14 Март 2019
Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.
Подробнее