mt3.org

  Инак даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат оғоз шуд. Санаи 2 октябри ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази ноҳия, яъне дар назди тарабхонаи «Баҳор» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар назди ҳозирин Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ,  модари сарбоз Латипова Нуринисо, даъватшаванда Атовуллоев Азизҷон  ва раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия З. Рустамов суханронӣ намуда, хизмат дар сафи Артишро шарафу ифтихори ҷавонмардӣ арзёбӣ  намуданд.

Раиси ноҳия даъватшавандагонро ба хизмати садоқатмандона, дӯст доштани Ватан ва содиқ будан ба халқу давлат ҳидоят намуда, барояшон хизмати бобарор хост. Инчунин чун анъана маросими «Нонгазон» аз тарафи модарон ташкил карда шуд.

 

Дар охир бо дуои неки ҳозирин ва дар фазои шодиву тараб наздик 66 нафар ҷавонписарони ихтиёрӣ имрӯз ба хизмати модар-Ватан гуселонида шуданд. Ба ин муносибат ҳамчунин барномаи ҷолиби консертии аҳли ҳунари бахши фарҳанги ноҳия ва дастурхони идона ороста шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд