mt3.org

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ аз пайравони гуруҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида онҳо бо ин амали нангини фарзандашон миёни хешу табор ва аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан – модар ва ҳам мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.

Одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳни ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазир буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» тозаю покиза аст, ифроту хурофот пур карда мешавад. Азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон шефтаю мутамоили ақидаи бебунёд мешаванд.

Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гуруҳҳои ифроти ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст, яъне у бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душман ба миллати худ қарор мегирад. Мутаасифона аксари ҷавононе, ки ба гуруҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гуруҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки «мо бояд ба ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем,  ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба инҳо нафрат доранд. Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро масъалаи доғи рӯз аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал мубориза барем.

Муовини раиси ноҳия

Абдусаломзода М.А.

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

Санаи 01.06.2023 дар қасри фарҳанги Зафар бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Малоҳат Абдусаттор баргузор гардид. Ҳозиринро  ба ин муносибат аз номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раиси ноҳия мӯҳтарам Ашӯрзода Раҷаб Рӯзи самимона табрику муборакбод намуда ба кӯдакони даврони соҳибистиқлол дунёи рангину хушиқбол орзӯ намуданд.

Зимнни суханрони қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

Муовини раиси ноҳия ба хурдсолон саломатӣ орзу намуда, ба мураббияҳои ширхоргоҳ ва  кӯдакони болаёқат  туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафарободро тақдим  намуданд.

Ҳамзамон ба тамоми  кӯдакони аҳли  толор  яхмосҳои  идона ҳадя карда шуд.

Аз  ҷониби  аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангоранги  идонаю  кӯдакона пешкаши  ҳозирин гардонида шуд.

Санаи 9-майи соли равон дар маркази ноьияи Зафаробод дар назди Мужассамаи «Щалаба» бахшида ба 78- солагии Р=зи Щалаба бо иштироки раиси ноьияи Зафаробод муьтарам Ашурзода Ражаб Р=зц чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Шарифжон Ахмедов Сардори раёсати сармоягузорц ва       идоракунии амволи давлатии Маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии вилояти Сущд иштирок намуда ба поси хотираи неки афсарону сарбозон ва ьамаи шаьидоне, ки жони хешро дар Жанги Бузурги Ватанц дарещ надоштаанд, гулчанбар гузоштанд.

Ьамзамон аз жониби раиси ноьия ва намояндаи Маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии вилояти Сущд пирони хизматнишондодаи диёр дар аыибгоь дар «Жанги   Бузурги Ватанц» аёдат   карда шуданд.

Аксьо аз рафти чорабинц

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд