mt3.org

 

Санаи 11 феврали соли 2021 дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев мулокоти Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоат баргузор гардид. Муҳтавои мулоқот тарғиби Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро дар бар гирифта, ҳамчунин фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир ба Паём, нақши он дар пешрафти зиндагии сокинон, иқдомоти Сарвари давлат ва нақшаҳои минбаъда баромад намуд. Ҳамчунин номбурда ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50” зикр намуд, ки аз рӯи Барномаи пешазинтихоботӣ тасмим мегирад барои ободонии маҳаллаҳои худуди ҳавза, ва мусоидат ба масъалаҳои ҳалталаби сокинон ба хотири фароҳам овардани зиндагии шоиста тасмим мегирад. Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ-раиси ноҳияи Зафаробод аз фаъолияти масъулони Ҷамоати Ҳамид Алиев натиҷабардорӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ расидан ба дастовардҳои арзанда, ба шаҳрвандони ҷамоат дастурҳо дод. Зикр карда шуд, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои арзанда дастурҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади раҳнамо буда, танҳо меҳнати содиқона ва масъулияти баланд метавонад моро ба мақсад расонад.

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд