21 Март 2019
Дар таърихи фарҳанги форсу тоқик Наврӯз ба сифати қашни муҳимтарини ақдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни қашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ қойгоҳи вижа дорад. Фаротар аз ин, он бузургтарин қашни фарҳангии қаҳонист, ки на танҳо ба як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар мақмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст. Дар дунё, аз қадим то имрӯз қашну маросимҳои зиёде мавриди тақлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин қавҳарҳои шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеқ гоҳ кӯҳнашавиро намепазирад, дар масири таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадам ва ҳамқисмат мешавад, пайваста дар мақрои тақдиду таҳаввул қарор мегирад.







