mt3.org

 Ду рисолаи илмии доктори илмҳои филологӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҷоизаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорова таҳти унвони “Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои XVI ва XVII” (550 саҳ.) ва “Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии “Меҳру Моҳ” (335 саҳ.) аз ҷониби Институти таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон ба нашр расид.

Рӯнамоии ин китобҳо санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар дар Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон  баргузор шуд. Дар рўнамоии китобҳои олимаи тоҷик ректори Донишгоҳи Алигарҳ Ториқ Мансур, раиси Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсии саросари Ҳинд Озармидухти Сафавӣ, раиси Институти таҳқиқоти форсии Алигарҳ Асадалӣ Хуршед, раиси Маркази таҳқиқоти форсии Деҳлӣ Аҳсануллоҳ Шукруллоҳӣ, муҳаққиқони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Шри-Ланка ва устодони забон ва адабиёти форсии донишгоҳҳои мухталифи Ҳинд, аз ҷумла Деҳлӣ, Лакҳнав, Кашмир, Аллоҳобод, Беҷопур, Мумбай, Ҳайдаробод, Банорас иштирок доштанд.

Ин севумин китоби илмии Замира Ғаффорова аст, ки аз ҷониби ин муассисаи муътабари илмӣ ва панҷумин китоби ин олимаи мумтози тоҷик аст, ки дар сарзамини Ҳинд ба нашр мерасад. Қаблан китобҳои “Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: “Каламот-уш-шуаро” ва “Сафинаи Хушгӯ” (соли 2017) дар Донишгоҳи Алигарҳ ва маҷмӯаи мақолоти ў - “Ҷониби Ҳиндустон ояд ҳаме” (соли 2011) аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии шаҳри Деҳлӣ ба нашр расида буд. Ҳамчунин, соли 2016 шумораҳои 71-72-юми маҷаллаи бонуфузи “Қанди порсӣ” ба вежаномаи фаъолияти илмии профессор Замира Ғаффорова ихтисос дошт, ки 550 саҳифа мақолаҳои ин донишманди камназири тоҷикро фаро мегирифт. Гуфтанист, ки бори аввал аст, ки маҷаллаи мазкур вежаномаеро барои олимони тоҷик ихтисос медиҳад.

Ба нашр расидани панҷ китоби бонуи донишманди тоҷик дар сарзамини Ҳинд аз густариши муносибатҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон шаҳодат медиҳад.

                                                                                                            

Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 миёни китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” доир мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 феврали соли 2019, № 84 ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худогоҳию худшиносӣ, инчунин устувор намудани робитаи хонандагон бо китобхона  гузаронида хоҳад шуд.

Дар озмун хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус метавонанд иштирок намоянд.

Даври аввали озмун моҳи феврали соли равон оғоз гардида, то моҳи июн идома меёбад. Даври дуюми озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” рӯзҳои 3 ва 4 сентябр доир гардида, ба муносибати Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун дар ду бахш – хонандаи мактаб ва донишҷӯ муайян гардида, ба ду ғолиби асосии озмун ба миқдори 2000 сомонӣ ва ба ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан 1500 сомонӣ ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

 Санаи 23 феврали соли равон ба ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони Истиқлолият мебошад, 26-сол пур мешавад.

Ба ин муносибат ҳамаи низомиён, афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, собиқадорон, ҷанговарони байналмилал, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва кулли мардуми ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод менамоям.

Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ  дар солномаи кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун рӯзи  муборак  сабт гардидааст. Зеро   пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ як рукни асосии давлатдории мамлакат- Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил карда шуд. Ин амал ба хотири    ҳифзи марзу бум ҳамчун омили сулҳу суботи кишвар, таъмини амнияти мардум  рӯи кор омада, то ба имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати хешро дар назди халқу Ватан сарбаландона адо менамояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки имрӯз Артиши миллӣ сипари марзу буми кишвар  буда, кафили боэътимоди сулҳу Ваҳдат мебошад ва амнияту   суботи мамлакатро сарбаландона таъмин карда метавонад.            

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар роҳи ҳифзи Истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи  осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад.

Натиҷаи хизматҳои шоиста, далерию шуҷоат ва қаҳрамониҳои афсарону аскарони  Қувваҳои Мусаллаҳ аст, ки мову Шумо имрӯз дар як вазъияти ором ва осуда кору зиндагӣ дорем.

Мо хотира ва номи неки онҳоеро, ки баҳри истиқлолияти кишвар, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳ, оромиву осудагии мардум ҷони худро аз даст додаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.  Хотираи неки онҳо ҳамеша дар дилу дидаи мардуми тоҷик то абад зинда хоҳад монд.

 Ватандорӣ як рукни ҳастии миллат ва неъмати бузургу бебаҳо аст. Волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад.   Мо бояд имрӯз на танҳо аз корнамоиҳои аҷдодони худ дар гузашта ва далерию шуҷоати падару бобоёнамон ифтихор дошта бошем, ҳамчунин  аз ҳисси ватандӯстиву фидокорӣ ва ҷасорату матонати онҳо сабақ гирем.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳамаи гушаю канори Тоҷикистон фарзандони ноҳияи мо ба ҳайси афсар ва аскар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбаландӣ адои хизмати Ватан менамоянд ва  дар таҳкими суботи ҷомеа саҳм мегузоранд. 

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, модар ва миллати худро ба хуби дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Имрӯз дар қисмҳои низомии мамлакат беҳтарин шароит барои хизмат фароҳам оварда шудааст. Сарбозон бо шароити  аввалиндараҷаи иҷтимоӣ, истифода аз лавозимот ва техникаи навтарини ҳарбӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ба ҷо меоранд.

Дар ҳудуди ноҳия низ ҳафт дидбонгоҳи сарҳадӣ амал менамояд, ки бо беҳтарин шароитҳои бурдубоши хизмат ва техника таъмин мебошанд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда таъкид ба он менамоям, ки аёдату дидорбинии хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони арсаи меҳнат, беморону ниёзмандонро дар мадди назар дошта бошем. Зеро маҳз  бо ҳамин гуна иқдомот метавонем рисолати инсониро  ба ҷой оварда, ба зиндагӣ ва фаъолияти онҳоеро, ки зикрашон кардем рӯҳу тавони тоза бахшем.  

      Сокинони шарафманди ноҳияи Зафаробод бо шукргузорӣ аз ободиву озодии имрӯзаи Ватан, сулҳу Ваҳдати пойдор зери раҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму устуворӣ ва суботу амният  саҳми арзанда мегузоранд.   

Бо чунин таманниёт дар ин рӯзи ҷашнӣ ба ҳамаи Шумо тансиҳатию саодатмандӣ хизмати фидокорона, ҷасорату матонат ва садоқатмандӣ орзумандам.

 

     Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар яке аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати–духўра, дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

Баъди суқути давлати абадқудрати шўравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ шўравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд.

Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт.

Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги  миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт.

Солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ амал мекард.Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва масҷиди ҷомеи марказӣ, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар иттиҳодияҳо ва ҷамоатҳои (созмонҳои) динӣ) мавҷуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масоҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд (бо назардошти он ки қариб 1 миллион нафар сокинони калонсоли ҷумҳурӣ, ғолибан мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Руссия ва дигар кишварҳои ИДМ қарор доранд.

То соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекарданд. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рў, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.

Соли 1990 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт, дар он ҳамон вақт ҳамагӣ 142 нафар донишҷў таҳсил мекарданд. Дар шаҳри Хуҷанд, Қўрғонтеппа мактабҳои динӣ-мадрасаҳо кушода шуданд. Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷў таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилмон таҳсил менамоянд.

Агар дар тўли беш аз 72 соли даврони Шўравӣ ҳамагӣ беш аз 30 шаҳрвандон фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи баланди ҳоҷигӣ расиданд. Бояд қайд намуд, ки дар баробари равоиди мусбату мўътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд.

Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, аз ҷониби баъзе хоинону ватанфурушони лаину бадсиришт ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурўҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имом - хатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани афкори мухталиф дар фазои кишвар аст.

Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, бархе аз аҳли ҷомеаро ба бетарафӣ мегузорад.

Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, мавизаҳои бемантиқ,бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рўзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гуруҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Илҳом Болтаев

сармутахассиси дин,танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷамоати шахраки Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар