҳукумат аланга додан мегиранд. Ба назари мубаллиғи наҳзатӣ ҳама чиз дар қаламрави Тоҷикистон ба даст ва Ҳукумат ва масъулини давлатӣ ба дарде намехўранд. Дар баробари ин, донишу маърифати заифи худро, ки аз муште хурофот таркиб ёфтааст (вале бо завоҳири дунявӣ персота шудааст), реклама мекунанд. Аҷобатро бубинед, ки ба ном таҳлилгарони наҳзатӣ аз берун истода, дар мавриди Ватан, давлат ва миллат қазоват мекунанд ва кони дурўғ мебофанду ба иттилоои сармоягузорони хориҷӣ манзур месозанд. Зимнан, дурўғпароканиҳои онҳо на дурўғҳои оддию муқаррарӣ, балки ҳарзаю дурўғҳои осмонианд ва ба онҳо бовар кардан ба ақли солим намеғунҷад. Дар маҷмўъ, ба дуруғҳои осмонии наҳзатӣ метавон тақрибан чунин посух дод:

1.Бояд тазаккур дод, ки аврупоиён ва таҳлилгарони хориҷӣ, ғолибан муҳтоҷи иттилооти дурўғини ин тоифа нестанд, онҳо барои гирифтани иттилооти дақиқ аз пойгоҳҳои хабарии ғарбӣ, ки иқтидори бузурги иттилоотӣ ва тахассусӣ доранд, истифода мебаранд ва ба расонаҳои иғвогари наҳзатӣ, аслан эътимод надоранд. Танҳо баъзе гурўҳҳои манфиатхоҳ барои доман задани буҳронҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ бар мабнои дину мазҳаб дар минтақаҳо аз манобеи хабарии наҳзатӣ истифода мебаранду халос. Албатта, ин танҳо ба гурўҳҳои «хос»-и таҳлилгарони хориҷӣ тааллуқ дорад.

2. «Таҳлилгарон»-и расонаҳои наҳзатӣ, минҷумла Акбари Сиддиқ ва мисли ў дар Ватан нестанд ва ҳарфи онҳо, ки бар асоси иттилооти муғризини дохилӣ такя мекунанд, наметавонад вазъи куллиро дар минтақа ташхис бидиҳад. Ин аст, ки назар ва матолиби Акбару ба Акбар монандҳо барои худашону мухлисонашон писанданду бас.

3. Давлат ва Ҳукумати феълӣ ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ, сиёсати зиддимардумиро пеша накардааст ва пайваста барои баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Илова бар ин, ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ амнияту суббот ҳукмфармо буда, мардум дар фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ зиндагӣ карда истодааст. Мутаассифона, имрўз ҳам боқимондаҳои наҳзатӣ дар дохилу хориҷи кишвар ба паҳну интишор кардани дурўғу иғвоҳо пардохта, обру ва нуфузи давлатро дар арсаи байналхалқӣ костан мехоҳанд. Онҳо ба таври ошкору пинҳонӣ аз приёмҳои идеологӣ истифода бурда, ҷомеаро ба бероҳа мекашанд ва авзоъро муташанниҷ кардан мехоҳанд. Чи дар гузашта ва чи имрўз ҳадафи наҳзат буда ва ҳаст, ки мардуми Тоҷикистон зиёдтар бесавод бошанд, то аз тариқи ноогаҳӣ ва бесаводӣ рўйи шонаҳои онҳо савор шаванд ва хостаҳои худро бебаркаш амалӣ намоянд. Ин орзуи деринаи қишри рўҳонии муҳофизакор ва усулгаро аст, ки аксаран ба наҳзат бевосита ва ё бавосита иртибот доштанд ва мутаассифона, имрўз ҳамон равобити сиррӣ миёни онҳо вуҷуд дорад.

4. Таъкид кардан бамаврид аст, ки имрўз дар сатҳи элитаи сиёсию давлатӣ ба самтҳои марбута, аз ҷумла илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва давра ба давра ва марҳила ба марҳила илму маориф дар кишвар беҳбудӣ меёбад. Маблағҳои калони давлатӣ аз буҷаи кишвар ба самти маориф ва илм ихтисос меёбанд, ҳамасола муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмир мегарданд ва муассисоти нави таълимӣ дар гўшаву канори мамлакат бунёд мегарданд. Бурсияҳои таҳсилотӣ дар хориҷ барои таҳсили ҷавонони тоҷик ихтисос меёбанд, шумораи назарраси муҳассилини тоҷик дар бонуфузтарин муассисоти таҳсилоти олии кишварҳои осиёию аврупоӣ ва амрикоӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳайати профессории бонуфузтарин донишгоҳҳои русию урупоӣ барои тадрис ба донишгоҳҳои мо даъват мешаванд. Тадриҷан сатҳу сифати таҳсилот ва таҳқиқот ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик мешавад. Магар ин навъи корҳо ва тасмимоти ҷиддии давлатӣ дар умури таҳсилотӣ ва илмиро метавон нодида гирифт? Албатта, ба забони «коршиносон»-и бурунмарзии наҳзатӣ ин навъи пешравиҳо намоёнгари тараққиёт нестанд. Дигар ин ки онҳо, аслан пешравиро дар ватан дидан намехоҳанд ва бояд аз таги нохун чирк бикобанд, то раҳбарони хориҷиашонро шоду масрур гардонанд ва сармояи зарурие дарёфт намоянд.

5. ТТЭ ҲНИ ва дастгоҳҳои иттилоотии он дар дохилу хориҷ ба як нуқта таваҷҷуҳ доранд – ба ҳар роҳу васила пойин бурдани нуфузи кишвар ва миллат ва аз ин роҳ худро назди хоҷагони хориҷӣ, ки сармоягузори пружаи наҳзатианд, ширин кардан (ба умеди маблағгузории минбаъдаи пружа). Дигар ҳадафе фаротар аз ин, пушти найрангҳои наҳзатӣ ва хомабадастони онро намебинем. Аммо ёди қудрати сиёсӣ ва тасаллут бар хосу ом ҳамеша орзую ормони наҳзатӣ буду ҳаст ва он ормонгаройии вижаро набояд аз ёд баровард.

Фаридун Ориёӣ

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд