mt3.org

Ьамдиёрони азиз!

Мардуми шарафманд ва меьнатыарини ноьия!

Ьамасола дар саросари кишвари соьибистиылоли мо Иди саиди Ыурбон чун иди аждодц ва садоыату меьрубонц, жиьати аржгузорц ба арзишьои башард=стонаи дини мубини Ислом тажлил карда мешавад.

Ин р=зи муборак барои ьар як фарди жомеа иди муътабар ва гиромц аст. Зиёда аз 1400 сол ин жониб ьамаи мусулмонони олами ислом ин идро ьамчун иди хайру саховат, иди некию вафодорц, д=стиву рафоыат ыайд мекунанд. Аз ин лиьоз ьамаи Шумо ва кули сокинони ноьияро ба муносибати фарорасии иди саиди Ыурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландц, файзу баракати зиндагц ва р=згори нек орзумандам.

Подробнее

Баромади

раиси ноҳия Ашурзода Раҷаб Рўзӣ ба муносибати Рўзи кормандони соҳаи тиб

Муҳтарам кормандони соҳаи тиб!

Ҳозирини гиромӣ!

 

Ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро бо иди касбӣ-Рўзи шифобахшону ҳомиёни саломатии инсон табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ барори кор ва саодати зиндагиро таманно менамоям!

Воқеан дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошта, давоми садсолаҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва даҳҳо нафарони дигар ганҷинаи бебаҳои тибби аҳониро ба вуҷуд овардаанд.

Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад» ва саломатии миллатро боигарии давлат номида, пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки бо сиёсати хирадмандонаву ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат соҳаи тандурустии кишвар сол аз сол рушд ёфта истодааст.

Пас аз мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12-майи соли ҷорӣ баргузор гардид, раванди корҳои ободонӣ дар хоҷагии халқи ноҳия вусъати тоза гирифт.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон шуъбаи бачагона ва маркази касалиҳои руҳии ноҳия бо маблащи 350 ҳазор сомонӣ аз таъмири кулл бароварда шуд.

Инчунин бо дастгирии сокинони ноҳия марказҳои саломатии Ҷамоатҳои Меҳнатобод, Равшан, Ҷомӣ ба маблащи 300 ҳазор сомонӣ таъмир шуда истодааст, ки ин ҳама далолат аз тинҷиву оромии кишвар ва сатҳи хуби зиндагии мардуми ноҳия медиҳад.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 25-июли соли ҷорӣ Раиси вилояти Сущд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда аз корҳои иҷро гардида дидан намуда ба мардуми сарбаланди ноҳия барои корҳои ободонӣ миннатдории хешро баён намуда буданд.

Инчунин муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ин иқдоми созандаи мардуми сарбаланди ноҳияи Зафарободро қадр намуда, ба беморхонаи Марказӣ ва ба марказҳои саломатӣ 1 дастгоҳи ренгении рақамӣ, таҷҳизотҳои аввалияи тиббии замонавиро туҳфа менамояд.

Ҷавобан ба ин щамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода маъмурияти беморхонаи марказии ноҳияро мебояд, ки бештар мутахассисони ҷавонро ҷалб намуда сатҳу сифати кори тиббиро боз ҳам беҳтар намояд.

Бояд қайд намуд, ки алҳол дар муассисаҳои тадурустии ноҳия 653 нафар кормандони тиб фаъолият менамоянд ва таъминоти аҳолӣ ба кормандони соҳаи тиб 87,5 фоизро ташкил медиҳад. Яъне норасоии табибон ба назар мерасад. Барои бартараф намудани муаммои мазкур маъмурияти беморхона ва шуъбаи маорифи ноҳияро мебояд, ки дар якҷоя фаъолият намуда ҳар чи бештар хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро ба Донишгову коллеҷҳои тиббии кишвар ҷалб намуда, муаммои мазкурро бартараф намоянд.

Ҳозирини гиромӣ

Дар пеш ҷашнҳои бузурги миллӣ 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 26-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва 24-солагии Рўзи Конститутсия истодааст, ки ба дастгирию кўмаки ҳар яки Шумо мо ин ҷашнҳоро дар сатҳи баланд таҷлил менамоем.

Аз ин лиҳоз ман имрўз ҳамаи Шумо табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони соҳа-Синопешагони ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва шахсан аз номи худам бо Иди касбиатон табрику таҳният намуда, ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи ободу файзу баракат ва бурдбориҳои кору зиндагиро таманно дорам.

Иди касби муборак табибони азиз!

Чанд рӯз пеш тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» намоиш дода шуд. Дар филми мазкур яке аз собиқ таъсисгарони ТТЭ ҲНИ Сатторов Аёмиддин асрори зиёдеро оид ба бевосита даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ, алоқамандии ин ҳизби террористиро бо хадамоти махсуси кишвари муайн ва зери идора, назорату раҳнамоии онҳо амалӣ шудани ин нақшаҳои зиддитоҷикона, фош сохт.

Подробнее

Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) дар видеои нимсоатае, ки

 

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

МУРОДЗОДА   МУҚИМ   ҚАЮМ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд

https://khovar.tj/

АМИД Ховар