Хабарҳо
05 Февраль 2021
Cанаҳои 4 ва 5-уми феврали соли 2021 бо иштироки аъзои узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Муминова Фирӯза Исроиловна ва ҳайати гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳайати устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Исомаддинов Ҷурабек, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Алимов Ботур ва устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Алашукуров Беҳзод ва раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯриҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Муминова Фирӯза баромад намуда, оид ба самтҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷистон, ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, ибрози андеша намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқотҳои баргузоргардида сокинон нуқтаҳои Паёми Пешвои миллатро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ қабул намуда, фикру андешаҳои баромадкунандагонро бо таваҷҷуҳ гуш намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи сиёсати хирандмандонаю сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат Истиқлолияти давлатӣ пойдор гардида, хоҷагии халқи кишвар рушд намуд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар ин давра бо роҳбарии Сарвари давлат се ҳадафи стратегии мамлакат татбиқ гардида, ҳадафи чорум яъне саноатикунонии босуръати мамлакат роҳандозӣ шуда истодааст.
Имрӯз дар саросари мамлакат корҳои ободонию созандагӣ вусъат гирифта, мардум бо мақсади истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро роҳандози намуда истодаанд.
Ҳамзамон оид ба зиёд намудани нафақаҳои маъюбӣ, идрокпулиҳо ва аз андози ягона озод намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ иқдомҳои иҷтимоиву инсонпарварона ва хайрандешонаи навбатии Пешвои муаззами миллат буда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд намудани сатҳи зиндагии мардум саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми мулоқотҳо ба саволҳои иштирокдорон аз ҷониби ҳайати гуруҳи тарғиботӣ посухҳои мушаххас дода шуд. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат идома дорад.




Ҳамдиёрони азиз!
Тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо иштироки аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан", устодону шогирдон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 13 ба номи устод Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ сараввал намоиши осори Пешвои миллат ва асарҳо доир ба фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ ба намоиш гузошта шуд. Сипас маҳфил бо қироати шеъру таронаҳо дар васфи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои шоиставу арзанда, фидокориҳо дар роҳи бунёди Тоҷикистони навин аз ҷониби сарвари маҳбуби халқ ба самъи ҳозирин расонида шуд.




