mt3.org

 

«Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошад. Мову шумо бояд бо меҳнати ҳалол, ақлу хиради солим, донишу таҷрибаи пешрафта душвориҳои имрӯзаро паси сар намоем ва Тоҷикистони азизи худро ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи олам расонем».

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдат на танҳо калимаи софу гуворост. балки оромиши қалб ва рӯҳу ҷон инсон аст. Дуруст аст, ки дар роҳи ба Ваҳдати комил расидан халқи бузурги тоҷик ҷоннисориҳои зиёде дида, бо аҷнабиёни гуногун рӯ ба рӯ гаштааст. Дар тӯли таърих ин халқи сарболо ба рағми ҷоҳилиҳои замон боз ба ҳам омада соҳиби ваҳдату давлати миллӣ гардид.

Миллати тоҷик дар тӯли таърих бобати пойдории асолати миллӣ роҳи муборизаи хешро ҳеҷ гоҳ тарк намекард. Қаҳрамониҳои Спитамен ва муборизаи ӯ зидди истилогарони юнону мақдуниҳо, муборизаи беамони Темурмалик ва зиддияти ӯ бар муқобили муғулҳои вар-вар, Маздак ва муборизаи ӯ бар зидди бодиянишинони араб ва чандин сарсупориҳои фарзандони миллати тоҷик далели гуфтаҳост.

Дар мавзӯи ваҳдату корнамоиҳо ва роҳи ба даст овардани он олимону нависандагон манбаҳои дақиқу мушаххасро рӯи чоп овардаанд. Аз ҷумла асари пурмӯҳтавои профессор. таърихнигори барҷаста Усмонҷон Ғаффоров «Анҷумани саодати миллат», ки бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардидааст, ба хонанда дарки арзиши ин неъматро водор месозад. Зеро ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пеши назар омада, эҳсоси нангу номуси ватандорӣ дучанд мегардад. Суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар иҷлосия, ки аввалин муроҷиатҳо дар сохтори Тоҷикистони навин муаррифӣ гардид, имрӯз дар саҳфаи таърихи миллат чун эъломияи давлатсозӣ боқӣ мондааст. Бояд зикр намуд, ки моҳияти аслии муроҷиат ба созишу ваҳдат омадан буд.

Бо ба даст овардани ваҳдати комил Тоҷикистони соҳибистиқлолро тамоми дунё шинохт. Фаъолияти созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон оғоз гардида, сиёсати сулҳпарваронаи моро пуштибонӣ намуданд. Зиёдтар аз ҳама Ваҳдати миллӣ алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуд. Сокинони кишвар ба зиндагии арзанда умед бахшиданд.

Роҳбари ҷонфидои тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдати саросарӣ ҳамаи тадбирҳои аввалиндараҷаро меандешиданд. Чунки ваҳдати комил бо осонӣ ба даст наомада буд.

Пешвои миллат Аз минбарҳои бонуфӯз ба ҷаҳониён муроҷиат намуда, тоҷикон аз қадим соҳиби давлат, тамаддун ва фарҳанг буданро муаррифӣ менамуданд. Хиради азалии ин халқу сарвари он ғолиб омада, ҷаҳониён соҳибдавлативу истиқлолият ва ваҳдати тоҷиконро эътироф менамуданд.

Тоҷикистони навин бо роҳи ваҳдату ягонагӣ ва бо мақсадҳои созанда ба сӯи фардои дурахшон гом мебардошт.

Месазад, ки насли минбаъда оиди аҳамияти таърихии имзои ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат-Ваҳдат маълумоти васеъ дошта бошанд. Зеро Тоҷикистон ягона давлате буд, ки ҷанги шаҳрвандии он бо сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷом пазируфт. Ин таҷриба ва сабақи таърихест ба кишвархое, ки заҳри талхи ҷангро мечашанд.

Имрӯз, ки сокинони мамлакат дар татбиқи ҳадафҳои созандаи кишвар баҳри зиндагии шоиставу сазовор фаъолона меҳнат мекунанл, месазад, дар айёми ҷашни Ваҳдати миллӣ арзишу манзалати ин ҳаҷҷати сарнавиштсозро ёдовар шавем.

Маҳз Ваҳдат буд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизи моро бо арзишҳои олии адолатпарвариаш бишнохт.

Маҳз Ваҳдат буд, ки имрӯз зани тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёт паҳлуи мардон дар набардҳову касбу кори гуногун машғул аст.

Агар Ваҳдат намешуд аз куҷо кӯдакони мо дар фазои орому осуда хандаҳои беолоиш мекарданд.

Маҳз Ваҳдат аст, ки модари тоҷик бо дили пур ҷигарбандашро ба хидмати Модар-Ватан фиристода, ҷиҳози домодӣ омода месозад. .

Агар Ваҳдат намебуд чи гуна мо таҳсилро дар мамлакатҳои хориҷа давом медодем?

Воқеан сипозгузор аз марди хиради аср - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд буд. Зеро хираду ҷонфидоиҳои ин қаҳрамони миллат халқи парешро аз нав якҷо намуд, Кӯдакони аз модар ятиммондаро соҳибӣ кард. Киштии ғарқшудаистодаи миллатро ба соҳили умед расонид. Баҳри ҳифзи якпорчагии миллату давлат ҷонашро сипар кард. Бо гурӯҳи мухолифин бе ягон дудилагиву тарс барои ҳалли мушкилии Тоҷикистон ва сарҷамъ намудани халқи тоҷик ба тамоми гуфтушунидҳо розигӣ дод. Ҳамин буд, ки дар натиҷаи талошҳои шабонарӯзиаш халқи азияткашидаро ба Ваҳдати комил бирасонид. Ғурури ниёгонамонро побарҷо нигаҳ дошт.

Мо тоҷикем- асилзодаем барои расидан ба Ваҳдати миллӣ, ки ҳануз гузаштагони мо орзу мекарданд, расидем, бояд онро ҳифз намоем, бегазанд пос дорем. Хатоҳои таърихро бисёр шунидаему дидаем. Набояд гузорем ки онҳо такрор ёбанд.

Агар ба умқи таърихи халқи тоҷик назар афканем бештари ҳол аҷнабиён ба хоки мо ҳуҷум мекарданд, имрӯз бошад аз худи хуни тоҷик баҳри расидан ба ҳадафҳои нопок ва якпорчагии Тоҷикистонро тилисм намудан кӯшишҳо намуда истодаанд.

Бинобар ин мо шаҳрвандони комилҳуқуқи ҷумҳуриро зарур аст, ки ҳисси ватандӯстиамон нисбати ин марзу бум кам нагардад, ғурури миллӣ дошта бошем, нанги ниёгонаморо доро бошем, нагузорем ки нафаре аз нохалафону нотавонбинони миллати тоҷик ба хоки мо ҳуҷум кунад ва тинчиву оромии моро халалдор намояд.

Шукргузор аз ин Ватан бояд буд ва фардои Ватанро бояд сохт. Чунки мо соҳибватанем. Зери парчами ваҳдат бошем то истиқлоли хешро ҳифз намоем ва ба дасти насли оянда бо сари баланд бисупорем.

Дилбари Илҳом - узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд