mt3.org

Хабарҳо

    Ҳодисаи ҳамла ба як гурўҳи велосипедронҳо дар роҳи Данғара – Душанбе (29 июл), ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ  гардид, ҳеҷ як фарди солимфикри кишварро бетараф намегузорад. Нохалафони ин ҳодисаи нангин ба ҷойи он ки дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кишвари азизи худро ба сокинони дунё муаррифи кунанд ва дастовардҳои 27- соли истиқлолиятро ҳифз намоянд даст ба корҳои нангин мезананд ва нуфузу эътибори ватани азизи худро дар арсаи ҷаҳонӣ паст мекунанд. Ҷавононе, ки ба ин кирдори нангин даст задаанд мумкин аст боқимондаи дастпарварони ТЭТ ҲНИ ва роҳбари беватану бевиҷдони он Муҳиддин Кабирӣ бошанд. Чунки солҳои 90-уми асри гузашта бо ин кирдорҳои хоинонаашон аъзоёни ТЭТ ҲНИ мардумро ба гирдоби ҷанг кашида бехонумон карданд. Боз мехоҳанд бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон ҷавонони моро гумроҳ карда ба ҳар роҳу восита кишвари орому осоиштаи моро ноором кунанд.

      Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рўйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дурру наздик нишон медиҳад, ки ТЭТ ҲНИ ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ мебошад. Ҳеҷ гоҳ бо ин роҳи интихобкардааш ба мақсад намерасад. Сокинони Тоҷикистон имрўз сиёҳро аз сафед ба пуррагӣ фарқ мекунанд ва дигар бозичаи дасти ТЭТ ҲНИ намешаванд. Шукри Худованди мутаъол, ки имрўз ватани  азиз ва биҳиштосоям Тоҷикистон, бо рохбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, соҳиби хиради худодод Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, рўз то рўз ба худ симои нав гирифта, мардумаш дар фазои озоду ором зиндагӣ карда истодаанд.  Пайравони дини мубини ислом озодона тоату ибодат ва тавбаю надомати худро ба ҷой оварда истодаанд.  Пешвои муаззами миллат ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ки санаи 12.05.2018 сол баргузор гардид дар суханронии худ таъкид ба таъкид оид ба зиракиву ҳушёрӣ, таълиму тарбияи фарзанд дар роҳи ватандориву ватандўстӣ ибрози ақида намданд. 

        Аммо ин неъматҳои худодод дастпарвари бегонагон собиқ раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабириро ноором карда истодааст ва намедонад сарашро ба куҷо занад ва аз ки мадад ҷўяд.   Ҳоло ў ҳамчун беватан, дар ба дари хоҷагони хориҷиаш гашта чун талбандаҳо умр ба сар бурда истодааст. Хизмати хирсонаи ҳамон хоҷагони хориҷӣ буд, ки солҳои 90-ум сокинони кишвар ба хуну хок оғушта гардида буданд. Оё ҳамон фоҷеаҳо ба Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дарси ибрат нашуд.

     Ҷаноби Кабирӣ беҳуда сарсону саргардон шуда ғуломи ҳалқабардуши хоҷагони хориҷӣ нашав, аз паи зиндагиат шав. Ҳафт пушти гузаштагонат пайравӣ мазҳаби Ҳанафӣ буданд. Чи гуна ту мазҳаби ғайрро ба худ қабул мекунӣ? Ҳеҷ гоҳ сокинони кишвар он хиёнатҳое, ки нисбат ба давлату миллат, нисбат ба ватану модар кардӣ намебахшад. Имрўз ва оянда дар назди давлату миллати худ ҳамчун хиёнаткор, хоини ватан, ватанфурўш, беор, беномус боқи мемонӣ.  Мо аз ин гуна ашхос, ки дилу нияти нопок дорад ҳазар мекунем.  

         Худоё шукрона ба даргоҳат, ки аз зулмот ба суи равшани маро ҳидоят кардӣ ва бародарони маро низ хидоят бикун, мамлакати биҳиштосоямро боз зеботар гардон ба Пешвои муаззами миллат баракоти умр, обруву эътибори чаҳониро арзонӣ бигардон.

Шайдуллоев Х. – мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии МИҲД ноҳияи Зафаробод

Баъд аз мавҷи шадиди эътирозҳо, ки дар даймоҳи соли гузашта саросари ҶИЭ-ро  тӯли қариб як моҳ фаро гирифта буд, дигарбора ин амвоҷ аз нуқоти мухталифи ин кишвар шурӯъ ба талотум мекунанд ва бӯи тӯфонро дар тамоми фазои Эрон интишор медиҳанд.

Подробнее

Аз замони арзи ҳастӣ карданаш Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ то имрӯз мавқеъ ва дидгоҳашро дар баробари давлат ва миллат иваз накардааст. Танҳо дар баъзе мавридҳо вобаста ба давру замон ҷомаи худро  дигар кардаанду халос. 

Подробнее

   Мулоқоти самимию ошкорои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллц – Пешвои миллат, ПрезидентиЖумҳурии Тожикистон, Жаноби Олц муьтарам Эмомалц Раьмон, ки санаи 12 майи соли 2018 бо намояндагони жомеаи кишвар баргузор гардид, барои мардуми мамлакат як р=йдоди муьими хотирмон  ва таърихц маҳсуб меёбад. Ин мулоқот воқеан як анҷумани маънавии миллат буд, ки дар он Пешвои муаззами миллат мардуми кишварро ба ижрои амальои нек, аз ыабили ободкориву созандагц, дастгирии маюбону ятимон ьидоят намуданд.

Санаи 9-августи соли жорц Раиси ноьияи Зафаробод муьтарам Ашурзода Ражаб Р=зц дар партави ьидоятьои Пешвои муаззами миллат 2 нафар маюбон Меьронаи Муминзод ва Байзоев Искандарро аёдат намуда ба оньо аробачаьои маюбц супориданд.

Жавобан ба ин дастгириву щамхориьои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Жумьурии Тожикистон, Жаноби Олц муьтарам Эмомалц Раьмон волидайни маюбон миннатдории хешро баён намуданд.

 

Шуъбаи рушди ижтимоц ва робита бо жомеа

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд