mt3.org

Имрӯз дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии ноҳияи Зафаробод маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида.

Дар маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ Роҳбарияти ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, коммиссари ҳарбии ноҳия Усмонзода Илҳом, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои  ноҳия ва волидони даъватшавандагон ширкат намуданд.

Дар маросими гусели аввалин гуруҳи ихтиёрии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан Раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ суханронӣ намуда, иброз дошт: “ Боиси ифтихору қаноатмандист, ки аксар ҷавонони ноҳияи мо дар қатори ҳазорон ҷавонони кишвар ҳар сол ба хизмати Ватан-Модар ихтиёрӣ сафарбар шуда, барои пойдории сулҳу ваҳдат, тинҷию осудагии Тоҷикистони маҳбуб    саҳмгузорӣ мекунанд. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Зафаробод бо интизоми хубу хизмати софдилона дар ҳамаи гӯшаю канори ватани азизамон дифои қарзи шаҳрвандӣ намуда, обрӯю эътибори ноҳияро  баланд мебардоранд. Боварии комил дорам, ки имрӯз ҳар яке аз наваскарони ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбаршаванда бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан хизмат менамоянд”.

Навдаъватшаванда Махкамов Эҳром  баромад намуда, қайд кард, ки мо ҷавонон барои ҳимояи Ватан-Модар хамавақт тайёр мебошем.

Зимнан, дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия ба  20 нафар навдаъватшавандагон шаҳодатномаҳои ронандагӣ, ки аз тарафи Кумитаи ноҳиявии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омода гардида буд, тақдим карда шуд.


РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд