mt3.org

Хабарҳо

Шукри Худованди мутаъол, ки имрӯз ватани  азиз ва биҳиштосоям Точикистон, бо рохбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, соҳиби хиради худодод Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Рахмон, рӯ ба беҳбуди ниҳода дар катори мамлакатхои пешрафтаи чаҳон чой гирифта истодааст. Ин аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дарак медихад. Онҳое, ки ҳодисаxои солҳои навадумро бо чашми сар диданду дар хотир доранд ба қадри ваҳдат бештар мерасанд. Акнун имрӯз мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. Ҳеҷ кас ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромӯш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Мутаасифона, имрӯз баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ бо истифода аз номи поки дини ислом мехоҳанд бори дигар моро ба вартаи ҷудоӣ ва тафриқа андозанд.                                                                                         Борҳо шоҳиди он мешавем, ки одамон бо дин ва ақидаҳои динии мардум бозӣ мекунанд. Садоҳое шунида мешаванд, ки гӯё маҳз роҳбарон ва пайравони ҳизбу ҳаракатҳои ба ном  исломӣ буданд, ки ба тоҷикон сулҳ оварданд – «қаҳрамони миллат», «қамхорони мардум», «модарону падарони миллат»! Аммо дар асл масъала тамоман дигар буд. Имрӯз ошкор гардид, ки шуълаи ин ҷангро кӣ афрӯхт. Аввалан ҷонфидоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тоҷиконро сари як миз овард ва дар натиҷаи кушишҳои зиёд қарордоди сулҳ ба имзо расид. Сониян ноилоҷӣ ва парокандагии гурӯҳҳои мухолиф буд, ки баъд аз куштори мардум, муқобили якдигар бархоста, ҷангҳои дохилиро оғоз намуданд. Дар натиҷа дастаҳои ғоратгари собиқ мухолифини тоҷик пайдо шуда, ба талаву тороҷ  ва куштори мардуми осоишта пардохтанд.                                                 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи талхе, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузаронид, азияту фоҷеаи мардуми ҷангзадаи Сурия, Яман, Либия, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳоро ба таври амиқтар эҳсос мекунад. Бахусус ҳангоме, ки ашхос ва қувваҳои бадхоҳи манфиатҷӯ ба монанди Кабирӣ бо суистифода аз боварҳои динии мардум мехоҳанд мақсадҳои нопоки хешро дар кишварҳои мусулмоннишин амалӣ намоянд оқибати он фоҷеабор аст.                                           Расулуллоь (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Дар охири замон гурӯҳе пайдо мешаванд, ки наврасида, навҷавони камақл ва камфаҳманд. Беҳтарин суханҳоро мегӯянд ва Қуръон мехонанд, вале аз гарданашон поёнтар таҷовуз намекунад. Ба иллати сахтгирӣ ва тундравӣ аз дин хориҷ мешаванд, ҳамчунон, ки тир аз камон хориҷ мешавад…» Имрӯз ин гуна шахс Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мебошанд. Бузургони мо фармудаанд: «Парҳез аз он магас ки бо мор нишаст» Он магас Кабирӣ ва пайравонаш мебошанд, ки бояд мо имрӯз аз он парҳез кунем ва ба суханҳои аҳмақонаи онҳо бовар накунем ва ҳар як каф хоки ватанро ҳифз намоем.

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии МИҲД ноҳияи Зафаробод

https://www.youtube.com/watch?v=fgNraE6KlKs

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар филме бо номи «Решаҳои ноаён» ба намоиш гузошта шуд, ки намоишномаи мазкур фаъолияту кирдорҳои ғайриинсонона ва нақшаву ниятҳои ғаразонаи роҳбарону аъзоёни хизби мамнуъ эълоншудаи ТЭТ ҲНИТ-ро инъикос мекард. Баъди тамошои ин филм имрӯз бори дигар шоҳид гардидем, ки Кабирӣ ва дигар роҳбарону аъзоёни ТЭТ ҲНИТ дар асл  кӣ буданд ва аз Тоҷикистону мардуми кишвар чӣ мехостанд. Яъне онҳо аз баҳри сарвату боигарӣ Ватан, давлат, халку миллати хешро фурухта хоини миллат гардиданд.                                                                                                                               Инчунин аз филми мазкур ба хусола омадем, ки кишвари ба ном дӯсту бародар бо Тоҷикистони азизи мо  Ҷумҳурии исломии Эрон дар асл асосгузору поягузорӣ ТЭТ ҲНИТ ва тамоми бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандие, ки зиёда аз 200 ҳазор хуни ноҳак рехта шуду то ба имрӯз аз даму нафаси мардум нарафтааст, буда ҳамеша талош намудааст, ки бо воситаи роҳбарону аъзоёни ТЭТ ҲНИТ оромиву осудагии тоҷиконро халалдор сохта, мардуми кишварро ба шиагороӣ роҳнамоӣ созанд. Аз ин рафтори онҳо маълум мешавад, ки онҳо ҳоло ҳам аз паи пиёда намудани нақшаҳои худ буда бо воситаи ғуломони худ, Кабирӣ ва дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИТ  аз хориҷ истода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  ба сӯи Тоҷикистону мардуми кишвар санги маломат мепартоянд.                                                 Бо вуҷуди ин қадар хиёнатҳову амалҳои зиште, ки наҳзатиён дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ карданд, боз ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо онҳо созиш намуданд, сулҳ баста онҳоро ба Ватан баргардонданд. Имрӯз бошад ба ин ҳама ғамхориҳову дастгириҳои Пешвои муаззами миллат шукр накарда мисли кӯрнамак боз мехоҳанд, ки дар кишвар табаддулотро ба миён оранд.             Дар охир аз ҳамаи амалҳои Кабириву наҳзатиён хулоса карда гуфтан мумкин, ки ба онҳо бовар намудан хатост. Зеро онҳо ба ихтиёри худ нестанд, балки бозичаи дасти душманон ва бадхоҳони ин миллати тоҷик ва ин давлат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ин миллат ва ин давлат рушд кунад ва тинҷу ором бошад.

 

Боймуродов Фирдавс,                                                                                                                     мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита                                                                                     бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатии ӯ ҳаргиз ба мавҷудияти  ҳеҷ арзише болотар аз манфиатҳои мазҳабиву гурӯҳиашон қоил набуданд нахоҳанд буд. Кабирӣ ҳар гоҳ дар бораи мардумсолориву демократия ва ҳуқуқу озодиҳои мардуми Тоҷикистон ҳарф мезанад, яқинан риё меварзаду дурӯғ мегуяд.  Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дурру наздик нишон медиҳад, ки ТЭТ ҲНИТ ба таври комил дастпарвардаву дастнишондаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва соҳиб шудан ба боигарӣ ва сарватҳои табии кишвар мебошад.

Ҳеҷ гоҳ бо ин роҳи интихобкардааш ба мақсад намерасад. Сокинони Тоҷикистон имрӯз аз хурд то бузург ки будани Кабириро фаҳмиданд, мақсадҳои нопоки хоинонаи уро дарк намуданд ва дигар бозичаи дасти ТЭТ ҲНИТ намешаванд. Шукри Худованди мутаъол, ки имрӯз ватани  азиз ва биҳиштосоям Точикистон, бо рохбарии Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, соҳиби хиради худодод Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, рӯз то рӯз ба худ симои нав гирифта, мардумаш дар фазои озоду ором зиндагӣ карда истодаанд.  Пайравони дини мубини ислом озодона тоату ибодат ва тавбаю надомати худро ба ҷой оварда истодаанд.  Пешвои муаззами миллат ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ ки санаи 12.05.2018 сол баргузор гардид дар суханронии худ таъкид ба таъкид оид ба зиракиву ҳушёрӣ, таълиму тарбияи фарзанд дар роҳи ватандориву ватандӯстӣ ибрози ақида намданд. Албатта дури ҷустан аз хоинони ватан ба монанди Кабирию ҳаммаслаконаш асоси сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад.

Аммо ин неъматҳои худодод дастпарвари бегонагон собиқ раиси ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ноором карда истодааст ва намедонад чун саги сузанхурда сарашро ба куҷо занад ва аз ки мадад ҷуяд.   Ҳоло у ҳамчун беватан, дар ба дари хоҷагони хориҷиаш гашта чун талбандаҳо умр ба сар бурда истодааст. Хизмати хирсонаи ҳамон хоҷагони хориҷӣ буд, ки солҳои 90-ум сокинони кишвар ба хуну хок оғушта гардида буданд. Оё ҳамон фоҷеаҳо ба Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дарси ибрат нашуд.

Ҷаноби Кабирӣ беҳуда сарсону саргардон шуда ғуломи ҳалқабардуши хоҷагони хориҷӣ нашав, аз паи зиндагиат шав. Ҳафт пушти гузаштагонат пайравӣ мазҳаби Ҳанафӣ бубанд. Чи гуна ту мазҳаби ғайрро ба худ қабул мекуӣ? Ҳеҷ гоҳ сокинони кишвар он хиёнатҳое, ки нисбат ба давлату миллат, нисбат ба ватану модар кардӣ намебахшад. Имрӯз ва оянда дар назди давлату миллати худ ҳамчун хиёнаткор, хоини ватан, ватанфурӯш, беор, беномус боқи мемонӣ.  Мо аз ин гуна ашхос, ки дилу нияти нопок дорад ҳазар мекунем.

Худоё шукрона ба даргоҳат, ки  маро ба роҳи рост ҳидоят кардӣ ва бародарони маро низ хидоят бикун, мамлакати биҳиштосоямро боз зеботар гардон ба Пешвои муаззами миллат баракоти умр обруву эътибори чаҳониро арзонӣ бигардон.

Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии МИҲД ноҳияи Зафаробод

РАИСИ НОҲИЯ

АШУРЗОДА РАҶАБ РЎЗӢ

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд