mt3.org

 

Санаи 1-уми июли соли 2020 дар бозори Бадахшони ноҳия аз тарафи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азизова Р. ва мудири маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Холбекова М. оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ба аҳолии ноҳия оид ба пешгирии пайдошавии бемории сироятии коронавирус «COVID-19» аз он ҷумла, назорати риояи бечунучарои қоидаҳои беҳдоштӣ, худдорӣ кардан аз мулоқоти наздик ва тамоси бевосита, бахусус дар миёни занон, инчунин тозагию озодагиро дар ҷомеа ба роҳ мондан фаҳмонида дода шуд.

 

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд