mt3.org

МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

(Дар партави Паём)

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро зуҳуроти зиддиинсонии терроризм ва ифротгароии динӣ ба ташвиш оварда, он ба яке аз падидаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро натиҷаҳо нишон доданд, ки амалҳои иғвогарона ва тундравонаи ташкилотҳои террористӣ ва баъзе аз кишварҳои манфиатдор ба амнияти миллӣ ва давлатии баъзе аз кишварҳои ҷаҳон пайомадҳои ногуворро ба бор оварданд. Тайи солҳои охир падидаҳои ҷаҳонишавӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, дар байни халқу миллатҳо муносибатҳои нисбатан нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шакл гирифта истодаро ба коми худ кашида истодааст.

Чуноне, ки маълум аст дар як қатор кишварҳои ҷаҳон муборизаҳои шадиди сиёсӣ алайҳи инсоният дар шакли ҷангу низоъҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани масъалаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Тайи солҳои охир оид ба пайдоиши амалҳои террористӣ ва ифротгароии динӣ як қатор асару мақолаҳои илмӣ ба нашр расидаанд. Ҷомеаи Тоҷикистон, низ дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ муваффақ буда, дар ин миён як қатор корҳои ташвиқотию таблиғотӣ ва тадқиқотҳои ҷолиби диққатро ба анҷом расониданд. Муборизаи идеологӣ бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли густариш қарор дошта, натиҷаҳо ва бардоштҳои он тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дода истодаанд, ки сафи ихлосмандон ва ҷонибдорони ин вабои аср коҳиш ёфта истодааст.

Муборизаи қатъии сарони кишварҳо низ алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ мустаҳкам буда, ҷанги мафкуравӣ нисбати ин падида дар шаклҳои мухталиф идома дорад.

Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри сипаришуда ба масъалаи терроризм ва ҳадафу мақсади он огаҳӣ дошта, тадбирҳои аввалини мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарафзоро тарҳрезӣ намуда буд. Чуноне, ки маълум аст, ҳанӯз соли 1999 бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул шуда буд. Қонуни мазкур аз солҳои 90-уми асри ХХ сар карда, зӯроварӣ, таҳдид ба шахсони воқеӣ, маҷбур кардан, нобуд сохтани амволи шахсӣ, давлатӣ ва объектҳои моддии шахсони воқеиро маҳкум мекард.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ, ҳануз дар соли 2015 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти пешгирӣ намудан аз амалҳои террористиву экстремистӣ таъкид намуда буданд, ки «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст». Воқеан тайи даҳсолаи охир ин падидаи номатлуб вазъи ҷомеаи ҷаҳониро халалдор намуда, инсониятро бо бархурдҳои мухталиф  рӯ ба рӯ намуда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи мардумии Тоҷикистон, пуштибони аслии миллати тоҷик ва тоҷикони бурунмарзӣ аз минбарҳои бонуфузи Созмонҳои байналмилалӣ алалхусус Созмони Милали Муттаҳид борҳо суханронӣ намуда, иброз намуда буд, ки террорист ватан, миллат, мазҳаб ва дин надорад. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм ва ифротгароии диниро бо дину мазҳаби ислом қатъиян маҳкум менамояд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ҳанӯз  22 декабри соли 2017 доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, доир ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ чунин гуфтаанд: «Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои терроризм ва террорист вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духурагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст».

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кушишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Бояд таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбарии хеш таваҷҷуҳи ҷомеаи башариро ба ин масъалаи ташвишовари ҷаҳонӣ ҷалб намуда, даъват ба амал меовард, ки терроризм ба дини мубини ислом ягон алоқамандӣ ва ҳамбастагӣ надорад. Ин ишораи сарвари давлат пеш аз ҳама ба он равона гардида буд, ки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм дар аксар мавридҳо таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани ислом сабаб мегардад. Дар натиҷа, ба таъбири сарвари давлат: «Аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд»

Дар робита бо ин таъкидҳои Пешвои миллат имрӯз ҳар кадоми моро зарур аст, ки ба масъалаи мавриди назар муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем ва аз пайвастани ҷавонони ноогоҳ ва дигар қишрҳои гумроҳи ҷомеа ба ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҷилавгирӣ намоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини амнияти устувор барои пешгирӣ ва ҳарчӣ зудтар решакан намудани терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҳамкориҳои судмандро бо Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба роҳ мондааст. Ин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ташаббуси башардӯстонаи роҳбарияти Тоҷикистонро ба мадди назар гирифта, моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи «Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез»-ро ба нақша гирифта, онро бо иштироки намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор намуданд.

Пешвои миллат доир ба муборизаи бошиддат бар зидди терроризми байналмилалӣ андешаҳои худро идома дода таъкид намуданд, ки: «Мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд».

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар соли 2021 бамаврид таъкид доштанд, ки: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Маҳз ба хотири бартараф намудани терроризм ва ифротгароии динӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшишҳои зиёд менамоянд. Дар ин росто, вусъат бахшидани мубориза ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботии идеологӣ барои фош намудани ҳадафҳои фоҷиабори гурӯҳҳои тундрав яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа ва давлат мебошад.

Дар замони муосир аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ, ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур ва муҳим аст.

Мудири шуъбаи идеология                                   Шоназаров Ш.

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд