16 Апрель 2019
Вақти он фаро расидааст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳманд, ки ТТЭ ҲНИ дар ташкили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон саҳми бузург дорад. Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти 140 – уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар кишвари Қатар ба маврид гуфтааст, ки “ТТЭ ҲНИ наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон шудааст”. Албатта, роҳбари ин ташкилоти ифротӣ аз солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон мехост, ки мақсадҳои нопокашро амалӣ созад, аммо ба орзӯҳояш нарасид.







