mt3.org

Санаи 1-уми июни соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори хонаи фарханги "Зафар" Рўзи байналмилалии хифзи кудакон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур аз муассисахои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кудакон иштирок намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур табрикоти раиси ноҳия Раҷаб Ашурзода ба самъи иштирокчиён расонида шуд.

Ҳамдиёрони муҳтарам!

Фарзандони азиз!

Чун  анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва манфиатҳои  кӯдакон яке аз самтҳои  афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак яке аз ҳуҷҷатҳои  муҳими байналмилалӣ ба шумор меравад ва он дар санаи 20 ноябри соли 1989 аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид қабул гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мебошад,  санади  мазкурро эътироф намудааст. Баробари ин дар ҷумҳурӣ тадбирҳои  судманд оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон пайваста андешида мешаванд.

Ин сана ба мо ҳамеша хушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар таълимгоҳҳо  ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин санаи 5 июн Рӯзи байналмиллалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад, ки имсол 30 – солагии   Рӯзи байналмиллалии  ҳифзи муҳити зистро бо тантана ҷашн мегирем. Ман кормандони ин соҳа, ҳамаи дӯстдорони табиат ва иштирокчиёни фаъоли намоиши гӯшаи  табиати зинда ва гулҳоро, ки  имрӯз ташкил кардаанд, самимона табрик менамоям. Боварии комил дорам, ки сокинони ноҳияи мо дар қатори дигар мардуми сарбаланди кишвар дар гул-гулшукуфоӣ ва ободии диёри азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Итминон дорам, ки  ташаббускорӣ ва вусъат бахшидан  ба корҳои ободонӣ баҳри татбиқи нақшаю тадбирҳои Соли 2018 -соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ки имсол эълон гардидааст, мусоидат хоҳад кард

Муҳтарам ҳозирин!

Дар ҳар давру замон масъалаи таълиму тарбияи насли наврас дар назди давлату ҷомеа яке аз масъалаҳои умдатарин қарор гирифта, дар ин бобат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Хушбахтона, дар давлатдории навини тоҷикон низ барои тарбияи насли ояндасоз ва беҳдошти ҳаёти онҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    борҳо ибрози он намудаанд, ки кӯдакон, аз он ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб ва имконияташон маҳдуд ҳамеша дар ғамхории давлату ҷомеа қарор дорад.

Дастуру супоришҳои Президенти кишвар масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва аҳли ҷомеаро вазифадор намудааст, ки бобати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо, дастгирии кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд,  мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои маорифу фарҳанг, варзишию тандурустӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаёти кӯдакон, ҳамчун ворисони ҳақиқии ниёгони соҳибтамаддуни худ, ба воя расонидани онҳо нақшаҳои зиёд дорад ва онро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст.

Боварӣ дорам, ки дар ин рӯзи саид ҳамаи сокинони ноҳия Иди кӯдаконро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда, барои рӯҳану ҷисман солим тарбия намудани фарзандон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Фарорасии Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдаконро ба кулли кӯдакону наврасон табрику муборакбод намуда, барои онҳо даврони саодатёри наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидони беғаши тифлиро таманно дорем. Бигзор кӯдакони мо ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани хеш бошанд. Ҳамеша сиҳатманду солим бошед, кӯдакони меҳрубон!

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд