mt3.org

Хабарҳо

МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

(Дар партави Паём)

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро зуҳуроти зиддиинсонии терроризм ва ифротгароии динӣ ба ташвиш оварда, он ба яке аз падидаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро натиҷаҳо нишон доданд, ки амалҳои иғвогарона ва тундравонаи ташкилотҳои террористӣ ва баъзе аз кишварҳои манфиатдор ба амнияти миллӣ ва давлатии баъзе аз кишварҳои ҷаҳон пайомадҳои ногуворро ба бор оварданд. Тайи солҳои охир падидаҳои ҷаҳонишавӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, дар байни халқу миллатҳо муносибатҳои нисбатан нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шакл гирифта истодаро ба коми худ кашида истодааст.

Чуноне, ки маълум аст дар як қатор кишварҳои ҷаҳон муборизаҳои шадиди сиёсӣ алайҳи инсоният дар шакли ҷангу низоъҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани масъалаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Подробнее

Тероризм ва экстремизм – хатару таҳдид ба сулҳу амнияти кишвар

Барои бунёд кардани давлати мустақил ва сазовор шудан ба истиқлолият ҳар миллату халқият муборизаҳои шадид мебаранд. Мусаллам аст, ки миллати тоҷик баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои мустақилият ба даст овардан ҷанги таҳмилии шаҳвандиро, ки ҳазорҳо падару модарон бе фарзанд, ҳазорҳо фарзанд бе волидайн, ҳазорҳо зан бе шаҳвар ва ҳазорҳо шаҳрвандон бе хонаю дар монданд ва дар ин ҷо аъзо ва шарикони ТЭТ ҳизби наҳзат даст доштанд, аз сар гузаронд. Баъди ин вазниниҳои зиндагӣ ва бо ивази хуни ҷони ҳазорҳо ҷавонмардон ба миллати тоҷик муяссар шуд, ки хушбахтона, соҳиби давлати мустақил гардида, истиқлолияти худро ба даст оварад.
Чӣ тавре, ки мебинем, баъд аз талошҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ мубаддал гардида, дар ҳалли маъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо бетараф набуда, пайваста дар ин роҳ ташаббусҳои назаррас нишон медиҳад. Аммо имрӯз, баъзе пайравону муридҳои гурӯҳҳо ва ташкилотҳое, ба монанди ТЭТ наҳзат, «Гурӯҳи24» ва ғайра дар давлатҳои Аврупо камин гирифтаанд, ки ҳамаи ин дастовардҳо ва пешравиҳои кишвари моро нодида гирифта, мехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосои моро боз ба ҳамон рӯзҳои шум ва    тирабар гардонанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзоён ва худи ташкилотҳои экстремистиву террористии ҳизби наҳзату гурӯҳи бистучор дар як қатор кишварҳои дуру наздик манъ гардида, пайравону аъзоёнаш террорист эълон гардидаанд. Инчунин, ин ташкилотҳои террористӣ дар рӯйхати аксари созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун экстремисту террорист сабт шудаанд. Бояд гуфт, ки дар ин рӯйхати мазкур созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», “Толибон” ва ғайра низ ҳастанд.
Ин шабу рӯз наҳзатиҳо ва бистучориҳои фурухташудаи фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои Аврупо барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби ҷавонон тариқи ташвиқу тарғиб дар шабакаҳои интернет машғуланд. Ин фурухташудаҳои беҳувият барои гумроҳу дар ғафлат гузоштани мардуми тоҷик аз ҳама намуд дурӯғу ҳиллаҳо истифода менамоянд. Аслан ин фурухташудаҳо бо душманони миллату давлати тоҷик иртибот барқарор кардаанд ва ҳатто бо онҳо шартномаҳо имзо намудаанд, ки то суботу амнияти Тоҷикистонро барҳам зананд. Албатта, ба ивази ин миссияшон миллионҳо доллар ба даст меоранд.

Мувофиқи маълумотҳо дар давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ садҳо узви ТЭТ наҳзату бистучор барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ», «Гурӯҳи-24» ва ғайра боздошт гардидаанд. Инчунун, 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шуда буданд, 521 нафарашон аъзои ТЭТ наҳзат буданд.

Ёдоварӣ менамоем, ки роҳбари фирории ТЭТ наҳзатиҳо М.Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар Тоҷикистон аст. Имрӯзҳо дида мешавад, ки дар сомонаву шабакаҳои интернетӣ роҳбарон ва муриди “голубой”-и ин ташкилоти экстремистӣ-террористӣ М.Садриддин бешармона дар бораи ватан, миллат, адолат ва ғайраҳо гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Аммо халқи боҳуши Тоҷикистон хурду калон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддас, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Аммо аз инҳо ҳам бадтар, роҳбарону пайравони ТЭТ наҳзатӣ на танҳо халқу миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби шиаро қабул кардаанд. Таҳлилу баррасиҳо нишон медиҳанд, ки М.Кабирии фаришта эктремисту террористи оддӣ нест, балки ҳамчун роҳбари ТЭТ наҳзатиҳо барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ – яъне, ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо ҳамаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгаро, ташкилоту созмонҳои террористии кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бо «Ихвон-ул-муслимин», “Ансоруллоҳ”, “Толибон” ва ғайра робитаи бевосита дорад. Махсусан, таъкид менамоям, ки ҳадафи ниҳоии М.Кабирӣ, М.Садриддин ва дигар пайравони наҳзатӣ барҳам задани суботу оромӣ дар ҷомеа ва ба ин васила ҷорӣ намудани режими иртиҷоии толибонии асримиёнагӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки айнан ҳамин гуна мақсадро созмонҳои «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», ҳаракати «Толибон», гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ», ҳаракатҳои ваҳҳобия, салафия ва ғайраҳо пеши худ доштанд ва доранд. Чӣ тавре, ки имрӯзҳо шоҳидем ҳаракати «Толибон» «намуна»-и давлатдории диниро ба ҷаҳониён нишон доданд. Ва ҳамарӯза дар шабакаҳои интернетӣ мебинем, ки гурӯҳи “Толибон” аз қатли саросарии мардумони бегуноҳ бо усулҳои ваҳшиёнаи замони асримиёнагӣ, аз ҷумла, даст буридан, шаллоқи оммавӣ, сангзанӣ, зинда ба зинда таги хок кардан ва инчунин ба хок яксон кардани осори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ, ҷорӣ кардани ғуломдорӣ, харидуфурӯши одамон, роҳандозӣ кардани истисмор ва таҷовузи занону духтарон, содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ ва ғайраҳо.

Бинобар ин, таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат ва вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи зархаридони наҳзату бистучор нашавем. Хусусан, ҷавонони соҳибватани асил ва содиқ ба Ватану Президент барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ омода бошанд.

Мудири шуъбаи рушди итимоӣ ва

робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Шоназаров Ш.

Тема делимитации и демаркации таджикско-кыргызской госграницы и юридического закрепления неразделённых территорий весьма актуальна по сей день, привлекает пристальное внимание общественности.  Таджикистан и Кыргызстан стремятся достичь и документально закрепить на взаимовыгодной основе Договор о государственной границе между Республикой Таджикистан и Кыргызской Республикой для утверждения согласованного Сторонами описания прохождения линии таджикско-кыргызской государственной границы. С целью минимизации создания конфликтных ситуаций на приграничных территориях и успешного завершения процесса делимитации линии государственной границы,  также изучаются все возможные варианты взаимообмена участками на равноценной, равновеликой и равнозначной основе.  

Подробнее

Не секрет, что вот уже ни одно десятилетие, практически со времени распада Союза, Кыргызстан, раздираемый внутренними социально-политическими, местническими и клановыми   противоречиями, всё ещё не может по-настоящему встать на ноги. В то время, когда соседние республики, обретшие независимость практически одновременно, благополучно строят свои национальные государства и развивают экономику, Кыргызская Республика всё ещё топчется на месте, залатывая дыры на обветшалом наследии прошлого, донашивая то, что досталось ей от советских времён. Ситуацию усугубляют многочисленные «тюльпановые революции», расшатывающие страну.  

Подробнее

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд