mt3.org

Хабарҳо

 

Санаи 2-юми июни соли 2021 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» баргузор гардид. Тибқи Низомномаи Фестивали мазкур ҳунармандони ноҳия баромад намуданд.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ…

 

Тибқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои дарёфти ҷоми Раиси ноҳия то санаи 10-уми июн баргузор мегардад.  Мақсади асосии Барномаи мазкур, дастрасии он барои аҳолӣ, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва ба ин васила пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

Мусобиқаи ноҳияви оид ба футбол барои дарёфти ҷоми Раиси ноҳия дар майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия бо иштироки 6 даста аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  гузаронида мешавад.

Мусобиқа бо мақсади таҳкими тарзи хаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, оммавигардонии варзиш, дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ ва бо ин васила дуруст истифода намудани иншоотҳои варзишӣ доир шуда, ғолибон бо Ҷоми раиси ноҳия, диплом ва медал сарфароз гардонида мешаванд.

 

 

 


Бо дастуру супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ гурӯҳи кории ташвиқотию тарғиботӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳушдор намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротии экстромистиву террористӣ дар байни аҳли ҷамоатчигӣ ва аҳли зиëи шаҳрак мулоқот доир гардид. Дар мулоқот сармуаҳаррири рӯзномаи "Народная газета " Камолова Маҳбуба, Ходими илмии АИҶТ Холназаров Назар, корманди рӯзномаи "Халқ овозӣ " Эргашов Нозимҷон баромади пурмуҳтаво намуданд.

 

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 05.04.2021 таҳти √36 ҷиҳати дар сатҳи шоиста ҷашн гирифтани 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон, шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии "Омӯзгор" маҳфили адабӣ таҳти унвони "Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ" доир гардид. Дар маҳфил Шарифзода Туйғун Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Муллоев Назирҷон намояндаи МИҲД-и ноҳия, аъзоёни фаъолони ҳизб, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Иштирокчиёни маҳфил оид ба ҳаёту фаъолият, порчаҳо аз достонҳо, қироати шеър аз ашъори Устод ва дигар маълумотҳо доир ба зиндагиномаи шоири маҳбуб ба самъи ҳозирин расониданд. Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун баромад намуда, таъкид дошт ки донистани зиндагӣ ва фаъолияти Мирзо Турсунзода барои ҳар як мардуми шарифи Точикистон ин вазифаи фарзандӣ аст. Шоири миллатро тамоми мардуми дунё ҳамчун вассофи сулҳ хуб мешиносад ва асарҳояш бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудааст. Қайд гардид, ки ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншинос бояд пайрави шоистаии аҷдодони хеш буда, дар корҳои ободониву созандагӣ ҳиссагузор бошанд. Дар ҷамъбасти маҳфил як чанд нафар донишҷӯён ба сафи аъзогии ҲХДТ қабул гашта, амалиёти "Шаҳодатномаи ман-ифтихори ман" бо иштироки онҳо баргузор гардид. Ҳамчунин ба иштирокчиёни фаъоли маҳфил Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод супорида шуд.

КИ ҲХДТ дар н. Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд