Хабарҳо
09 Март 2021


Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, Сарнозири шуъбаи муқовимат бо карупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо карупсия дар вилояти Суғд подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол, прокурори ноҳия Мадохирзода Шавкат мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони маҳаллаҳои аҳолинишин иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” суханронӣ намуд.
Сипас Сарнозири шуъбаи муқовимат бо карупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо карупсия дар вилояти Суғд подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, ки аз 7-уми августи соли 2020 таҳти №1714 тасдиқ шудааст суханронӣ намуд.
Прокурори ноҳия Мадохирзода Шавкат оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2021 таҳти №113 тасдиқ шудаст баромад намуд.
Сокинони ноҳия дар имрӯза мулоқот оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маълумоти пурра гирифтанд.




Санаи 11 феврали соли 2021 дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев мулокоти Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоат баргузор гардид. Муҳтавои мулоқот тарғиби Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро дар бар гирифта, ҳамчунин фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир ба Паём, нақши он дар пешрафти зиндагии сокинон, иқдомоти Сарвари давлат ва нақшаҳои минбаъда баромад намуд. Ҳамчунин номбурда ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50” зикр намуд, ки аз рӯи Барномаи пешазинтихоботӣ тасмим мегирад барои ободонии маҳаллаҳои худуди ҳавза, ва мусоидат ба масъалаҳои ҳалталаби сокинон ба хотири фароҳам овардани зиндагии шоиста тасмим мегирад. Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ-раиси ноҳияи Зафаробод аз фаъолияти масъулони Ҷамоати Ҳамид Алиев натиҷабардорӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ расидан ба дастовардҳои арзанда, ба шаҳрвандони ҷамоат дастурҳо дод. Зикр карда шуд, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои арзанда дастурҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади раҳнамо буда, танҳо меҳнати содиқона ва масъулияти баланд метавонад моро ба мақсад расонад.
Мутобиқи нақшаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон санаи 9 феврали соли 2021 маҳфили илмию ададбӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ» дар ноҳия баргузор гардид. 



