mt3.org

Пас аз истиқлолияти давлатӣ як гуруҳ манфиатҷӯёни ватанфурӯш, ки баъдан ТТЭ ҲНИ-ро асос гузошта, ҳодисаи манфури ғайриинсониро, ки қатлу куштори мардуми бегуноҳро фаро гирифта буд, такрор карда, ҳатто бо шеваҳои муосири куштор бар сари мардуми тоҷик як балои азимро оварданд.  Дар оғози асри гузашта, аз ҷумла даҳсолаи дуюм  бо дастгирии амир «Иброҳимбек қатли ом ва ғоратгариҳои худро давом дод». Хоҷагони ТТЭ ҲНИ, ки ҳамин вазифаро дар шароити муосир бар дӯш гирифтаанд, як давра кишварро ба майдони ҷанг табдил дода, онро ба оташ  кашиданӣ шуданд. Бо эътирофи Кабирии хиёнатпеша ТТЭ ҲНИ идомаи ҳамин гуна корҳоро анҷом дода истодааст ва ин босмачиёни хунхор ба таври кофӣ хулоса набароварда, чунин хиёнаткориро суръат бахшида истодаанд. Бояд қайд намоям, ки ҳаракати босмачигарӣ ғайримиллӣ буда, барои озори мардум бо роҳбаладии хоҷагони турктаборашон мардуми тоҷикро ғорат намуда, тани онҳоро ба хун оғушта намуда буданд. Кабирии босмачӣ ҳамчун бобоёни босмачиаш аз мардуми тоҷик чи мехоҳад? Худро босмачӣ гуфтани Кабирӣ як ахмақии маҳз аст ва маълум, ки ӯ манқурт шуда, аз аслу насабаш бегона гаштааст. Кабирии манқурт Иброҳимбеки ари 21 аст. Масалан, Иброҳимбек падараш Чақабой ном дошт ва ин чақайбой аз ҷамоаи туркии Шарқии Бухоро буд. Абераи ҳамин Чақайбой писари Иброҳимбек Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад, ки аслан тоҷик нест. Ин модарбахато барои нобуд кардани тоҷикони Осиёи миёна камари ҳиммат баста, аз дини мубини ислом барои манфиатҳои худ истифода карда, ин манбаи поку беолоишро ба ақоиди босмачигарӣ олуда сохтааст. Аз чунин мавкеъгариҳо бараъло намудор мешавад, ки ислом ба ин хоинон танҳо як аслиҳае беш нест. Иброҳимбеки турктабор низ аз ислом истифода карда, барои барқарор кардани ҳукумати амири лақай кӯшиш мекард ва аз Анварпошшо –сарлашкари турк пайравӣ менамуд, ки ин гуна мавқеъгариҳои ғайримиллӣ боиси муқовиматҳои мардумӣ мешуд. Шеваҳои кори Муҳидин Кабирӣ низ ҳамчун босмачии замони нав аз ҳамин омил сарчашма мегирад.

Подробнее

 

Аз таърих ба мо маълум аст, ки Иброҳимбек яке аз сардорони дастаи босмачиҳо буда, зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки босмачиҳо моли мардумро ғорат карда одамонро хонавайрон мекарданд. Имрӯзҳо бошад роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо аз сомонаҳои интернетӣ баромад карда, босмачиёнро ҳимоя мекунад.

Подробнее

Чи хеле, ки ба мо маълум аст баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ имконият барпо гардид, лекин қувваҳое буданд, ки зидди Ҳокимияти Шӯравӣ баромад мекарданд, ки онҳоро босмачиён меномиданд. Мо медонем, ки номҳои машҳуртарини онҳо дар қаламрави Тоҷикистон Анварпошшо, Салимпошшо, Фузайл Махсум, Эргаш ва Иброҳимбек ва ғайра буданд. Мақсади онҳо пеш аз ҳама нест кардани Ҳокимияти Шӯравӣ буд ва онҳо чӣ қадар амалҳои ғаразнокро барои ин амалҳо истифода мебурданд ва дар натиҷа, соли 1931 охирин намоянда-сарвари дастаи босмачиён Иброҳимбек дастгир карда шуда, кушта шуд.

Подробнее

Мавриди зикр аст, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз вартаи нести раҳоӣ ёфта, имрӯз ҳамчун миллати сулҳофар ва ваҳдатсаро дар саросари ҷаҳон мақому манзалати хоса пайдо намудааст.

Давоми тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ, кишвари азизамон таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат рушди бемайлон намуда, сатҳи зиндагии мардум хело баланд гардидааст.

Мутаассифона, ин пешравию рушди Тоҷикистони азизро  бархе аз кишварҳои олам мехоҳанд бо ҷалби хоинону ватанфур=шон мисли роҳбари ташкилоти ифротӣ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш халалдор созанд. 

Чи тавре ки ҳамаи мо огаҳӣ дорем чанд рӯз қабл тавассути шабакаҳои интернатӣ «гуфтугӯи мустақим»-и хоини миллати тоҷик, роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифт. Аз ин рафтору кирдорҳои Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бори дигар шоҳиди он гардидем, ки ҳоло ҳам онҳо аз кардаҳои худ пушаймон нашуда, дар пайи амалӣ намудани  нақшаву ниятҳои нопоки худ мебошанд ва мехоҳанд бо роҳи тафриқаандозӣ дар байни мардум оромии кишварро халалдор сохта соҳиби қудрат гарданд.

Аммо онҳо  бояд дарк намоянд, ки имрӯз миллати тоҷик шукрона аз Истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ намуда, тинҷиву оромии кишварро мисли гавҳараки чашм ҳифз менамоянд ва ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки нохалафе мисли Кабирӣ шаъну шарафи миллати фарҳангсолори тоҷик ва Сарвари муаззами онро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намояд. Инчунин ин хоинони миллат  бояд бидонанд, ки дигар бо чунин роҳҳо наметавонанд касеро аз Тоҷикистон ба доми худ афтонанд. Зеро мардуми ватандӯсту ватандори кишвар дигар ба макру фиреби онҳо бовар надоранд.

 

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар