mt3.org

Хабарҳо

 

Санаи 4-уми сентябри соли 2020 тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод Конфронсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони истиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Назирҷон суханронӣ намуда кори конфронсро оғоз намуд. Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҳимзода Муҳаммад дар мавзӯи “Мо ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” суханронӣ намуд. Инчунин мудири
шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зулфиқорзода Заррина ва роҳбари маҳфили адибони ҷавони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Муродова Сабоҳат суханронӣ намуданд.

Инчунин қайд карда шуд, ки бо истифода аз дастуру супоришҳо мо ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза барем. Мо ҷавонони созанда, ки нерӯи мудофиавии кишвар ҳисобида мешавем, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллатамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзем.

Мо ҷавонон аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намуда, марзу буми онро ҳимоя намуда дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонем.

Мо ҷавонон пайрави Пешвои муаззами миллатем!

 

 

 

 

 

Санаи 3-юми сентябри соли 2020 дар асоси Низомнома ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи ноҳиявӣ ва марҳилаи якуми муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии МТМУ №20-и ноҳия мусобиқаи намуди варзишии Шоҳмот байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва бонувон гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муллоев Назирҷон, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зулфиқорзода Заррина,мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҳимзода Муҳаммад, директори мактаби варзишии ноҳия, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳонов Худойбердӣ ва мураббии шоистаи Тоҷикистон Сафаров Азиз ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, мусобиқаро оғоз намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои наврасону ҷавонони муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамагӣ 72 нафар варзишгарон иштирок дошта, маҳорати худро дар ин намуди варзиш муаррифӣ намуданд.

Мусобиқаи мазкур бо риояи меъёрҳои муқарраргардида баргузор гардида, аз тарафи аъзои ҳакамон ғолибони мусобиқаи ноҳиявӣ муайян карда шуданд:

Ҷойи якум- дастаи муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия;

Ҷойи дуюм-дастаи МТМУ №1;

Ҷойи сеюм-дастаи МТМУ №13;

Дар охири чорабинии мазкур варзишгарони ғолиб ва мутасаддиёни соҳаро аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бо Диплом, Сипоснома ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

 

 

 

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин воқеаи муҳими таърихӣ 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайвастааст. Аз ҳамон давр то имрӯз ин руз барои мардуми тоҷик муқаддасу ҷашнгиранда аст.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо ва ободиву осудагиро ба мардуми шарифи тоҷик бахшид.

Тоҷикистони азизамон аз сари худ бисёр рӯзҳои сахту сангинро гузаронида бошад ҳам миллату забону фарҳанги худро аз даст надод. Албатта хизмати олимону мунаққидон академикону таърихшиносон, бостоншиносону археологон, шоирону нависандагон ва амсоли инҳо бузург аст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкониятҳои зиёде фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва перафти минбаъдаи кишвари азизаморо сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.Бо шарофати Истиқлолият мо соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Мо мардуми тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва арҷ гузорем, то ки насли ҷавони мо аз мо ибрат бигиранд ва анъанаи ниёгони моро давом диҳанд. Барои дар қатори давлатҳои абарқудрат ҷой гирифтани Тоҷикистони маҳбуб хизматҳои шоён намоянд.

Сафарова Фирӯза -узви фаъоли ҲХДТ, муовини мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод

 

 

Санаҳои 25-26 августи соли равон тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидани моҳияи тантанаҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дар байни ҷомеа, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, толори коллеҷи политехникӣ ва толори Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ силсила вохӯриҳо бо сокинони ноҳия баргузор гардид.

Тибқи нақша дар мулоқот намояндагони вилояти Суғд сармутахассиси омори вилоят Расулов Мубинҷон Музаффарович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳасанов Ҳасан Ҳусейнович ва номзади илмҳои таърих, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Тоатов Фирдавс Ҳабибуллоевич иштирок намуданд.

Дар рафти мулоқотҳо оид ба тантанаҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дар байни ҷомеа аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳасанов Ҳасан Ҳусейнович ва номзади илмҳои таърих, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Тоатов Фирдавс Ҳабибуллоевич фаҳмонида шуд.

Инчунин қайд карда шуд, ки санаи 21 сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ёдгории қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. Ва роҷеъ ба ин ёдгории қадима, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ суханронӣ намуда, ин падидаи нодири таърихиро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда буданд. Санаи 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм бо пешниҳоди Президенти мамлакат ва бо судури як қарор аз ҷониби Кумитаи мероси фарҳангии Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид—ЮНЕСКО, ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакенти Тоҷикистон ба феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда шуд. Сарвари давлат зимни дидору мулоқот бо зиёиёни кишвар дар санаи 19 марти соли 2018 пешниҳод намуда буданд, то соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳу-нармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад. Перомуни таҷлил аз ин падидаи таърихӣ, Сарвари давлат изҳордоштанд, ки “Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо фарҳанги бешаз 5500 — солаи халқамонро, ки азҷониби мутахассисону коршиносони маъруф ва доираҳои илмии бонуфузи ҷаҳон эътироф шудааст, ба ҷаҳониён батаври шоиста муаррифӣ намоем”.


 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд