mt3.org

 Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  Рузи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон бо тантана таҷлил  карда шуд.

Раиси ноҳияи Зафаробод  Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ  баромад намуда  ҳозирин ва кулли шаҳрвандону омӯзгорони ноҳияро бо  идҳои фархунда табрик намуда, қайд карданд, ки ҳамасола санаи 5 октябр дар саросари кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол Рузи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст  забони тоҷикиро поку беолоиш нигоҳ дорад. Инчунин таъкид гардид, ки пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯйи олам маҳсуб ёфта, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маьсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад.

Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст.

 Сипас собиқадори соҳаи маориф Солиев Абдураҳмон баромад намуда қайд намуд, ки имрӯз Ҳукумати кишвар  соҳаи маорифро калиди асосии пешравии ҷомеа ҳисобида пайваста зери таваҷҷуҳи хеш  қарор додаст.   

 

 Дар охир фаъолону собиқадорони соҳа бо Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.   

 Инчунин  дар рӯзи  мазкур собиқадорони барҷомонда  аёдат карда шуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи касбии омӯзгорон ба соми эшон расонида шуд.

 

                                                                     Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Зафаробод

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро, ки аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад, дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум кард. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт.

Подробнее

  Инак даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат оғоз шуд. Санаи 2 октябри ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази ноҳия, яъне дар назди тарабхонаи «Баҳор» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар назди ҳозирин Раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ,  модари сарбоз Латипова Нуринисо, даъватшаванда Атовуллоев Азизҷон  ва раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия З. Рустамов суханронӣ намуда, хизмат дар сафи Артишро шарафу ифтихори ҷавонмардӣ арзёбӣ  намуданд.

Раиси ноҳия даъватшавандагонро ба хизмати садоқатмандона, дӯст доштани Ватан ва содиқ будан ба халқу давлат ҳидоят намуда, барояшон хизмати бобарор хост. Инчунин чун анъана маросими «Нонгазон» аз тарафи модарон ташкил карда шуд.

 

Дар охир бо дуои неки ҳозирин ва дар фазои шодиву тараб наздик 66 нафар ҷавонписарони ихтиёрӣ имрӯз ба хизмати модар-Ватан гуселонида шуданд. Ба ин муносибат ҳамчунин барномаи ҷолиби консертии аҳли ҳунари бахши фарҳанги ноҳия ва дастурхони идона ороста шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд