Хабарҳо
08 Июль 2020




Дар бинои Қасри фарҳанги “Зафар” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияи соҳахои хоҷагии халқи ноҳияи Зафаробод давоми шаш моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода Маҳмуд Ширинҷон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Вализода Аъзам ва раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ иштирок намуданд.
Маҷлис аз рӯи як масъала натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия баргузор гардида, вобаста аз натиҷаи фаъолият муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо пурсида шуданд.
Ҳамчунин ба масъулон дар давраи минбаъдаи фаъолият дастурҳои мушаххас дода шуд. Қайд гардид, муҳимтарин вазифаи ҳар як шаҳванди ноҳия татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, амалисозии дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти бузург дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ мебошад.
Другие статьи...
- Рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар ҷойҳои ҷамъиятии ноҳияи Зафаробод
- Корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи радиои маҳаллии ноҳияи Зафаробод
- Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Комендатураи сархадии Зафаробод оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19)
- ВАҲДАТ ДАСТОВАРДИ НОДИРИ МИЛЛИСТ





Ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии Covid 19 кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботчиёни МИҲД- и ноҳия ва Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим ба кӯчаву бозорҳои марказии ноҳия ташриф оварда аз қоидаҳои беҳдошт сокинонро огоҳ намуда, риояи қатъии қоидаҳои зиддиэпидемиологиро таъкид намуданд.
Вобаста ба дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гурӯҳи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод, дар ҳайати раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Туйғун Шарифзода, муовини раиси КИ ҲХДТ Рузибой Ашуров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия
Санаи 6 июли соли 2020 гурӯҳи муштараки тарғиботӣ дар ҳайати кормандони шуъбаи рушди иҷтимоии МИҲД- и ноҳия, Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, бахши



